Мураккабгулҳо (лот. Compósitae) ё Косниҳо (лот. Asteráceae) — оилаи рустаниҳои дупалларо гӯянд. Дар тамоми кураи Замин қариб 25 ҳазор намудашон мавҷуд аст. Аксарияти мураккабгулҳо рустаниҳои алафианд. Дар арзҳои мӯътадил мураккабгулҳои нимбуттаю бутта ва дар тропи­кӣ буттаю дарахт бештар мерӯянд. Мураккабгулҳои обӣ, ботлоқӣ ва лиана каманд.

Мураккабгулҳо
Тасвири 12 хӯшагули мураккабгулҳо
Тасвири 12 хӯшагули мураккабгулҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Asteraceae Bercht. & J.Presl (1820), nom. cons.
Мутародифот
  • Compositae Giseke — Мураккабгулҳо
Номенклатурный тип
Таксонҳои хоҳар

Тавсифоти биологӣ

вироиш

Мураккабгулҳо баргҳои паи ҳам, баъзан рӯ ба рӯ ҷойгиршуда, хӯшагули сабатак доранд. Гули мураккабгулҳо бекосабарг, гардбаргаш 5-то, ғӯракаш поёнии якхонагӣ буда, гинесеяш аз 2 мевабарг иборат аст.

Густариш

вироиш

Дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ қариб 225 ҷинс ва зиёда аз 3,5 ҳазор намуди мураккабгулҳо маълуманд. Дар Тоҷикистон қариб 105 ҷинс ва 600 намуди мураккабгулҳо аз кӯҳҳои паст то ноҳияҳои абадӣ бо барф пӯшидашуда месабзанд. Дар байни онҳо намудҳои ҷинси хоралаф (зиё­да аз 115 намуд), шибоғ (қариб 60 намуд), юринея (зиёда аз 30 намуд) бештар паҳн шудаанд. Намудҳои ҷинси Gerbera, Acroptilon, Echinopa, Polytaxis ва ғайра (дар кадоме 1 намуд дорад) кам мерӯянд. Як қатор мураккабгулҳо решаи ғафси лӯндамонанд доранд. Ба онҳо намудҳои ҷинси Scorzonera, Helianthus ва ғайра мансубанд.

Корбурд

вироиш

Дар бай­ни мураккабгулҳо рустаниҳои доруӣ хеле бисёранд. Macалан, бобуна, дарманаи румӣ, коснӣ, тархун ва ғайра.

Бисёр намудҳои мураккабгулҳо рустаниҳои асаловар ва хӯроки чорво мебошанд. Намудҳои ҷинси шибоғ дар чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона хӯроки асосии бузу гӯсфанд ба шумор мераванд.

Дар байни мураккабгулҳо рустаниҳои ороишӣ низ хеле бисёранд. Macалан, аббосӣ, бахмалгул, довудӣ, картошкагул, киквош, мино ва ғайра.

Як қатор рустаниҳои муҳими хоҷагии қишоқ, ба монанди офтобпараст, маъсар, қоқу, коснӣ, анганор, гвайюла ва ғайра низ ба мураккабгулҳо мансубанд. Баъзе мураккабгулҳо (талха, хори морак, шири харак) алафҳои бегонаи зироатанд.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. См. ссылку GRIN в карточке растения.

Адабиёт

вироиш
  • Цветоводство в городах и посёл­ках Таджикистана, Душанбе, 1965;
  • Поля­ков П. П., Систематика и происхожде­ние сложноцветных, Алма-Ата, 1967.

Сарчашма

вироиш