Элок

деҳа дар Файзобод
(Тағйири масир аз Илок)

Элок (форсӣ: ایلاک‎) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Аҳолиаш 2949 нафар (2010), тоҷикон.

Деҳа
Элок
38°39′41″ с. ш. 69°31′14″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Қалаидашт
Тақсимоти дохилӣ 5 маҳалла
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4 211 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3135
Элок дар харитаи
Элок
Элок
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иқтисод

вироиш

Деҳа як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти миёна, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, хонаи саломатӣ, 44 хоҷагии деҳқонӣ, 7 мағоза, 2 дорухона, сартарошхона, коргоҳи дӯзандагӣ, бустонсаро, хоҷагии колективии «Элок», осиёи обӣ, 2 осиёи барқӣ, сехи коркарди чубу тахта, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, гӯшаи деҳқон, автосервис, устохонаи оҳангарӣ, 2 толори варзишӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти шири ҶДММ «Суҳробҷон», масҷиди ҷомеъи марказӣ, масҷиди панҷвақта дорад.

Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, кадупарварӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

 
Боғи себ

Маҳаллаҳо

вироиш
Маҳаллаҳои деҳаи Элок
Маҳалла Аҳолӣ
Элоки Калон
Элоки Боло
Элоки Поён
Гулихайри Боло
Гулихайри Поён

Таърих

вироиш

Шаҳри Элок (Илок) дар масофаи як рӯза роҳ дар шарқи Вашгирд воқеъ буд ва Истахрӣ онро охирин шаҳри Вашгирд дар марзи Рошт гуфтааст. Ҳоло яке аз деҳаҳои ноҳияи Файзобод ва ҳам рӯде, ки аз ҳудуди ин ноҳия гузашта ба дарёи Кофарниҳон мерезад, Элок ном доранд. В. В. Бартолд вайронаҳои истеҳкоми Қалъаи Даштро макони шаҳри асримиёнагии Элок мешуморад. Дар харитаи садаи XIX-и ин мавзеъ дар шимолу шарқи Файзобод, миёни ин ноҳия ва Оби Гарм маҳалле бо номи Элокдара сабт шудааст, ки эҳтимол маҳалли аслии Элоки асримиёнагӣ дар он воқеъ бошад.

Мақбараи Шайх Абдураҳими Давлат ва Масҷиди ҷомеъи марказии ноҳияи Файзобод дар ҳамин деҳа ҷойгир аст.[1]

Афроди шинохта

вироиш

Пирони тариқати нақшбандия Ҳазрати Бузургвор, Эшони Шайх, Махдуми Зубайдуллоҳ; собиқ муовини Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Домулло Маъруфҷон Раҳимзода, сархатиби Масҷиди марказии «Яккачинор»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эшони Ҳамдулло (Раҳимов), сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Файзобод Эшони Қори Носир; адабиётшинос Боймурод Шарифзода, доктори илмҳои филология Муҳриддин Низомӣ, номзади илмҳои фалсафа Файзалӣ Аминов, номзади илмҳои иқтисод Исмоил Бобиев, номзади илмҳои физика ва математика Афзалшоҳ Зарифзода; олимони ПРМ Салоҳуддин Амонӣ, номзади илмҳои педагогика Сайфиддин Камолзода, Қурбоналӣ Зиёев; номзади илмҳои иқтисод, раиси Шурои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Забҳулло Нуруллоев; шоир Усмон Шарифзода, сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» Хӯҷаназари Аминиён ва ҷонишини сармуҳаррири СИ ЭМТ Неъматулло Акбаров аз шахсиятҳои маъруфи деҳа ба шумор меоянд.

Иштирокдорони ҶБВ

вироиш

Аз деҳаи Элок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нафарони зиёде ширкат доштаанд, аз ҷумлаи онҳо Абдуллохон Фатҳуддинов, Одинахуҷа Зиёев[2], Бобӣ Раҳимов, Достӣ Садруддинов, Абдулҳай Муҳиддинов, Аҳмадхон Фатҳуддинов, Сабур Зукуллоев, Сафар Аминов, Ҳикматулло Абдуллоев ва дигарон мебошанд.

 
Манзараи умумии деҳаи Элок

Нигористон

вироиш

Ҷусторҳои вобаста

вироиш
  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
  2. Убайдулло РАҲИМОВ. ҚИССАИ ҚАҲРАМОНИ 103-СОЛА. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 7 июни 2017 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш