Юсуфшоҳ Яъқубов

(Тағйири масир аз Юсуфшо Ёқубов)

Юсуфшо Ёқубов — доктори илми таърих (1988), профессор. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶТ (2017).Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999).[1], академики Академияи илмҳои ҶТ (2017).

Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ
Юсуфшо Ёқубов
Юсуфшо Ёқубшоҳ Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ
Юсуфшо Ёқубшоҳ Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ
Таърихи таваллуд 16 ноябр 1937(1937-11-16) (86 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома

вироиш

Юсуфшо Ёқубов16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи деҳқон Ёқубшоҳи Муборакшоҳ ба дунё омадааст. Солҳои 1945-1952, мактаби ҳафтсолаи деҳаи мазкурро хатм намуда, солҳои 1952-1954 таҳсилро дар мактаб-интернати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯробод ва синфи даҳумро дар интернати шаҳраки Кангурти ноҳияи Данғара хатм намуд. Соли 1955 ба шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил мешавад. Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ Соли 1960, баъди бомуваффақият хатм намудани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо ба кор даъват шуда, ба ҳайси сарлаборант ба пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент фиристонида мешавад. Солҳои 1960-1963, ба ҷуз экспедитсияи Панҷакент дар ковишҳои бостоншиносонии гурӯҳҳои Б. А. Литвинский дар Аҷинатеппа, Ҳулбук, гӯристонҳои асри биринҷи Фархор Вахш, Б. Я. Ставиский Моғиён ва Н. Неъматов Шаҳристон, Уротеппа, Симғори Хуҷанд, Ашт ширкат намуд. Солҳои 1963-1966 аспиранти шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо буд. Соли 1964 барои мавзӯи номзадӣ ба ковишҳо дар ёдгориҳои Гардани Ҳисори назди деҳаи Мадм ва қалъаи Куми деҳаи Кум буда, машғул мешавад. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои зикршуда ва сарчашмаҳои хаттии суғдӣ, форсию арабӣ рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Паргар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ» навишта, онро 15 январи соли 1970 дар Шӯрои Институти Шарқшиносии АИ Россия бомуваффақият дифоъ менамояд. Аз соли 1970 то соли 1986 ходими калони илмии шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ кору фаъолият менамояд. Дар натиҷаи ҳафриётҳои тулонӣ, бори нахуст дар таърихи Суғд, умуман Осиёи Марказӣ деҳаҳои хуб боқимондаи асрҳои VI- VIII мелодӣ Гардани Ҳисор ва Кум комилан кофта шуданд ва дар асоси маводи нодири ба даст омада ва боз 118 ёдгории дигари кашфшуда, рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Раннесредневековые сельские поселения Горного Согда” (Деҳаҳои ибтидои асри миёнаи кӯҳистони Суғд)-ро менависад. Аз солҳои 1986-1989 ба ҳайси ходими пешбари илмӣ дар шуъбаи бостоншиносӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1989 то соли 2011 вазифаи мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои ҶТ ба уҳда дошт. Соли 1991 аъзои вобастаи Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Соли 2017 Узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶТ интихоб шудааст. Фаъолияти омӯзгории Юсуфшо Ёқубов солҳои 1971-1997-ро дар бар мегирад. Соли 2015 бо даъвати декани факултети таърих, дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дубора фаъолияти омӯзгории худро то ба имрӯз идома дода истодааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Юсуфшо Ёқубов соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Деҳаҳои ибтидои асрҳои V-VIII мелодӣ Кӯҳистони Суғд ва масъалаи ташаккули феодализм дар Осиёи Миёна” бомуваффақият ҳимоя мекунад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ монографияи “Тоҷикон” дар мавзӯи этногенез навишта шуд (1994) ва соли 1999 бо таҳрир бо номи “Тоҷикшинос” чоп шуданд. Соли 1996 рисолаи бунёдии “Религия домусульманского Согда” (Дини қадими Суғдҳо)-ро менависад. Соли 2001, ба муносибати ҷашни 3000-солагии тамаддуни “Авесто” китоби “Гоҳномаи Авесто”-ро бо тасвири фариштагони 30 рӯзи моҳ пешкаши хонандагон менамояд. Соли 2000-ум китоби дарсӣ “Таърихи халқи тоҷик” замони Ориёиҳоро барои мактабҳои маълумоти миёна менависад. Солҳои 1997-1999 сардори экспедитсияи якҷояи Тоҷику Олмон дар бахши омӯхтани конҳои қадими миси Зарафшонро ба уҳда дошт. Ӯ кашофи деҳаи асри биринҷӣ дар баландии 3200 м ва даҳҳо конҳои истихроҷи мис дар кӯҳҳои Мушистон мебошад. Соли 1998 дар қалъаи Ҳисораки Мастчоҳ ҳафриёт гузаронида, дар дижи шоҳ як толори мураббаи 10 х 10 м ва маъбади оташро кашфу таҳқиқ намуда, аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин ёдгориро барасӣ кард.

Дар тули 56 соли корияш дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 рисола ва зиёда аз 700 мақолаҳои илмӣ дар нашриётҳои мухталиф ба табъ расонидаст. Зиёда аз 20 мақолаи худро дар кишварҳои Фаронса, Дания, Олмон, Англия, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Полша ба чоп расонидаанд. Асари “Дини Суғдиён” соли 2006 дар Япония тарҷума шудааст. Соли 1996 аъзои Ҷамъияти Бостоншиносони Россия интихоб шудааст. Соли 1998 аъзои корреспонденти Институти бостоншиносии Олмон интихоб мешавад. Соли 1999 ба унвони «Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон» сарфароз мегардад. Дар муддати 56 соли фаъолияти кориаш дар Институт зиёда аз 120 ёдгориҳои ахеологиро кашф намудааст, ки дар миёни онҳо Гардани Ҳисор, Кум дар ноҳияи Айнӣ, Ҳисорак дар Масчо, маъбади оташ дар ёдгории Наврӯзшо, дар ноҳияи Панҷакент, шаҳраки Дарбанд дар ноҳияи Нуробод, Чоргул ва гӯристони сакоиҳои асрҳои IV-III п. м. ва V –VI мелод дар Лахш ва водии Рашт нодир мебошанд.

Бо ташабуси Юсуфшо Ёқубов 2700 солагии шаҳри Кӯлоб пешниҳод шуда буд. Ба ин муносибат, бо роҳбарии Юсуфшоҳ бошишгоҳи асри санг, давраи неолит, ёдгориҳои асри биринҷи Ғелот, харобаҳои шаҳраки асри VIII-I... то мелод, I-VIII, ХII-ХIХ мелоди шаҳри Кӯлоб кушода, таҳқиқ шуданд. Ба муносибати ҷашнвораи шаҳр зери роҳбарӣ ва ширкатии он китобҳои «История Куляба с древнейших времен до наших дней» муаллифон Ю.Якубов, Д. Довудов. Т.Филимонова, «Кӯлоб шаҳри қадиму шуҳратманд», муаллиф Ю.Яъқубов, Д. Довудов ва Зардиев А, «Хулбук – столица Хатлона», муаллиф Ю.Якубов, Э.Гулямова (2006) навишта ба табъ расонида шуданд.

Муҳаррир, ташкилкунанда ва муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳо дар Энсиклопедияи Кӯлоб мебошад (2006).

Солҳои 2008-2009 дар ёдгории Золи Зарди ноҳияи Фархор ҳафриёт намуда, онро боқимондаи шаҳри пеш аз исломии Андичароғ муайян мекунад.

Соли 2012 асари бунёдии “Давлати Каёниён”-ро пешкаши хонандагон менамояд.

Яке аз кашфиётҳои бузурги профессор Юсуфшоҳ дар соли 2012 харобаи шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвози Бадахшон мебошад.[2]

Юсуфшоҳ аз соли 2012 то 2013 сарварии гурӯҳи бостоншиносони тоҷикро дар Миси Айнаки Афғонистон бар уҳда дошт. Ӯ иштирокчии бисёр экспедитсияҳои байналмилалӣ аз ҷумла Роҳи Бузурги Абрешим мебошад ва бо медалли ЮНЕСКО барои ҳиссагузорӣ, дар бахши бостоншиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ сарфароз шудааст. Дар конференцияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ, симпозиумҳо марбут ба илми таърих, дин, бостоншиносии Осиёи Марказӣ, дар Афғонистон, Олмон, Русия, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ширкат ва баромад намудааст.

Яке аз муаллифони нашри навини асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад.

  • Ёдгориҳои болооби Зарафшон. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 64 с.
  • Паргар в VII-VIII веках нашей эры: Верхний Заравшан в эпоху раннего средневековья. – Душанбе: Дониш, 1979. – 216 с.
  • Гарданаи Ҳисор: Димнаи деҳаи асрҳои 7-8 дар қишлоқи Мадми ноҳияи Айнӣ // Энсиклопедияи советии тоҷик, 1980. – Ҷ. 2. – С.81.
  • Мухтаров, А. Путешествие в Согдиану / А. Мухтаров, Н. Негматов, В. Ранов, Ю. Якубов. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 132 с.
  • Тоҷикон: Пиромуни этногенез. – Душанбе, 1994. – 70 с.
  • Тоҷикшинос. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 112 с.
  • Таърихи қадими халқи тоҷик: Замони ориёиҳо. – Алмаато: Атамура, 2000. – 214 с.
  • Гоҳномаи Авесто. – Душанбе: Деваштич, 2001. – 96 с.
  • Маниши миллӣ. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 72 с.
  • Кӯлоб: шаҳри қадиму шуҳратманд. 2700 сол / Ю. Яъқубов, Д. Довудӣ, А. Зардиев. – Душанбе: ЭР-граф, 2006. – 100 с.
  • Ҳулбук пойтахти қадими Хатлон / Ю. Яъқубов, Э. Ғуломова. – Душанбе: ЭР-граф, 2006. – 68 с.
  • История Куляба с древнейших времен до наших дней. – Душанбе: Дониш, 2006. – 263 с.
  • Давлати Каёниён. – Душанбе: ЭР-граф, 2012. – 544 с.[3]

Адабиёт дар бораи Юсуфшо Ёқубов

вироиш

Нигаред низ

вироиш

Ҷоизаҳо

вироиш
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Ман дарвози нестам!
  3. Юсуфшо Яъқубов – маъруфтарин бостоншиноси кишвар. 21 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 Декабри 2017.