Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев (18 майи 1925, Ёва, уезди Хуҷанд – 1998, шаҳри Хуҷанд) — яке аз барқароркунандагони сохти советӣ дар Тоҷикистон. Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 18 май 1925 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров |
Таърихи даргузашт | 1998 |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишМактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистонро (1960) хатм кардааст. Соли 1938 ҳамроҳи падараш ба водии Вахш кӯчид. Соли 1943 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, ҳамчун аскари қаторӣ дар ҳайати Фронти 1-и Назди Балтика зидди фашистон ҷангидааст. Дар яке аз муҳорибаҳо маҷрӯҳ шуда ба зодгоҳаш баргаштааст. Солҳои 1945 – 1951 табелчӣ, сипас муҳосиб дар колхозҳои ба номи Сталин ва «Қизил Аскар» ноҳияи Ворошиловобод, 1951 – 57 котиби ҳизбии колхозҳои ба номи Сталин ва Хрушеви ҳамин ноҳия, 1960 – 76 раиси колхози «40-солагии Октябр», 1974 – 1976 директори заводи пиллахушккунӣ, 1979 – 1987 раиси колхози ба номи М. Горкийи ноҳияи Колхозобод. Аз соли 1987 нафақагир буд.
Ҷоизаву орденҳо
вироишБо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.