Зоир Раҳмонзода
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – олим , вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ | |
Таърихи таваллуд: | 8 январ 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Фархор , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишРаҳмонзода Зоир Файзалӣ 8 январи соли 1981 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 2003 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро хатм намудааст. Ихтисос-иқтисодчӣ-информатик. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро дар соли 2013 соҳиб шудааст.
- Солҳои 2003-2004 - Устод – коромўзи Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати шаҳри Душанбе
- Солҳои 2004-2005 - Ассистенти Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати шаҳри Душанбе
- Солҳои 2006-2007 - Муҳандис – барномасози компютерҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати шаҳри Душанбе
- Солҳои 2006-2011 - Омўзгори калони Кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ДСХ ш. Душанбе
- Солҳои 2008-2012 - Директори Маркази иттилоотӣ – иртиботии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати шаҳри Душанбе
- 05-10 соли 2012 - Декани факултети соҳибкорӣ ва бизнеси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати шаҳри Душанбе
- Солҳои 2012-2013 - Мудири Кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати шаҳри Душанбе
- Солҳои 2013-2017 - Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
- Аз феврали соли 2017 то с. 2020 - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2020.