Забеҳуллоҳи Сафо (форсӣ: ذبیح‌الله صفا‎; 7 май 1911, Шаҳмирзод[d], Устони Симнон29 апрел 1999, Любек[d], Шлезвиг-Ҳолштайн) — пажӯҳишгар, тарҷумон, мусаҳҳеҳи мутун, устоди мумтози донишгоҳи Теҳрон, ҳамосапажӯҳ ва шахсияти барҷастаи адабӣ дар Эрони муосир ва мулаққаб ба «падари таърихи адабиёти Эрон», аз ҷумлаи нависандагони аслии Донишномаи Эронико. Аз таълифоти машҳури ӯ китобҳои "Таърихи адабиёт дар Эрон ва «Ҳамосасароӣ дар Эрон» аст.

Забеҳуллоҳ Сафо
форсӣ: سید ذبیح‌الله صفا شهمیرزادی
Таърихи таваллуд 7 май 1911(1911-05-07)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 апрел 1999(1999-04-29) (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Commander of the French Order of Academic Palms
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Таълимотӣ ӣбтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш ва Бобул гирифта, Донишкадаи Теҳронро хатм намудааст. Дар донишкада Сафо рисолаи «Ҳамосасароӣ дар Эрон»-ро навишта, соҳиби унвони доктори илми адабиёт гардид ва дар ҳамин донишкада ба сифати муаллими адабиёт ба кор машғул шуд. Ӯ фаъолияти илмию адабиашро аз аввали солҳои 30 сар кардааст. Нахустин мақолаҳои илмӣ ва шеърҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳои «Меҳр», «Эрони имрӯз», «Таълим ва тарбият» мунташир шудаанд. Солҳои 40 дар таъсиси маҷаллаи илмиву адабии «Сухан» (1943) фаъолона иштирок карда, вазифаи сармуҳаррири онро ба уҳда дошт. Муҳимтарин асари тадқиқотии Сафо «Таърихи адабиёт дар Эрон» мебошад, ки муаллиф барои таълифи ин асар беш аз 20 соли умрашро сарф кардааст. Токунун се ҷилди ин асар нашр шудааст, ки дар он материалҳои зиёде доир ба таърихи адабиёти форс-тоҷик гирд оварда шудаанд. Тадқиқоти муқимми дигари Сафо «Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷуми ҳиҷрӣ» (1953), «Мухтасар дар таърихи таҳаввули назм ва насри порсӣ» (1952), «Ганҷи сухан» (хрестоматия иборат аз 3 ҷилд, назм), «Ганҷинаи сухан» (ҳрестоматия иборат аз 4 ҷилд, наср) мебошанд. Ба ғайр аз асарҳои илмию тадқиқоти дар маҷадлаву рӯзномаҳо ва тазкираҳо бисёр шеърҳои Сафо ба табъ расидаанд. "Ӯ ашъори худро бо сабку услуби шеъри классикӣ эҷод кардааст. Сафо бо тарҷума низ машғул шуда, баъзе асарҳои шоир ва публисисти франсавӣ Ламартинро ба забони форсӣ гардондааст.

Адабиёт

вироиш
  • Сафо Забеҳуллоҳ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).