Корхонаи худравсозии Чкаловск
«Корхонаи худравсозии Чкаловск» (ЧАЗ) — корхонаи истеҳсоли автобусҳои дараҷааш хурди тамғаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Чкаловски Тоҷикистон.
Соли таъсис | 1953 |
---|---|
Макон |
Дар шаҳри Чкаловски (номи махфиаш — «Ленинабад-30») ҶШС Тоҷикистон аз соли 1953 корхонаи таъмири худравҳо барои эҳтиёҷоти Вазорати мошинсозии миёнаҳаҷми ИҶШС (Минсредмаш СССР), ки инчунин бо истеҳсоли неруи атом, аз ҷумлаи нахустин коргоҳи кишвар доир ба истеҳсоли кони маъдани уран дар «Комбинати № 6» вилояти Ленинобод ш. Чкаловск (ҳоло Гулистон (шаҳр)) фаъолият мекард.
Дар соли 1960 дар ин корхона, ба истеҳсоли маҳсулоти худ — автобусҳо шурӯъ намуданд ва он минбаъд ба корхонаи автобуссозӣ табдил ёфта буд. Автобусҳои истеҳсолнамудаи корхона ҳамчун нақлиёти мусофирбари боэътимод ва камхарҷ, барои иҷрои корҳои гуногун дар дигар корхонаҳои вазорати Минсредмаш, аз ҷумла дар тақозои шаҳри махфии «Красноярск-26», ҳоло ш. Железногорск, дар корхонаҳои дигар соҳаҳо истифода бурда мешуданд. Ба ғайр аз автобус, дар коргоҳ аз соли 1961, инчунин систернаҳо истеҳсол карда мешуданд.
Автобусҳои ЧАЗ дар асоси шассии корхонаи ГАЗ намуди вагонмонанд буданд. Аввалин модели коргоҳ «Тоҷикистон-1» бо басти чўбӣ таъсис ефта, дар асоси шассии худравҳои ГАЗ — 51 ва дар заминаи коргоҳи автобусҳои Каунас (KAG) то соли 1976 истеҳсол мегардид. Аз соли 1970 ҳамзамон автобуси «Тоҷикистон-2» дар асоси шассии худравҳои ГАЗ-53 А низ истеҳсол карда мешуд.
Дар охири солҳои 1970 чанд намуд автобусҳои озмошии «Тоҷикистон — 3» ва «Тоҷикистон — 4» дар асоси шассии худравҳои ЗИЛ — 130 низ бароварда шудаанд. Баъди онҳо модели нави «Тоҷикистон — 5» бо кузови нав дар асоси шассии худравҳои ЗИЛ — 130 баромад. Дар автобус 25 ҷойи нишаст, миқдори умумии ҷойҳо — 42-то буд. Баъди модернизасия, автобусҳо зери тамғаи ЧАЗ-3205 ва ЧАЗ-3223 бароварда мешуданд.
Дар байни солҳои 1980-ум ва 1990-ум дар нақша истеҳсоли автобусҳои модели 4209 ва 42091 дар асоси шассии худравҳои ЗИЛ-4331 ва ЗИЛ-4333, таҳияи ВКЭИавтобуспроми Лвов дар назар буд. Вале, азхуд намудани истеҳсоли автобусҳо то пошхӯрии ИҶШС амалӣ нашуд.
Баъди пош хӯрдани ИҶШС дар коргоҳ ҶДММ ширкати муштараки «Хуҷанд-ЗИЛ» таъсис дода шуда буд. Коргоҳ ба миқдори хурд барориши автобусҳоро таҳти унвони ЧАЗ-3223 ба роҳ монда буд. Дар соли 1995-ум истеҳсоли намудҳои гуногуни автобусҳо (таҳти номи Родние-3230) месохт. Истеҳсоли чунин автобусҳо минбаъд, дар натиҷаи дуздида шудани ҳуҷҷатҳо, дар Русия, дар шаҳри Родникии вилояти Иваново, ба роҳ монда шуда буд.
Эзоҳ
вироиш- «Грузовик Пресс» № 12/2006
- ООО ҶДММ "Ширкати муштараки «Хуҷанд-ЗИЛ»
- Худжант-ЗИЛ Дар портали рушди Тоҷикистон
- «Мошини Пресс» № 12/2006
- ҶДММ "Ширкати муштараки «Хуҷанд-ЗИЛ»
- Таҷҳизоти суратгирӣ дар автобуси ЧАЗ [1](пайванди дастнорас), [2](пайванди дастнорас), [3](пайванди дастнорас), [4](пайванди дастнорас)
- Худжант-ЗИЛ Дар портали рушди Тоҷикистон
- «Хуҷанд — ЗИЛ» (акс ва таърихӣ, соли 1991)