Заур Дахте
Заур Дахте (Дахте Заур Рустамович; 18 августи 1936[1], Доғистон — 15 августи 2024, ноҳияи Варзоб, Тоҷикистон) — филмбардор, аккос ва ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Дахте Заур Рустамович |
Таърихи таваллуд: | 18 август 1936 |
Зодгоҳ: | Доғистон |
Таърихи даргузашт | 15 август 2024 (87 сол) |
Маҳалли марг: | Варзоб, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | филмбардор, аккос |
IMDb: | ID 1125649 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишӮ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардааст. Ӯ то синфи 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил намудааст. Заур Дахте аз соли 1955 то соли 1958 дар парваришгоҳи байналмилалии Интердом шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъд барои кор ба студияи «Тоҷикфилм» ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш, ӯро ба унвони филмбардори студияи «Тоҷикфилм» мешинохтанд.
Фаъолияти эҷодӣ
вироишРисолаи дипломии ӯ филми кӯтоҳи ҳунарии «Лола» буд, ки бар асоси достони ҳамноме аз Содиқ Ҳидоят, нависандаи фақиди эронӣ сохта шудааст. Пас аз ин филм ӯ ба унвони филмбардор ва таҳиягар шуҳрат пайдо кард. Соли 1968 ӯ филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна»-ро филмбардорӣ кард. Сипас, силсилаи филмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (дар ду қисмат, дар таҳияи М.Қосимова), «Паланг зарур аст» (дар таҳияи Б. Арабов), «Шераки ҷасур» (дар таҳияи М. Маҳмудов)-ро филмбардорӣ кард.
Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. «Одам пӯсташро иваз мекунад» ва «Рустам ва Суҳроб» беҳтарин филмҳои сохти «Тоҷикфилм» маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар сохти ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.
Заур Дахте дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. Ду филми ӯ ба Малика Собирова, ситораи балети тоҷик ва шӯравӣ ихтисос доранд. «Малика»- филми аввали Заур Дахте соли 1966 ҷоизаи ҷашнвораи синамои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба худ ихтисос дод. Дар соли 1982, пас аз даргузашти Малика Собирова, Заур Дахте филми дуюми худро бо номи «Маликаи мо» сохт.
Дар даҳаи 1970 ва 1980 Заур Дахте борҳо ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро филмбардорӣ кард. Сужаҳои зиёде дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷасаммаи Буддоро филмбардорӣ карда, ки ҳоло дар музеи мардумнигории Тоҷикистон маҳфуз аст.
Ҷасорату мардонагии Заур баъд аз он вирди забонҳо шуд, ки ӯ барои филмбардории Юрий Баранов, қаҳрамони ҷаҳон дар чатрбозӣ дар филми «Маҳалли зиндагиаш-осмон» 17 маротиба бо чатр ва дурбини филмбардорӣ худро аз ҳавопаймо парт кард. Барои ин филм ӯ дар соли 1982 ҷоизаи аввали ҷашнвораи байналмилалии Каунас дар Литваро ба худ ихтисос дод.
Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шуарои бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тилоии синамои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд.
Аккосӣ
вироишДар канори филмбардорӣ Заур Дахте ба аккосӣ ҳам алоқаи зиёде дорад. Солиёни зиёдест, ки ӯ аккосӣ мекунад. Аксҳояш ба мавзӯъҳои гуногун ихтисос доранд. Дар ин аксҳо танаввӯъи рангҳо ба назар мерасад ва гармии қалби аккос эҳсос мешавад. Соатҳо ин аксҳоро мешавад тамошо кард. Дар сукути аксҳои Заур Дахте умқ ва ҳаракат дида мешавад — ҳаракати эҳсосот ва андеша. Зоҳиран ин падидаест қонунӣ, вақте филмбардор аккосӣ мекунад. Албатта, на филмбардори маъмулӣ, балки яке аз беҳтарин филмбардорони синемои тоҷик.
Намоиши аксҳо
вироишАввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Рустамович Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда буд. Баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор шуданд.
Ҷоизаҳо
вироишПас аз баргузории муваффақонаи намоиши аксҳои Заур Дахте дар Русия ва Фаронса, Ҳукумати Тоҷикистон заҳамоти ӯро бо медали «Хидмати Шоиста» қадр кард. Соли 2011 Заур Дахте барандаи унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон шуд. Соли 2021 дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошкент Заур Дахте барои кори ҳаёташ бо ҷоиза сарфароз гардид.
Даргузашт
вироишЗаур Дахте 15 августи 2024 бар асари як тасодуфи ҷодаӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб даргузашт[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Заур Дахте. Кино-Театр.РУ. 4 октябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Нигина Аслонова. В Таджикистане погиб известный кинооператор и фотохудожник Заур Дахте. asiaplustj.info. ASIA-Plus (15 августи 2024). 15 августи 2024 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Sputnik. Дар Душанбе 60-соли эҷодиёти Заур Дахте қайд мешавад(тоҷ.). sputnik-tj.com. 4 октябри 2017 санҷида шуд.
- Дил ба ёру даст – ба кор. Заур Дахте 80-сола шуд. ВИДЕО. Радиои Озодӣ. 4 октябри 2017 санҷида шуд.
- Секрет фамилии Заура Дахте | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Бойгонӣ шудааст 13 Январ 2017 сол. Проверено 4 октябри 2017.
- В Вашингтоне прошла фотовыставка работ Заура Дахте - Avesta - информационное агентство(рус.), Avesta - информационное агентство (13 сентябри 2016). Проверено 4 октябри 2017.
- Нигора Бухари-заде. Родом из «Туде». История иранской политэмиграции в судьбах и лицах. www.safarov.ru. 4 октябри 2017 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Заур Дахте. Академияи Чандрасонаии Тоҷик. tajikmultimedia.org. 4 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 марти 2016.