Чазов Евгений Иванович (тав. 10 июни 1929, Русия) — пизишк, доктори илми тиб (1963), профессор (1965). Академики АИ ИҶШС (АИ Русия, 1979), академики АИТ ИҶШС (АИТ Русия, 1971). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2010).

Евгений Чазов
Чазов Евгений Иванович
Акс:Евгений\ Чазов.jpg
Таърихи таваллуд 10 июн 1929(1929-06-10)
Зодгоҳ Русия
Таърихи даргузашт 12 ноябр 2021(2021-11-12)[1] (92 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ дилшиносӣ[d][2]
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Институти тиббии Киевро хатм кардааст (1953). Узви хориҷии АИ ҶТ (1997). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: инфарқти миокард ва масъалаҳои дигари кардиология. Директори Институти терапияи (Институти кардиология) Академияи илмҳои тиббии ИҶШС (1965—1967), сардори Раёсати 4-уми Вазорати тандурустии ИҶШС (1967—1986), муовини вазир (1968—1986), вазири тандурустии ИҶШС (1987—1990). Директори Маркази умумииттифоқии илмии кардиологии Академияи илмҳои тиббии Русия (1990 — то имрӯз).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978).
  • Бо чор ордени Ленин, ду ордени «Барои хидмат баҳри Ватан» дараҷаи 2, медалҳо тақдир шудааст.
  • Узви ифтихории академияҳои зиёди хориҷӣ, доктори ифтихории чандин донишгоҳҳои хориҷӣ.
  • Дорандаи Ҷоизаи Ленин (1982), Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1969, 1976, 1991), ҷоизаи ФР (2003).
  • Бо медали тилои ба номи М. В. Ломоносов (АИР, 2003), ҷоизаҳои ба номи С. П. Боткин (1967), А. Л. Мясников (1977).
  • Фонди Леон Бернар бо медали «Барои хидматҳои барҷаста дар соҳаи тибби ҷамъиятӣ» (1997).[3]
  1. Врач государства: умер академик Евгений Чазов
  2. Чешская национальная авторитетная база данных
  3. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.