Заррингул
Заррингул (Solidago) (lang-fa|روئینه زرین), ҷинси рустаниҳои бисёрсолаи алафии мансуби мураккабгулҳо. Пояи рост, барги байзашакл, хӯшагули сабадак, гулҳои майдаи зард дорад. Қариб 100 намуди Заррингул асосан дар Амрико, Аврупо ва Осиё, дар собиқ СССР қариб 20 намудаш вомехӯрад. Дар буттаву арчазор, қад-қади ҷӯй ва нишебии дараҳои Тоҷикистон 2 намуди худрӯи Заррингул (Solidago kuhistanica ва Solidago daurica) дучор меояд. Заррингулии канадӣ (Solidago canadensis) гули маъмул аст.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Нигаред
вироишАнбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: