Иброн Шарипов (тав. 10.10.1931, ноҳияи Сангвор — ваф. 7.03.2013, шаҳри Душанбе) — файласуф ва сиёсатшинос тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1979), профессор (1980).

Иброн Шарипов
Иброн Шарипов
Таърихи таваллуд 10 октябр 1931(1931-10-10)
Зодгоҳ ноҳияи Сангвор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 7 март 2013(2013-03-07) (81 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Институти фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Соли 1956 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1956—1958 дар кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб кор кардааст. Солҳои 1959—1960 ҳамчун директори мактаби миёнаи ба номи Фридрих Энгельси ноҳияи Восеъ фаъолият намудааст. Солҳои 1960—1963 аспирант, 1964—1968 ходими хурди илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ буд. Солҳои 1968—1970 ҳамчун ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ кор кардааст. Солҳои 1971—1983 сарварии сектори коммунизми илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ, 1984—1994 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба уҳда дошт. Солҳои 1994—1997 ҳамчун профессори кафедраи мазкур кор кардааст. Солҳои 1998—2001 мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, 2001—2009 профессори кафедраи мазкури Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Ҳамзамон аз соли 2004 инҷониб дар шуъбаи фалсафаи сиёсати Институти фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ ба ҳайси сарходими илмӣ кор мекард. Иброн Шарипов 7.03.2013 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст.[1] Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Таълифоти ӯ ба масъалаҳои ташакулли муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, худшиносии миллӣ ва бунёди давлати миллӣ, таҳкими давлатдории тоҷикон дар давраи соҳибистиқлолӣ, ташаккул ва инкишофи ҳуввияти миллии тоҷикон бахшида шудаанд. Бо ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1983) ва ҷамъияти «Дониш» (1984) сарфароз карда шудааст.

  • Ҳақиқат — хусусияти ҷудонопазирии инсони советӣ, Д., 1965;
  • Гуманизм ва шахсият, Д., 1967;
  • Ташаккулёбии ахлоқи коммунистӣ, Д., 1975;
  • Роҳҳои азнавинкишофёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар ҷодаи инкишофи муносибатҳои ғайрикапиталистӣ, Д., Ҷ.1., 1976;
  • Қонуниятҳои ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъиятии сотсиалистӣ дар Тоҷикистон, Д., 1983;[2]
  • Преобразование идеологических отношений в Таджикистане, Д., 1986;
  • Загадочная трагичность судбы таджиков и таджикской государственности // Известия АН РТ. Серия философия и правоведение, Д., 2005, № 1-4;
  • Эпохальное событие на путях укрепления национального государства // Известия АН РТ. Серия философия и правоведение, Д., 2004, № 3-4.
  • Становление таджикской государственности /Ответственные редакторы: Шоназар Шоисматуллоев, Абдугафор Шарипов, Д., 2013,[3]

Пайвандҳо

вироиш