Икромов Саидбурҳон (Икромӣ)

Икромов Саидбурҳон (Икромӣ) (21 июни 1954, ноҳияи Айнӣ) — нависанда.

Икромов Саидбурҳон
Икромов Саидбурҳон
Таърихи таваллуд: 21 июн 1954(1954-06-21) (69 сол)
Зодгоҳ: Ноҳияи Айнӣ
Навъи фаъолият: нависанда, шоир ва драматурги тоҷик
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Икромов Саидбурҳон 21 июни соли 1954 дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст.

    Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 8 ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрориро дар деҳаи Зосун ва соли 1978 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) - ро дар риштаи суханшиносӣ  хатм намудааст.

    Солҳои 1975-1977 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат намудааст.

    Фаъолияти омӯзгориашро солҳои 1978-1988 дар мактаби миёнаи рақами 1 ба номи С.М. Кирови ноҳияи Айнӣ оғоз намудааст. Як муддат дар мактаби миёнаи деҳааш низ чун муовини директори мактаб фаъолият кардааст

     Соли 1996 ба Душанбе омада якчанд сол дар Донишкадаи бозомӯзӣ ва хадамоти методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи мудири шуъбаи табъу нашр кор кардааст. Минбаъд фаъолияти корашро дар самтҳои мухталифи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе идома додааст. Дар айни ҳол бо Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дорад.

    Икромов Саидбурҳон дар як вақт дар баробари фаъолияти педагогиаш инчунин дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ фаъолият дорад. Зиёда аз 200 мақолаву навиштаҷоти илмиву методӣ ва оммавии ӯ дар васоити ахбори омма (ВАО), дар рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфуз интишор ёфтаанд. Чанд муддат сармуҳаррири рӯзномаи “Солимӣ ва дарозумрӣ” буд. Чандин солҳо боз дар бораи паҳлӯҳои татқиқнашудаи зиндагӣ ва эҷодиёти Туғрали Аҳрорӣ пажӯҳиш мекунад ва дар ин боб мақолаҳо ва китобҳои алоҳидаро ба табъ расонидааст. Ӯ китобҳои “Мирзо Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ”, “Ҷовид бимонд ба ишқ Туғрал”, “Шаҳбози мулки маънӣ”, “Таърихи тақвими шарқӣ”, “Доктор Тоҳириро бишносед” ва “Феҳрасти библиографии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ”-ро ба нашр расонидааст. Инчунин, мақолаву навиштаҳои ӯ дар китобҳои алоҳидаи ва дастҷамъии  “Суханварони Зарафшон”, “Туғрали ахтарбаланд”, “Туғрали боғи малакут”, “Яксаду ду ғазал дар танзими Туғрал”, “Шамси маърифат”, “Ахтари тобони илм”, “Педагог ва олими асили кимиё”, “Чароғи маҳфили дилҳо”, “Ҳалими дилҳо”, “Хоксорӣ исми аъзами туст”, “Колыбел любви” (“Гаҳвораи ишқ”, Қирғизистон) ва чанде дигар ҷойгузин ва интишор ёфтааст.

    Китоби навбатиашро бо номи “Ифтихори зумраи Аҳрориён” аз рӯзгору осори Пири тариқати сулуки нақшбандия Хоҷа Аҳрори Валӣ ва шоири шаҳиру шаҳид Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ қисса мекунад.

    Узви Конфедератсияи байналмиллалии Иттифоқҳоии журналистӣ ва инчунин узви Иттифоқи байналхалқии нависандагон ва табибон мебошад.   

Адабиётҳо вироиш

  • Феҳристи библиографии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ. - Душанбе: Ирфон, 2003. - 112 с.


Нигаред низ вироиш