Секуляризм

(Тағйири масир аз Дунявият)

Секуляризм, дунявият, гетигароӣ — мафҳумест, ки тибқи он ҳукумат ва дигар сарчашмаҳои волоияти қонун бояд аз ҳар як намуди дин ҷудо бошанд. Аз як тараф, дунявият метавонад маънои озодӣ аз қонунҳо ва таълимоти динӣ ва набудани маҷбурӣ ба эътиқоди диниро аз ҷониби давлат ва ҷомеа дошта бошад, ки бояд дар масъалаҳои дин бетараф бошанд. Аз тарафи дигар, дунявият метавонад мафҳумеро дар назар дошта бошад, ки фаъолияти одамон, бахусус фаъолиятҳои сиёсӣ, бояд ба далелҳо ва исботҳо асос ёфта, бинобар дахолати динӣ бетараф бошанд.

Дунявияти ҳозира аз аъмоли файласуфони қадим монанди Эпикур ва Марк Аврелий, аз осори исломиёни асримиёнагӣ ва мутафаккирони Аврупо (Ибни Рушд, Марсилий Падуанский), файласуфони давраи Маърифатнокӣ (Дидро, Волтер, Ҷефферсон) асос меёбад.

Дунявиятро набояд бо атеизм ва бепарвоӣ (индифферентизм) омехт. Раванди дунявиятро аксар вақт секуляризатсия (дунявигардонӣ) меноманд.

Сабаби пайдоиш

вироиш

Боварӣ доранд, ки «шарҳи илмии падидаҳое, ки замоне ба нерӯҳои ғайритабиӣ нисбат дода мешуданд» ва «аз байн бурдани таъсири дини муташаккил» аз чунин соҳаҳои фаъолияти инсон, аз қабили тиб, маориф ва санъат, ба дунявият такон бахшид. Илова бар ин, ақидае мавҷуд аст, ки такони ниҳоии рушди босуръати дунявият худи калисоҳои эътирофшудаи масеҳияти мебошанд. Якчанд диншиносони Амрикои Лотинӣ бо омезиши католисизм ва марксизми инқилобӣ теологияи озодихоҳиро инкишоф доданд.

Фаронса

вироиш

Дунявият дар Фаронса аз асри XVIII дар солҳои мубориза бо бартарияти калисои католикӣ сар мезанад . Принсипи дунявият дар Конститутсияи Фаронса сабт шудааст. Аз охири асри XVIII таълими дин дар синфҳои ибтидоӣ манъ карда шудааст . Санади соли 1881 ҳуқуқи куфрро муқаррар кард . Дар аввали асри XXI дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мактабҳо, пӯшидани рамзҳои динӣ, аз қабили салибҳои азими масеҳӣ, кипҳахои яҳудӣ ва рӯймолҳои мусалӣнон манъ аст .

Дар робита бо куштори Самуэл Патӣ аз ҷонибӣ террорист, вазири маорифи Фаронса Жан-Мишел Бланке дунявиятро синоними озодӣ ва асоси арзишҳои асосии Ҷумҳурии Фаронса, аз қабили озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ номид.

Британияи Кабир

вироиш

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Бритониёи Кабир «дар асри 19 тақрибан ҳамаи ҷуфти издивоҷӣ ба никоҳи калисоҳо асос ёфтаанд», аммо дар соли 1971 танҳо 60 % ҷавонон дар калисо ва дар соли 2000 — танҳо 31 % дар калисоҳо издивоҷ карданд.

Адабиёт

вироиш