Миср, Ҷумҳурии арабии Миср (ар. جمهورية مصر العربية) – давлат дар шимолу шарқи қитъаи Африқо. Дар ғарб бо Лубнон (1115 км), дар ҷануб бо Судон (1273), дар шимолу шарқ бо Исроил (266) ва Фаластин (11 км-ии Ғазза) ҳамсарҳад аст. Дар шимол бо баҳри Миёназамин (995 км) ва дар шарқ бо баҳри Сурх ва халиҷи Ақаба (1941 км) иҳота мешавад. Масоҳаташ 1001,4 ҳаз. км2. Аҳолиаш беш аз 110 млн нафар (2023). Пойтахташ шаҳри Қоҳира. Забони расмӣ – арабӣ, лаҳҷаи мисрӣ. Воҳиди пулӣ – фунти мисрӣ. Миср ба 27 музофот (муҳофаза) ҷудо мешавад. Ҷашни миллӣ – Рӯзи инқилоб (23 июн).

Мисри Араб
جمهورية مصر العربية
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «{{{Номи суруди миллӣ}}}»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Арабӣ
Пойтахт Қоҳира
Шаҳри калонтарин Искандария, Порт-Саид, Суетс, Ҷиза, Қоҳира
Идораи давлат Ҷумҳурии Исломӣ
Президент Абдулфаттоҳ Сисӣ
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
30-ум ҷой дар ҷaҳон
1 001 450 км²
0,6 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2019)
  • Зичӣ
14-ум ҷой дар ҷaҳон
100 704 000
101 нафар/км²
Пули миллӣ Фунти Миср
Интернет-Домен .eg
Коди телефон +
Соат UTC +2
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Сохти давлатӣ

вироиш

Миср ҷумҳурии президентӣ мебошад. Шакли идоракуниро конститутсия муайян мекунад. Конститутсияи амалкунандааш 11.9.1971 қабул шудааст. Низоми қонунгузории Миср дар маҳдудаи ҳуқуқи исломӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ (кодекси Наполеон) таҳия шудааст. Дар Миср низоми бисёрҳизбӣ амал мекунад. Президент – роҳбари давлату ҳукумат, сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи кишвар, намояндаи Шурои мудофиаи миллӣ, тариқи раъйпурсии умумӣ ба муҳлати 6 сол интихоб мешавад. Ходимони ҳарбӣ ва давлатиро президент таъйин мекунад. Миср узви СММ (1945), Иттифоқи кишварҳои араб (1945), Иттифоқи Африқо (1963), Созмони ҳамкории исломӣ (1969), Форуми Баҳри Миёназамин (1994), Созмони ҷаҳонии тиҷорат (1995) ва ғ. мебошад.

Миср истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1.01.1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср аз 1.04.1993 шуруъ шуд. Муносибатҳои дуҷонибаро 19 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба танзим медарорад. Соли 2007 Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмии миёни ду кишвар таъсис дода шуд. Миёни Тоҷикистон ва Миср самтҳои зиёди афзалиятноки ҳамкорӣ мавҷуд аст.

Табиат

вироиш

Қисми зиёди релефи Миср-ро фалот (баландӣ аз 300 то 1000 м) ташкил медиҳад. Фалоти биёбони Лубнон 2/3-и қаламрави Миср-ро фаро мегирад. 22,5%-и заминҳои байни д. Нил ва б. Сурх фалоти сангӣ доранд. Баландтарин нуқтаи кишвар к. Катерин (2642 м, воқеъ дар шимолу шарқи ниҷаз. Сино) ба ҳисоб меравад. Байни ҷарии фалоти Лубнон ва биёбони Араб дар самти ҷануб водии д. Нил (1–3 км) ва дар шимол соҳили б. Миёназамин воқеъ аст. Дар водии д. Нил нишебии Файюм (45 м) ҷойгир мебошад.

Сохти геологӣ ва сарватҳои табиӣ

вироиш

Аз назари тектоникӣ қаламрави Миср-ро биёбонҳои ноҳамвор (ҳудудҳои Саҳрои Кабир) ташкил медиҳанд. Б. Сурх ва як қисми Хал. Суес ба манзумаи рифтии Африқои Шарқӣ дохил мешаванд. Биёбони Либиё аз мосасангу оҳаксанг, Саҳрои Шарқӣ ва нимҷаз. Сино аз санги хоро ва гнейс ташкил ёфтаанд. Дар Миср сарватҳои табиӣ (нафт, газ, ангишт) зиёд мебошад. Захираи нафт – тақр. 500 млн тонна, газ – 85 млрд м3 (нишебии Қиттора ва фалоти Хал. Суес), фосфорит – 3 млрд тонна (Абу-Тундуф – Б. Сурх, ал-Маҳомид, Абуҳад – водии д. Нил, воҳаи ал-Хориҷа), маъдани оҳан – тақр. 500 млн тонна (Баҳорӣ, Қусайр, Асвон), тило, марганетс, оҳак 20 млрд тонна.

Иқлим

вироиш

Иқлими Миср субтропикӣ (ҳудуди Баҳри миёназамин), гармсерӣ, қоравӣ ва гарму хушк мебошад. Ҳарорат тағйирёбанда (рӯзона +50 0С, шабона то 0 0С); ҳарорати миёнаи январ + 12 0С (Шимол), +16 0С (Ҷануб), июл +26 0С (Шимол), +30 – 34 0С (Ҷануб). Боришоти солона камтар аз 100 мм, н. Асвон тақр. 25 мм., соҳилҳои Б. Миёназамин беш аз 200–400 мм (аксаран зимистон). Моҳҳои апрел ва май муддати 50 рӯз аз самти Саҳрои Кабир бодҳои хушки сӯзон (тарқ. + 40 0С) мевазад.

Обҳои дохилӣ

вироиш

Нил ягона дарёи доимии Миср мебошад, обаш ба Б. Миёназамин мерезад. Масоҳати резишгоҳи д. Нил 24 ҳаз. км2. Охирҳои тобистон ва аввали тирамоҳ дарёҳо сероб ва моҳи май обашон кам мешавад. Дар д. Нил якчанд дарғот (Асвон, Наҷъ Ҳаммодӣ ва ғ.) мавҷуд аст. Соли 1960 дар ҷараёни сохтмони дарғот Асвон, обанбори бузурги Носир (бо ғунҷоиши 164 млрд м3) сохта шуд. Захираи обҳои зеризаминии воҳаҳо (Харҷо, Даҳла, Фарафра, Баҳория, Сиво) истифода мешавад.

Хок, олами наботот ва ҳайвонот

вироиш

Дар ҳудуди Миср ландшафтҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ (зардхок, шӯразор, биёбонҳои зарду қаҳваранг) бисёранд. Дар заминҳои атрофи д. Нил (хоки аллювиалӣ) нахли хурмо, дарахти газ, мӯрдиҳо, анҷир, ақоқиё ва ғ. мерӯяд. Дар дигар заминҳо байни фосилаи зиёд гиёҳу буттаҳои худрӯй мушоҳида мешаванд. Зимистонҳо дар шимоли биёбони Либиё кӯкнор, олола, савсан ва дигар рӯстаниҳои кӯтоҳумр мерӯянд.

Олами ҳайвоноту набототи Миср чандон ғанӣ нест. Дар биёбонҳо шағол, кафтори рахдор, рӯбоҳи саҳроӣ, анвои мухталифи муш, хояндагон ва ғ. мавҷуд аст. Дар биёбонҳои Миср ҳашарот ва хазандагон бисёранд – куброи мисрӣ, мори клеопатра, морҳои регӣ, гурза, мори ҷаъфарӣ, сусмор ва ғ. Дар наздикии резишгоҳи дарёҳо парандагони гуногун – лаклак, мурғи саққо, бутимор, қоз, мурғобӣ ва ғ. зиндагӣ мекунанд. Дар д. Нил тақр. 100 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Соли 1983 дар Миср 21 мамнуъгоҳ сохта шуд, ки 8,5%-и ҳудуди кишварро фаро мегиранд. Маъруфтарин мамнуъгоҳҳои Миср «Водии Рашрош» (дар он бузи кӯҳии нубӣ ҳифз мешавад) ва Катерин (дар нимҷаз. Сино, ғизоли саҳроӣ ва паланг ҳифз мешаванд).

Аҳолӣ

вироиш

Беш аз 98%-и аҳолии Мисрро арабҳо (85% мисриҳо) ташкил медиҳанд. Дар ҷануби Миср биҷҷаҳо (наздикии сарҳадди Судон), нубийҳо ва дар воҳаи Сиво барбарҳо сукунат доранд. Юнониҳо, итолиёиҳо, фаронсавиҳо ва армянҳо дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ мекунанд. Дини расмии Миср – ислом (мазҳаби тасаннун). 90%-и аҳолӣ мусулмон ва 10%-и дигар насронӣ (беш аз 9%-и қибтиҳо). Аҳолии Миср босуръат афзоиш меёбад. Тақр. 2 млн мисриҳо дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд. Фавти кӯдакон 28, 36 ба 1000 навзод. Давомнокии миёнаи умр 71, 85 сол (мардон – 69,3, занон – 75,5). Зичии миёнаи аҳолӣ 75 нафар дар 1 км2. 97%-и аҳолӣ дар атрофи водии д. Нил сукунат мекунанд. 50%-и аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Шаҳрҳои калонтарини Миср – Қоҳира, Искандария, Ҷизза, Шубро ал-Хайма, Порт-саид, Суэс, Маҳаллатулкубро, ал-Мансура, Танто, ал-Ақсар, Асют. Аҳолии қобили кор – 22,1 ҳаз. 32%-и аҳолии Миср дар соҳаи кишоварзӣ, 15% дар саноат, 9,5% дар тиҷорат ва сармоягузорӣ, 7,2% дар сохтмон, 4,1% дар нақлиёт ва алоқа, 0,7 % дар сайёҳӣ, 0,6% дар энергетика кор мекунанд. 9,1%-и аҳолии қобили меҳнат бекор мебошанд.

Таърих

вироиш

Қадимтарин тамаддун дар ҳудуди Миср то вуруди Искандари Мақдунӣ ба Мисри Қадим таалуқ дорад (ҳазораи IV то м.). Батлимуси I (сарлашкари Искандари Мақдунӣ) охирҳои асри 4 ва ибтидои асри 1 то м. ба сулолаи мақдунӣ-юнонии Батолиса ва Мисри ҳеллинӣ асос гузошт. Дудмони Батолиса ба урфу одат ва дину эътиқоди мисриҳо эҳтиром қоил буданд. Шоҳ ҳокими мутлақ маҳсуб меёфт ва дар атрофи худ ходиму мушовирони зиёдеро гирд оварда буд. Баландтарин мақом баъди шоҳ ба маъмури иқтисодиёт (диойкет) тааллуқ дошт. Тамоми заминҳо ва фаъолияти деҳқонону ҳунармандон зери назорати давлат буд. Масоҳати заминҳои корам, ҳаҷми маҳсулоти гирдоваришуда барои хазина ва фаъолияти коргарон хеле дақиқ ба ҳисоб гирифта мешуд. Замони ҳукумати Батолиса дар умури истеҳсолӣ аз ғуломон истифода намешуд. Қувваи ҳарбии кишвар аз ҳисоби юнониҳо, мақдуниҳо, суриҳо ва дигарон таъмин карда мешуд. Шаҳрҳои муҳими маъмурии Батолиса – шаҳрҳои мухтори Искандария, Птолемаида ва Навкрати. Ин давра ш. Искандария бузургтарин шарҳи фарҳангӣ ва тиҷории замони атиқа маҳсуб меёфт. Искандария бо калонтарин китобхона, олимони забардаст ва Минои Искандарияш маъруф буд. Таваҷҷуҳи хоссаи Батолиса ба умури кишоварзӣ ва обёрӣ дар асри 3 то м. боиси ривоҷи иқтисоди Миср гардид. Асри 2 то м. иқтисоди Миср рӯ ба касод овард.

Замони ҳукумати Батлимуси IV (221–204 то м.) мисриҳо дубора Селевкиёнро шикаст доданд. Баъд аз фавти Батлимуси IV Селевкиён Сурияро ишғол мекунанд. Ин давра ҷиҳати ишғоли тахт рақобат тезутунд шуда, боиси коҳишёбии мавқеи байналхалқии Миср мегардад. Нимаи аввали асри 2 то м. Батолиса аз Селевкиён сахт шикаст хӯрда, Осиёи Хурд, Юнон, Сурияи Ҷавфо ва Фаластинро аз даст медиҳанд. Аз нимаи дуюми асри 2 то м. нуфузи Руми Қадим ба сиёсати Миср мушоҳида мешавад. Батолиса барои ишғоли тахт аз румиҳо мадад меҷустанд. Дар асри 1 то м. Руми Қадим (бо шарти пардохти андоз) ба Батолиса кумак намуд, то мавқеи худро ҳифз намоянд. Замони ҳукумати охирин намояндаи Батолиса – Клеопатраи VII (51–30 то м.) Октавиан Август ба Миср ҳуҷум намуд, малика худкушӣ кард ва мамлакат ба ихтиёри румиҳо гузашт. Замони ҳукумати румиҳо Миср яке аз музофотҳои Империяи Рум ба ҳисоб мерафт. Аҳолии Миср ба табақаҳо ҷудо мешуд; румиҳо, юнониҳо, ашроф аз андоз озод ва имтиёзи бештар доштанд. Солҳои 115–117 яҳудиҳо бар зидди ҳукумати румиҳо исён бардоштанд. Асри 3 дар натиҷаи болоравии андоз аҳолии Миср қашшоқ шуда, деҳқонон фирор намуданд ва буҳрони иқтисодӣ сар зад. Дар охири асри 3, дар натиҷаи ислоҳот Миср ба воҳиди маъмурии алоҳида (шомили 6 музофот) табдил ёфт.

Дар ибтидои Замони нав Миср бузургтарин маркази динию маънавӣ ба ҳисоб мерафт. Асри 2 дар қаламрави Миср насрония ва таълимоти фалсафӣ (гноститсизм, навафлотуния ва ғ.) густариш ёфтанд. Дар ш. Искандария мактаби насронии Дидаскал таъсис ёфт.

Соли 395 Миср ба ҳайати Бизонс пайваст. Низоми идорӣ бетағйир боқӣ монд, вале дар умури кишоварзӣ ислоҳот ворид гардид. Ин давра калисои насронӣ дар сиёсати кишвар нуфузи пайдо кард. Соли 554 император Юстиниан Миср-ро ба 4 музофот тақсим кард. Соли 619 замони ҷанги Византия бо Эрон, лашкари Хусрави Парвиз Миср-ро забт намуд (бо мадади қибтиҳо ва яҳудиён). Соли 639 арабҳо бо сардории Амр ибни Ос вориди Миср шуданд. Соли 642 Миср ҷузъи Хилофати араб гардид. Шаҳри Фустот маркази Миср ва Амр ибни Ос амири он таъйин шуд. Соли 643 бо мақсади тарвиҷи тиҷорати Миср бо Аврупо Амр ибни Ос наҳре, ки д. Нил ва б. Сухрро мепайваст, бозсозӣ намуд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Хилофат (миёнаҳои асри 7), мисриҳо ҷонибдори Алӣ ибни Абутолиб буданд, вале тарафдорони Муовия ва Амр онҳоро шикаст дода, Миср-ро ба хилофати Уммавиён пайвастанд. Ин давра дар Миср густариши забони арабӣ ва гароиш ба дини ислом авҷ гириф. Қабилаҳои араб дар қаламрави Миср маскан гирифтанд ва забони арабӣ забони расмӣ-коргузорӣ таъйин гардид. Солҳои 868–905 Аҳмад ибни Тулун (868–84) ҳокими мустақили Миср гашт ва ба сулолаи Тулуниҳо асос гузошт. Замони ҳукумати ӯ иқтисод ва кишоварзӣ инкишоф ёфта, Сурия ва Барқу ба Миср пайвастанд. Соли 905 халифаи Бағдод ал-Муктафӣ Биллоҳ Миср-ро забт намуда, ҳукумати онро ба сулолаи Ишхидҳо вогузошт. Солҳои 948–68 Миср аз ҷониби хоҷасаро Кафур идора мешуд. Ин давра Миср ба мусибати зиёде – заминларзаи шадид, хушкӣ ва вабо дучор шуд. Соли 969 сарлашкари Фотимиён – Ҷавҳар Миср-ро ишғол кард. Ҷавҳар бо дастури халифа Муиззуддинуллоҳ пойтахти ҷадиди Миср – Қоҳира (ал-Муиззийя ал-Қоҳира)-ро таъсис дод. Маҳз дар замони Фотимиён шаҳри Фустот тавсеа ёфта, Қоҳира ном гирифт. Миср маркази империяи паҳновари Фотимиён гардид. Халифаҳои фотимӣ ба низоми маъмурию иқтисодии Миср ислоҳот ворид намуда, аксаран ба тиҷорату сармоягузорӣ, лашкар ва новгони баҳрӣ аҳаммият медоданд. Муҳимтарин ислоҳот аз ҷониби вазир Яқуб ибни Қиллис ва қозӣ Абуҳанифа ан-Нуъмон гузаронида шуд. Охирҳои асри 10 ва нимаи асри 11 ҳаёти иқтисодии аҳолӣ, истеҳсолот ва нархи амвол аз ҷониби давлат назорат шуда, боиси таҳкими сиёсату иқтисоди кишвар гардид. Ин давра қисми зиёди аҳолии Миср исломро пазируфтанд. Аз миёни халифаҳои фотимӣ танҳо халифа Ҳаким Биамриллоҳ (996–1021) чун шахси мутаассиб ва золиму бераҳм ёд мешавад. Ӯ нисбати сунниҳо, яҳудиҳо ва насрониҳо муносибати бераҳмона дошт. Дар аҳди халифа Мустансир (1036–94) ҳукумати Фотимиён рӯ ба таназзул ниҳод. Дар нимаи асри 11 Фотимиён сарзаминҳои шимолии Африқо, Сурия ва Фаластин (аз ҷониби Салчуқиҳо забт шуд)-ро аз даст доданд. Дар сиёсати дохилии кишвар таъсири гурӯҳҳои этникӣ (туркҳо, барбарҳо ва сиёҳпӯстон) боло гирифт. Дар нимаи аввали асри 12 салибдорон ба Миср ҳуҷум намуданд. Дар натиҷаи заъфи ҳукумати марказӣ ва вазъи ноороми дохилӣ, салибдорон ба осонӣ ш. Искандарияро забт карданд. Мисриҳо аз амири Мавсил – Нуриддини Зангӣ дархости кумак намуданд. Ӯ соли 1169 лашкари худро бо сардории Асадуддин Ширкӯҳ ба Миср фиристод ва салибдорон аз Миср берун карда шуданд. Ширкӯҳ вазир таъйин гардид, вале базудӣ фавтид ва мақоми ӯро Саллоҳиддин Юсуф ибни Айюб касб намуд. Салоҳиддин охирин халифаи фотимиро барканор намуда, ба тахт нишаст ва ба сулолаи Айюбиён асос гузошт. Салоҳиддин мазҳаби тасаннунро эҳё ва унвони султонро қабул кард. Ӯ Лубнон, Тунис, Нубия (Судон), Яман, Сурия ва Байнаннаҳрайни Шимолиро ишғол намуд. Соли 1187 Салоҳиддин лашкари салибдоронро дар Ҳиттин шикаст дода, Байтулмуқаддас ва Фаластинро забт кард. Солҳои 1189–92 салибдорон бори сеюм (бо дастури шоҳони Англия, Фаронса ва Олмон) ба Салоҳиддин ҳамлавар шуданд, вале шикаст хӯрданд. Тибқи шартномаи дӯстии 2.09.1192, танҳо баъзе қалъаҳои наздисоҳилӣ насиби салибдорон гашт. Сиёсати Салоҳиддинро бародараш Сафоуддин (1196–1218). идома медод. Нимаи аввали асри 13 салибдорон ба Миср лашкар кашида, ш. Димётро забт намуданд, вале аз султон Комил (1218–38) шикаст хӯрданд. Соли 1229 Комил Байтулмуқаддасро ба шоҳи Олмон – Фридрихи II дод. Соли 1844 бо мадади хоразмиҳо Комил дубора Байтулмуқаддасро ба даст овард, ки боиси лашкаркашии навбатии салибдорон гардид (бо роҳбарии шоҳи Фаронса, Людовики IX). Мамлукҳо бо роҳбарии Байбарс салибдоронро шикаст дода, Людовики IX-ро асир гирифтанд. Соли 1250 мамлукҳо охирин шоҳи Айюбиҳо – Тӯроншоҳро ба қатл расонданд. Дар натиҷаи издивоҷи малика Шаҷараддур (Умми Халил) бо саркардаи мамлукҳо Ойбек (1250–57) сулолаи ҳукмрони мамлукҳо дар Миср таъсис ёфт. Сулолаи мамлкуҳо ба ду шоха – баҳриҳо (туркҳо, 1250–1382) ва бурҷиҳо (қафқозу черкасҳо, 1382–1517) ҷудо мешуд. Замони ҳукумати шоҳ Байбарс (1260–77) ш. Акра хароб ва салибдорон барои ҳамеша аз Шарқи Наздик берун карда шуданд. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои муваффақонаи Байбарс ва султон Қалавун ҳудуди Миср то Фаластин, Сурия, як қисми Байнаннаҳрайн, Осиёи хурд, Нубия, Барқа ва Тароблис тавсеъа ёфт. Бо даъват намудани халифаҳои аббосӣ ба Миср мамлукҳо дар олами ислом маҳбубият касб намуданд. Сиёсати дурусти пешгирифтаи мамлукҳо дар асри 13 боиси болоравии иқтисод, ривоҷи тиҷорат ва ҳунармандӣ дар Миср гардид. Мамлукҳо чун ҳомиёни дину фарҳанг шуҳрат доштанд. Дар аҳди онҳо сохтмони мактаб, масҷиду мадраса ва эъмори мақбараҳо авҷ гирифт. Офатҳои табиии асри 14 (заминларза, қаҳтӣ ва вабо) боиси фавти сершумори аҳолӣ, корношоям шудани заминҳо ва пастравии тиҷорату савдо гардид. Соли 1382 Заҳир Барқуқ (1382–89, муассиси сулолаи Бурҷиҳо) ба тахт нишаст. Асри 15 мамлукҳо вазъи иқтисодию сиёсии Миср-ро ба мувозинат дароварда, ҳудуди кишварро то Қибрис тавсеа доданд (1426). Мамлукҳо бо содир намудани адвия ва шакар (мустақиман) ба Ҳиндустону Аврупо манфиати зиёд ба даст меоварданд. Давлати мамлукҳо замони ҳукумати Қайтбой (1468–96, бо сохтани роҳҳо, масҷиду мактаб ва қалъаҳо шуҳрат дошт) тақвият ёфт. Соли 1492 дар Миср дубора вабо паҳн шуда, боиси пастравии иқтисод мегардад. Соли 1509 португалиҳо ба новгони мамлукҳо (дар бандари Диу) ҳамла намуда, роҳи тиҷоратии Ҳиндустонро тасоҳуб мекунанд. Соли 1516 ҷанги Империяи Усмонӣ бо Миср шуруъ мешавад; 24 август султон Салими I дар саҳрои Марҷ Добиқ мамлукҳоро шикаст дода, Сурияро ишғол мекунад. 25.12.1516 мамлукҳо дар Байсон дубора мағлуб ва туркҳо вориди Миср шуданд. 22.1.1517 султон Салими I вориди Қоҳира шуд, ба салтанати мамлукҳо хотима бахшида, Миср-ро ба ҳайати Империяи Усмонӣ пайваст. Усмониён дар Миср чандин ислоҳот гузаронданд. Тибқи ислоҳот Миср табдил ба музофот (шомили 14 воҳиди маъмурӣ) ва роҳбари он волии турк таъйин гардид. Заминҳо давлатӣ карда шуданд. Усмониҳо ба кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса доштанд. Низоми андоз ва судӣ тағйир дода шуд. Дар нимаи асри 16 Усмониҳо Судони Шимолӣ ва Яманро ба Миср пайвастанд. Охирҳои асри 16 назорати Миср аз ҷониби усмониҳо суст ва мавқеи сиёсию иҷтимоии мамлукҳо барқарор мешавад. Дар натиҷаи муборизаҳои дохилии мамлукҳо (Фарақия ва Қосимия) солҳои 1707–11 ҷанги шаҳрвандӣ сар мезанад. Асри 18 дар муносиботи тиҷории кишварҳои б. Миёназамин тағйирот ба амал меояд. Қаҳва ва маҳсулоти содиротии Миср-ро молу маснуоти туркӣ ва фаронсавӣ иваз карда, боиси касоди тиҷорати Миср мегарданд. Дар натиҷаи инқилоби саноатии Аврупо талабот ба амволи Миср коҳиш меёбад; Миср чун давлати аз ҷиҳати саноату техникӣ қафомонда (нисбат ба кишварҳои Аврупо) барои ҳифзи иқтисоди худ, ба содироти пахта, шакар ва биринҷ мегузарад. Солҳои 1760 Алибой ал-Кабир ҷиҳати мустақилияти Миср аз Империяи Усмонӣ ба мубориза бархост. Солҳои 1772 аз рақибонаш шикаст хӯрда, фавтид. Солҳои 1786 султони Туркия мехост ҳукумати худро дар Миср ба расмият дарорад, вале муваффақ нашуд ва тахт насиби ҳокимони мамлук – Муродбой ва Иброҳимбой гашт. Тобистони соли 1798 лашкари Н. Бонапарт вориди Миср шуд. Дар оғози Экспедитсияи Миср фаронсавиҳо мамлукҳоро шикаст дода, ш. Қоҳираро ишғол намуданд. Шӯришҳои мисриён аз ҷониби фаронсавиҳо шадидан пахш мегардид. Бо дахолати Англия ва Туркия соли 1801 фаронсавиҳо Миср-ро тарк намуданд.

Солҳои 1800 миёни туркон ва мамлукҳо барои ишғоли тахти Миср мубориза сар зад. Дар ин ҷараён, роҳбари гурӯҳи албониҳо Муҳаммад Алӣ ба тахт нишаст. Замони ҳукумати ӯ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва низоми идории Миср тағйироту ислоҳоти зиёде ворид гардид. Баъд аз фавти Муҳаммад Алӣ идораи Миср ба ворисони ӯ мегузарад. Онҳо чун вассали туркон, дар муборизаҳои Империяи усмонӣ ва Руссия (Ҷанги Қрим, 1853–56) ширкат мекарданд. Соли 1851 сохтмони роҳи оҳани Искандария – Қоҳира – Суес (б. Миёназаминро бо уқ. Ҳинд мепайваст) ба англисҳо вогузор шуд. Замони ҳукумати Саид-пошо (1854–63) нуфузи фаронсавиҳо дар Миср тақвият меёбад. Соли 1859 Саид-пошо бо тавсияи мушовираш Ф. Лессепс ба сохтмони наҳри Суес (миёни б. Миёназамин ва б. Сурх) дастур медиҳад. 17. 11. 1869 наҳри Суес расман ифтитоҳ ёфт. Сохтони ин канал буҳрони шадиди иқтисодиеро дар пай дошт; Миср аз бонкҳои Аврупо беш аз 300 млн франк қарздор шуд. Соли 1875 Исмоилпошо ҷиҳати боло бурдани вазъи иқтисодии кишвар 44%-и саҳмияҳои наҳри Суесро ба Британияи Кабир фурӯхт. 17.5.1879 парлумони Миср барои маҳдуд намудани нуфузи хориҷиҳо қонун қабул намуд. Соли 1879 бо мудохилаи Фаронса ва Британияи Кабир Исмоилпошо аз ҳукумат барканор ва Тавфиқпошо (1879–92) ба тахт нишаст. Тавфиқпошо фаъолияти парлумонро қатъ намуда, тамоми талаботи хориҷиёнро ба ҷо меовард. Болоравии нуфузи Аврупо боиси сар задани ҳаракати миллию озодихоҳӣ (1870) дар Миср гардид. Дар мамлакат чандин ташкилоти сиёсӣ таъсис ёфт, ки ҷиҳати мустақилияти Миср ва гузаронидани ислоҳот мубориза мебурданд. Афсарони мисрӣ бо роҳбарии Аҳмад Аробӣ пошо «Ҳизби Ватан»-ро таъсис дода, таҳти шиори «Миср барои мисриён» талаб намуданд, ки низоми хидевӣ барҳам дода шавад. 9.9.1881 Тавфиқпошо истеъфо дод ва Шарифпошо ҳукуматро ба даст гирифт. 2.01.1882 зери фишори ҳарбиён Шарифпошо низ истеъфо дод. Миср С. Боруди ба тахт нишаст, Аҳмад Аробӣ вазири ҳарбӣ таъйин шуд ва мисриён ба корҳои давлатӣ ҷалб шуданд. Британияи Кабир ҷиҳати ҳифзи мавқеи худ дар Миср бар зидди Аҳмад Аробӣ амалиёти ҳарбиро шуруъ намуд. Тавфиқпошо бо бритониҳо пайваста, онҳоро ба Миср даъват намуд. 10.7.1882 новгони баҳрии Британияи Кабир ш. Искандарияро тирборон кард. 13.9.1882 бритониҳо лашкари Аҳмад Аробиро шикаст дода, вориди ш. Қоҳира шуданд. Тамоми ислоҳот бекор, ҳаракати миллию озодихоҳӣ пахш ва Аробӣ пошо ба Шри Ланка (Сайлон) бадарға шуд. Тавфиқпошо дубора шоҳ таъйин гардид ва Миср зери муҳосираи Британияи Кабир қарор гирифт. Миср расман давлати мустақил маҳсуб меёфт, вале аз ҷониби консулҳои бритонӣ идора мешуд. Солҳои 1883–1907 Миср-ро консули генералии Британияи Кабир – И. Бэринг идора мекард. Ӯ бо табақаи ашрофи Миср робита барқарор намуда, вазъи сиёсию иқтисодии кишварро ба таодул даровард. Асоси иқтисоди Миср-ро он давра содироти пахта ташкил медод. Солҳои 1890 бо роҳбарии Миср Комил ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ сар зад. 28.2.1922 Миср давлати мустақил эълон гардид. 19.4.1923 конститутсияи нав қабул шуд, ҳизби «Вафд» пирӯз гашт ва бо роҳбарии С. Заглул аввалин давлати миллии мисриҳо таъсис ёфт. Замони Ҷанги дуюми ҷаҳон муносибатҳои дипломатии Миср бо Олмон қатъ шуд. Январи соли 1952 дар ш. Қоҳира миёни мисриҳо ва бритониҳо муборизаи шадид сар зад. 22–23.7.1952 иттиҳоди «Афсарони озод» бо роҳбарии генерал Ҳамол Абдунносир Ҳусайн табаддулоти давлатӣ гузаронданд (ин табаддулот заминае барои Инқилоби Миср гардид). 18.6.1953 Миср Нақиб президент ва Носир раиси ҳукумати Миср таъйин гардиданд. Носир ислоҳоти ҳарбию кишоварзӣ гузаронда, тамоми корхонаҳои хориҷиро давлатӣ гардонд. Аз соли 1960 Носир бо давлатҳои сотсиалистӣ, аз ҷумла ИҶШС ҳамкориро оғоз мекунад. Солҳои 1960–70 дар ҳамкорӣ бо ИҶШС ҳидрокомплекси Асвон сохта шуд, ки ба рушди кишоварзӣ, обёрӣ, поёнравии нархи қувваи барқ мусоидат намуд. Соли 1963 Носир ташкилоти сиёсии «Иттифоқи сотсиалистии араб»-ро таъсис дод. Баъд аз вафоти Носир ҷонишини ӯ Муҳаммад Анвар Содот президент таъйин шуд. Соли 1971 Миср унвони Ҷумҳурии арабии Мисрро гирифт ва конститутсияи нав қабул гардид. Сиёсати дохилии Содот – гузаштан ба низоми либералӣ. Соли 1974 ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ сиёсати «дарҳои боз» пеш гирифта шуд. 6.10.1981 зимни баргузории паради ҳарбӣ, Содот аз ҷониби мусулмонони мутаассиб ба қатл расид. Ҷонишинаш Миср Ҳ. С. Муборак ба мақоми президентӣ расид. Аввалин иқдоми Муборак мубориза бо коррупсия буд. Замони ҳукумати Муборак муносиботи дипломатии Миср бо кишварҳои арабӣ барқарор ва Миср дубора узви Иттиҳоди кишварҳои арабӣ шуд. Солҳои 1980 бо ривоҷ ёфтани сайёҳӣ, иқтисоди Миср тараққӣ намуд. Соли 2005 ба Конститутсияи Миср тағйиру ислоҳот ворид карда шуд. 7.09.2005 дар интихоботи навбатии Миср бо касби 88%-и овозҳо Муборак дубора президент таъйин гардид.

Иқтисод

вироиш

То Ҷанги дуюми ҷаҳон Миср танҳо пахта содирот мекард ва аз ҷиҳати саноатӣ ақибмонда буд. Соли 1952 ҷиҳати ба таодул даровардани вазъи иқтисодии кишвар сиёсати саноатикунонӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1970 А. Содот сиёсати «дарҳои боз» ва либераликунонии иқтисодро пеш гирифт. Корхонаҳои саноатии шахсӣ таъсис ёфта, сармоягузорони хориҷӣ ҷалб мешаванд. Соли 2004 тибқи ислоҳоти сарвазир А. Назиф, кумаки молиявӣ (барои қувваи барқ) қатъ, баъзе корхонаҳо шахсӣ ва низоми андозсупорӣ тағйир дода шуд. Аз ҳисоби содироти нафт, наҳрии Суес ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷа вазъи иқтисодии Миср беҳтар мешавад. Солҳои 2005 – 06 ММД 5% ва соли 2007 7,1% -ро ташкил медод. Ҳукумат ҷиҳати нигоҳ доштани тавозуни иҷтимоӣ ба давлатигардонии корхонаҳо ва қатъи кумаки молиявӣ (қувваи барқ, нақлиёт, хӯрока ва ғ.) иқдом намуд.

Миср давлати аграрӣ-саноатӣ ва яке аз содироткунандагони беҳтарин нахи пахта ва нафти табиӣ дар ҷаҳон аст. Ҳаҷми ММД дар соли 2007 тақр. 431,9 млрд долларро ташкил медод. 74,6%-и истеҳсолотро бахши хусусӣ ташкил медиҳад. Охири солҳои 1990 аксари ширкатҳои давлатӣ шахсӣ карда шуданд. Соли 2005 андозҳо аз 40 то 20% коҳиш ёфтанд.

Саноат

вироиш

То соли 1952 танҳо пахтаи хом коркард карда мешуд. Соли 1952 корхонаҳои сершумори саноатӣ – корхонаҳои филизгудозӣ, кимиёӣ ва мошинсозӣ ба фаъолият шуруъ карданд. Истеҳсоли қувваи барқ ривоҷ ёфт. То соли 2001 2405 нафар дар корхонаҳои саноатӣ кору фаъолият доштанд. Иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ – беш аз 123 ҳаз. МВт. Калонтарин неругоҳҳои барқӣ – Шубро ал-хайма 1000 МВт, Қоҳира 3 – 750 МВт, Абуқир – 620 МВт, Думят – 400 МВт, Суес – 185 МВт. 21% неруи барқи кишварро неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. 65 ҳаз. нафар дар корхонаҳои истеҳсоли нафт кор мекунанд, солҳои 1982–2000 даромад аз фурӯши нафт 118 млрд долларро ташкил медод. Дар шаҳрҳои Қоҳира, Искандария, Ҳалвон, Бур Саид, Суес, Ҷизза, Исмоилия, Асвон, Бурҷ ал-араб ва ғ. корхонаҳои мошинсозӣ амал мекунанд. Истеҳсоли семент ва масолеҳи сохтмон хуб рушд кардааст. Калонтарин корхонаҳои истеҳсоли семент – Суес, Қоҳира, Искандария, Асют, Ҳалвон.

Асоси кишоварзиро рустанипарварӣ ташкил медиҳад. Дар водиҳои д. Нил аксаран гандум, биринҷ, макка, ғалладона, найшакар ва лаблабу кишт мешавад. Миср ба Аврупо мева содирот мекунад. Миёни аҳолии муқимӣ парвариши чорвои калони шохдор, гӯсфанд, буз, мурғ ва миёни кӯчиҳо парвариши шутур, буз ва гӯсфанд маъмул аст. Дар д. Нил, кӯлҳо ва б. Миёназамин моҳидорӣ хуб инкишоф ёфтааст.

Нигаҳдории тандурустӣ

вироиш

6%-и ММД дар соҳаи тандурустӣ сарф мешавад. Дар Миср ба 507 ҳаз. нафар 599 беморхона, 138 ҳаз. кати тиббӣ, 2875 бунгоҳи тиббӣ рост меояд. 145 ҳазор табиб фаъолият мекунад (ба як табиб 490 нафар рост меояд). Дар ш-ҳои Қоҳира, Искандария, ал-Уқсур, ал-Мансур ва Маҳалла ал-Кубро марказҳои кардиологӣ амал мекунад. Бузургтарин маҷмааҳои тиббӣ – Қаср ал-ъайн ва Клиникаи ан-Носир (дар ш. Қоҳира).

Варзиш

вироиш

Кумитаи олимпии Миср соли 1910 таъсис ёфта, ҳамон сол аз ҷониби Кумитаи байналмиллалии олимпӣ эътироф шуд. Аз соли 1912 варзишгарони Миср дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд. Варзишгарони Миср дар мусобиқаҳои атлетикаи вазнин, муҳориба, муштзанӣ ва ғ. муваффақияти бештар касб намудаанд. Дар Бозиҳои олимпӣ аз соли 1912 то 2008 мисриҳо ҳамагӣ 24 медал (аз ҷумла 7 медали тилло) ба даст оварданд. Маъмултарин навъи варзиш футбол ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби футболи Миср ҳафткарата ғолиби Ҷоми миллатҳои Африқо мебошад (1957, 1959, 1986, 1998, 2006, 2008, 2010). Бозиҳои волейбол, баскетбол, гандбол, варзиши сабук ва вазнин, муҳориба, муштзанӣ, каратэ, шамшербозӣ, шиноварӣ, тенниси рӯйимизӣ ва ғ. хуб инкишоф ёфтаанд. Тақр. 400 маҷмааи варзишӣ ва 1500 маркази варзишӣ-беҳдоштӣ амал мекунад. Дар ш. Қоҳира майдони байналмилалии «ал-Ҷиза» (бо ғунҷоиши 100 ҳазор тамошобин) ҷойгир аст.

Машҳуртарин футболбози мисрӣ Муҳаммад Салоҳ мебошад, ки дар тимҳои бонуфузи аврупоӣ фаъолият дорад.

Маориф. Фарҳанг

вироиш

71,4% -и аҳолӣ (аз 15-сола боло) дорои хатту савод мебошанд. Муассисаҳои таълимӣ тобеи Вазорати маориф мебошанд. Низоми маориф мувофиқи Қонун дар бораи таълими ҳатмии ибтидоии ройгон аз синни 6-солагӣ ташкил карда шуда (1956), тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олиро дар бар мегирад. Ибтидои солҳои 2000-ум дар Миср 3172 муассисаи томактабӣ, 7544 мактаби миёнаи нопурра (3-сола), 1595 мактаби миёнаи умумӣ, 792 коллеҷи касбию техникӣ амал мекунад. Ба низоми таҳсилоти олӣ донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва коллеҷҳо (2–4-сола) дохил мешаванд. Калонтарин донишгоҳҳои олии Миср – Д-гоҳи ал-Азҳар (дар ш. Қоҳира, соли 970 таъсис ёфта, 1961 бозсозӣ шуд; 62 факулта, 265, 5 ҳаз. донишҷӯ, 20 ҳаз. донишҷӯи хориҷӣ дорад.), Д-гоҳи Қоҳира (1908; 101 ҳаз. донишҷӯ), Донишгоҳи Айн аш-Шамс (1950; 126,8 ҳаз. донишҷӯ), Д-гоҳи Ҳелвон (1974; 96 ҳаз. донишҷӯ), Д-гоҳи Искандария (1942; 78 ҳаз. донишҷӯ), Д-гоҳи Асют (1957; 63,3 ҳаз. донишҷӯ), Д.-гоҳи ал-Мансур (1972; 40 ҳаз. донишҷӯ) ва ғ.

Қадимтарин муассисаҳои илмӣ дар ш. Қоҳира қарор доранд: Д-гоҳи Миср (1798, муассис Бонапарт), Донишгоҳи ахтаршиносӣ ва заминфизик (1903), Институти таҳқиқоти паталогияи рустаниҳо (1917), Академияи забони арабӣ (1932), Институтҳои омӯзиши уқёнус ва моҳидорӣ (1931, дар ш. Искандария ва Қоҳира). Аксари муассисаҳои илмии муосир баъди соли 1952 таъсис ёфтаанд. Муассисаҳои илмӣ тобеи Вазорати илм ва Академияи таҳқиқоти илмӣ ва технологӣ мебошанд. 219 маркази илмӣ-таҳқиқотии назди вазоратҳо амал мекунад. Академияи илмҳои Миср (1949) 54 лаборатория, Маркази қувваи ҳастаӣ, Маркази миллии технологияи радиоактивӣ, Маркази миллии бехатарии ҳастаӣ, Институти нафт, саҳро ва ғ.-ро дар бар мегирад. Дар ш. Искандария Академияи санъат (маркази ҳунарӣ) амал мекунад.

Калонтарин осорхонаҳои Миср: Осорхонаи Миср (1858), Осорхонаи санъати исломӣ (1882), Осорхонаи қибтӣ (1910), Осорхонаи санъати муосир (1920), Осорхонаи пахта (1923), Осорхонаи юнонӣ-романӣ (1892, дар ш. Искандария), Осорхонаи Нубий (1997, дар Асвон).

Бузургтарин китобхонаҳо: Китобхонаи Искандария (соли 2002 бозсозӣ шуд), Китобхонаи миллӣ (1870, дар ш. Қоҳира, беш аз 1,5 млн махзан ва 11 шуъбаи маҳаллӣ), Китобхонаи Д-гоҳи Қоҳира (1995), Китобхонаи д-гоҳи Искандария (1942, беш аз як млн махзан дорад), Китобхонаи минтақавии Искандария, Китобхонаи мардумии «Муборака» дар ш. Ҷизза. Муассисаи Хонаи китоб ва ҳуҷҷатҳои миллӣ амал мекунад.

Бузургтарин нашриёти Миср – «Middle East Book Centre» (адабиёти илмӣ), Дорулкитоб ал-Миср (китобҳои дарсӣ, донишнома ва фарҳанг), «Dar an Misr» (донишнома ва китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён), «Ellas Modern Publishing House» (осори бадеӣ ва фарҳанг), Дорулгавҳар (маҷалла). Дар ибтидои асри 21 467 маҷаллаву рӯзнома (119 маҷаллаи оммавӣ, 39 ҳизбӣ, 28 касбӣ, 55 динӣ, 235 илмию фарҳангӣ, 10 рӯзнома ва 25 нашрияи даврӣ) ба табъ расид. Калонтарин маҷаллаҳо дар ш. Қоҳира ба табъ мерасанд: «ал-Аҳром» (1875, ҳафтанома), «ал-Акбар» (1952), «ал-Ҷумҳурия» (1953), «ал-Масоа» (1956) ва ғ. Оҷонсии расмии иттилоотӣ – MENA (Middle East News Agency, 15.12.1955), дар як шабонарӯз тақр. дар ҳаҷми 250 ҳаз. калима иттилоот (бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) тақдим мекунад. Радиои Миср яке аз радиоҳои мутараққии Африқо ба ҳисоб меравад. Калонтарин радиостансияҳои Миср – «ал-Қоҳира ал-кубро» («Қоҳираи бузург»), барномаҳои «Қуръони шариф», «Садои араб», «Шарқи наздик», «Ҷавонон ва варзиш», «Барномаи маҳаллии аврупоӣ», «Радиои Искандария» ва ғ.

Адабиёт

вироиш

Адабиёти Миср асосан ба забонҳои қибтӣ (асрҳои 4) ва баъдан арабӣ ташаккул ва рушд кардааст. Адабиёти Мисри Бостон аз давраи фиръавнҳои Мисри Бостон то поёни тасаллути румиён ба забони мисрӣ (қибтӣ) навишта шудааст. Адабиёти Мисри Бостон дар радифи адабиёти сумарӣ куҳантарин адабиёти ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Адабиёти қибтӣ замони густариши дини насронӣ ташаккул ёфта, мавзуоти диниро дар бар мегирифт. Намояндагони адабиёти қибтӣ – руҳонӣ Шенуте (асрҳои 4–5), усқуф Писентий (асрҳои 6–7), шоир Ҳумисӣ (асри 7); асри 10 адабиёти қибтӣ ба марҳалаи шукуфоӣ расида, охирҳои асри 18 тадриҷан аҳаммияташро гум кард.

Баъд аз густариши ислом адабиёти Миср дар алоқа бо адабиёти кишварҳои арабӣ рушд намуд. Дар адабиёти асри 15-и Миср қиссаи «Ҳазору як шаб» шуҳрат ёфт. Асрҳои 18 қиссаҳои тахайюлӣ, тарбиявӣ, ҳикоёт, зарбулмасал, тамсил, шеърҳои лирикӣ маҳбубияти бештар касб мекунанд. Муртад Зубайдӣ ба фарҳангии тафсирии Фирузободӣ ва осори фиқҳии Ғаззолӣ тафсир менависад. Абдураҳмони Ҷабартӣ дар тазкираи худ 20 шоири мисриро зикр мекунад. Ҳавзаи адабии назди амир Ризвон (шоирон ас-Суютӣ, ал-Мисрӣ, ал-Идқавӣ) дар адабиёти Миср саҳми бориз дошт.

Ташаккули адабиёти муосири Миср-ро ба асри 19, замони ҳукумати Муҳаммад Алӣ нисбат медиҳанд. Шиносоӣ бо арзишҳои фарҳангии аврупо, осори замони Эҳё ва ҳуманизм омили зуҳури мавзуоти ҷадид дар адабиёти Миср гардид. Осори адабии асри 19 дар қолабҳои суннатӣ, вале бо мавзуъҳои нав эҷод мешуданд. Ҷурҷи Зайдон ва Фараҳ Антун жанри романи таърихиро ба адабиёти Миср ворид намуданд.

Дар ибтидои асри 20 повестҳои маърифатпарварӣ (Миср ал-Мувайлиҳӣ, Миср Ҳофиз Иброҳим, Миср Тоҳир Ҳаққӣ ва дигарон) эҷод шуданд. Гурӯҳҳои адабии «Шоирони Девон» (А. Миср ал-Аккад, А. Шукрӣ), «Шоирони обшор» (Умон Ҳилмӣ) ва «Аполон» (А. З. Абушодӣ) дар ташаккули романтизм саҳми назаррас доштанд. Дар ашъори А. Шавқӣ, Ҳ. Иброҳим, С. ал-Борудӣ ва дигар шоирон неокласитсизми адабӣ зуҳур менамояд. Тадриҷан осори мансур низ бо ин сабк навишта мешуданд. Миср ал-Манфалутӣ ба сабки адабии ҷадиде асос гузошт («ан-Назарот», дар 3 ҷилд, 1910–12). Миср Лутфӣ ва МисрҲ. Ҳайкал бо сабки суннатӣ мақома менавиштанд. Новелланависӣ низ ривоҷ меёбад. Шоирони нимаи дуюми асри 20 ба демократикунонии адабиёт иқдом мекунанд. Нимаи солҳои 1960-ум намояндагони «Мавҷи ҷадид» (Э. ал-Ҳаррот, И. Аслон, А. Қосим, Д. аш-Шарқавӣ, Г. ал-Ғитонӣ, Я. ат-Тоҳир, Я. Абдулло) мисриҳоро бо адабиёти Аврупои Ғарбӣ ошно намуданд.

Солҳои 1960–70 зери нуфузи адабиёти Аврупо романи мисрӣ ташаккул меёбад. Аксари нависандагон бо сабку усули адабиёти асрҳои миёна эҷод мекарданд. Н. Маҳфуз дар ривоҷи сабкҳои анъанавӣ («Шабҳои ҳазору як шаб», 1982; «Сайёҳати Ибни Фотим», 1983) ва сиёсӣ саҳм дошт. Мавзуъҳои мубрами сиёсию иҷтимоии муосири Миср дар осори Миср Темур, Ҳ. Тоҳо, Н. Маҳфуз (барандаи Ҷоизаи Нобелӣ дар адабиёт, 1988), Ю. Идрис, Сонал Иброҳим, ал-Ҳаким Тавфиқ, А. Лайл, Абдулсами Зайнуриддин бозтоб шудааст. Шоиру нависандагони маъруфи асрҳои 20–21: Ал-Қуайид, Б. Тоҳир, Миср ал-Бусатӣ, И. Аслон, Ҳ. Шалабӣ, С. Бакр (адиба), Р. Ошур, Миср Тилимсон, Миср ат-Таҳовӣ, Ғ. ал-Бадрӣ ва дигарон.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

вироиш

Қадимтарин осори ҳунарии Миср ба замони гузариш аз палеолит ба неолит (бошишгоҳи ал-Бадарӣ, тақр. 5500 то м.) тааллуқ доранд. Санъати Мисри Қадим дар заминаи фарҳанги замони неолит (олоти дафн ва кулолӣ), энеолит (зуҳури тасвирнигорӣ, сафоли сурх), фарҳанги мутараққии замони энеолити баъдӣ ташаккул ёфтааст. Замони зуҳури румиён ва ҳеллиниҳо (асри 4 то м. – 4 м.) фарҳанги қадимаи Миср бо фарҳанги олами атиқа омезиш меёбад. Дар аҳди Батолиса дар ҳудуди Миср маъбади зиёде (маъбади Гора ва Эдфу) бо усули омезиши меъморию ҳаккокӣ сохта мешавад. Замони ҳукумати қибтиҳо дар Миср санъати қадимии Миср бо анъанаҳои атиқии баъдӣ омехта мешавад. Аз асри 4 дар ш.-ҳои Нитрия, Скетис, Саккар, Эсна ва ғ. маъбаду калисоҳои масеҳӣ бунёд мешавад. Намунаи санъати ороишии қибтиҳо дар тасвири матоъҳо (тасвири гарданбанд ва Ҷабрис Муқаддас) инъикос ёфтааст. Осори санъати қибтиҳо то асри 13 мушоҳида мешавад. Замони густариши ислом санъати Миср ба санъати арабӣ таъсир мегузорад; ин давра ҳунару санъати қибтиҳо (бофандагӣ, истеҳсоли маснуоти филиззию шишагӣ, кулолӣ ва ғ.) маъмул буд. Баъдҳо усули биносозии исломӣ ва насронӣ бо меъмории Миср меомезад. Дарвозаҳои бузурги манорадор, ки бо кандакорӣ тазйин ёфтаанд, беҳтарин намунаи санъати меъмории Миср дар асри 11 маҳсуб меёбанд: Бобу-н-наср, Бобу-л-футуҳ, Бобу-з-зувайла.

Мусиқӣ

вироиш

Санъати мусиқии муосири Миср-ро ба шохаҳои арабию қибтӣ ва фолклор тақсим мекунанд. Асри 17 дар Миср санъати мусиқӣ бо забони арабӣ ташаккул меёбад. Мусиқии қибтӣ аз санъати мусиқии Мисри Қадим сарчашма мегирад, дар он таъсири мусиқиҳои юнонӣ, форсӣ, яҳудӣ ва ғ. мушоҳида мешавад. Фолклори Миср суруду мусиқии мисриҳои бадавӣ ва сокинони соҳилҳои б. Сурхро дарбар мегирад. Мусиқии мисрӣ дар санъати мусиқии арабӣ мавқеи хосса дорад. Олоти мусиқии зарбӣ (рубоб, танбӯр, доира ва ғ.), нафасӣ (анвои мухталифи най) ва созҳои торӣ (гитара, арфа) дар Миср хеле маъруф мебошанд. Асрҳои 13–15 санъати мусиқӣ ва фолклори араб ба авҷи камол мерасад. Ин давра дар дарбори шоҳону ашроф барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешуд. Суруду мусиқие, ки барои ашроф эҷод мешуд, нисбат ба фолклор ва сурудҳои халқӣ бартарӣ дошт. Таъсири мусиқии яҳудӣ таҳким меёбад; ба эҷодиёти композиторони яҳудӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад ва истихдоми олоти мусиқии аврупоӣ (ғижжак, саксофон ва асбобҳои нафасӣ) омӯхта мешавад. Замони ҳукумати Муҳаммад Алӣ аввалин мактабҳои мусиқӣ таъсис меёбанд. Соли 1896 дар ш. Қоҳира театри опера таъсис ёфт. Солҳои 1910–20 опереттаи арабӣ (муассисаш композитор Сайид Дарвеш) маъмул мешавад. Намояндагони санъати мусиқии Миср – Муҳаммад Абдулваҳҳоб (сароянда, композитор ва коргардон), Умм Кулсум ва Лайло Мурод (сароянда), Амр Диаб, Муҳаммад ал-Ғасабӣ, Закариё Аҳмад (мусиқинавоз). Соли 1914 дар ш. Қоҳира клуби мусиқӣ таъсис дода шуд, ки баъдтар ба Мактаби мусиқии шарқӣ ва (1929) Институти мусиқии арабӣ табдил дода шуд. Соли 1935 Институти мусиқии занон, соли 1959 Консерваторияи Қоҳира (филиалаш дар ш. Искандария) таъсис ёфт. Институти тарбияи мусиқии Қоҳира, Мактаби олии мусиқӣ ва Институти хореографӣ мутахассисони касбиро омода мекунанд. Дар даҳсолаи охир нуфузи мусиқиҳои аврупоӣ дар шаҳру деҳоти Миср густариш ёфт; Сурудҳо бо забони арабӣ ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар жанрҳои попу рок ва эстрада суруда мешаванд.

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Миср дорад

Адабиёт

вироиш
  • Кильберг Х. И. Египет в борьбе за независимость. Миср, 1950;
  • Всеобщая история архитектуры. Т. 1. Миср, Всеобщая история архитектуры. Т. 1. Миср, 1958;
  • Шуринова Р. Коптские ткани. Миср, 1960;
  • Подольский А. Искусство средневекового Египта / Веймарн Б., Каптерева Т., Подольский А. Искусство арабских народов (средневековый период). Миср, 1960;
  • Брэстед Д. Г. История Египта с древнейших времен до персидского завоевания / Пер. с англ. Т. 1–2. Миср, 1915;
  • Турабаев Б. А. Древний Египет. Пг., 1922.