Деҳоти Сомон

(Тағйири масир аз Ҷамоати Сомон)

Ҷамоати деҳоти Сомон — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Маҳалли аҳолинишин
Сомон
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Ноҳияи Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 28029 тан
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Ҷамоати деҳоти Сомон (собиқ Хонақоҳ), ҷамоати деҳот дар ноҳияи Ҳисор воқеъ аст. Соли 1929 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш 28029 нафар, 3011 хоҷагӣ дорад.. Дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода дар масофаи 6 км аз маркази ноҳия, марказаш дар деҳаи Шӯроби Афғон. Ҷамоат аз шар. бо Ҷамоати деҳоти Навобод, шаҳри Ҳисор, Ҷамоати Деҳқонобод аз ғ. бо ноҳияи Рӯдакӣ, аз шим. бо Ҷамоати Алмосӣ ва ҷ. бо Ҷамоати Дурбат ҳамсарҳад аст. Масоҳати замини ҷамоат 3642,36 га буда, аз он 1564 га заминҳои кишоварзӣ, 610,28 га замини наздиҳавлигӣ, 74,88 га ёрирасон мебошанд. Заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ 696,6 га мебошанд, ки аз он 464,3 га заминҳои обӣ ва 232,3 га лалмӣ мебошанд. Дар ҳудуди ҷамоат хоҷагиҳои кишоварзии «Ватан», «15-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», хоҷагии ёрирасони ҶСШП «Корвони аср» ва 200 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ҳудуди ҷамоат деҳаҳои Гулрез (собиқ Чептураи Боло), Хирманак, Дучинора, Истиқлол, Ғайратобод, Афғонобод, Кӯчабоғӣ, Шӯроби Искандар, Нурафшон (собиқ Шӯроби Поён), Чаманистон, Обшорон, Боғистон (собиқ Тула), Мортеппа ва Чашмасор (собиқ Бешбулоқ) мавҷуд аст. Дар ҳудуди ҷамоат 8 мактаби миёна, 4 мактаби асосӣ, 2 мактаби ибтидоӣ, литсейи «Ҳотам ва ПВ», мактаб- интернати полимелит, маркази фарҳангию фароғатӣ, 2 китобхона, 5 маркази саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 6 корхонаи кокарди чӯб, корхонаи таъмири пойафзол, 10 осиёбу ҷувоз, 4 корхонаи хиштбарорӣ, масҷиди ҷомеъ, 28 масҷиди панҷвақта ва зиёда аз 40 мағозаю дӯкон мавҷуд аст.[1]

Деҳаҳои ҷамоат вироиш

Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2015)
Гулрез (деҳа)
Хирманак
Дучинора
Истиқлол
Ғайратобод
Афғонобод
Кӯчабоғӣ
Нурафшон
Шӯроби Искандар
Чаманистон
Обшорон
Боғистон
Мортеппа
Чашмасор

Адабиёт вироиш

  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 559