Доробқалъа аз самти ғарб

Доробӣ, Доровӣ, Қалъаи Доробӣ, Доробқалъаёдгории бос­то­нӣ дар қисми шимолу шарқи ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ ва деҳаи Дороб.

МушаххасотВироиш

Доробӣ теппаи дарозрӯяи махрутшакл буда, баландиаш 9–10 м, дарозии сатҳи поинӣ 78 м, паҳноӣ 34 м, дарозии қисмати болоӣ 50 м ва паҳноиаш 12 м аст. В. В. Бартолд қалъаи Доробиро ба харобаҳои шаҳри Илок мансуб донистааст. Аммо масофаи байни Вашгирд ва Илок, ки дар осори ҷуғрофию таърихӣ якрӯза роҳ муайян шудааст, ба масофаи байни Вашгирд ва қалъаи Доробӣ (тақр. 13–15 км) мутобиқат намекунад. Аз тарафи дигар қалъаи Доробӣ аз роҳи тиҷоратӣ дар канор буд. Аз Вашгирд дар масофаи якрӯза роҳ шаҳраки ҳозираи Оби Гарм ҷойгир аст, ки шояд бо Илоки асримиёнагӣ як бошад. Ёдгории бостонии Доробӣ то ҳол ҳафр нашудааст. Бос­тоншиноси тоҷик Ю. Яъ­қу­бов пас аз пайдо кардани сафолҳои сирдори давраи Сомониён аз атрофи қалъа, тахмин кард, ки асрҳои 9–10 дар ин мавзеъ корвонсарой вуҷуд дошт.

НигористонВироиш

Ҳамчунин нигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Довудӣ Д., Қурбонзода Ф. Вашгирд ёдгори бостон. Д., 2005.