Илёс Эфраимович Маллаев (12 сентябр 1936, Марв, ИҶШС2 май 2008, Ню Йорк, ИМА) — шоир, мусиқачӣ, бастакор, драматургу овозхони советӣ-яҳудӣ. Артисти Хизматнишондодаи ҶШС Ӯзбекистон (1982).

Илёумани Эфрамович Маллаев
Иляумани Эфраимович Маллаев
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 12 сентябр 1936(1936-09-12)
Зодгоҳ Марв, Туркманистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 02.05.2008,
Маҳалли даргузашт Ню Йорк, ИМА
Солҳои фаъолият аз 1945
Кишвар
Пеша(ҳо) композитор, драматург, мусиқидон, овозхон
Соз Тор
ilyasmalayev.com

Зиндагинома

вироиш

Илёс Маллаев соли 1936 дар шаҳри Марв, Туркманистон, ИҶШС ба дунё омад. Ӯ дар оилаи яҳудии Эфраиму Елизавета Маллаевҳо. Илёс фарзанди сеюм буд.

  • Дар солҳои кӯдаконаш бо оилаи худ ба шаҳри Каттақурғон, ҶШС Ӯзбекистон кучид ва дар ҳамон ҷо ӯ мусиқии анъанавии халқӣ хусусан Шашмақом шурӯъ кард.
  • Дар соли 1951 ба шаҳри Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон рафт ва бо ансамбли Тамара Ханум, Артисткаи халқии ИҶШС, ба саҳна баромадe ҳамчунин бо артистҳои ӯзбек, тоҷику яҳудии бухороӣ.
  • Дар соли 1978 Илёс Артисти хизматнишондодаи ҶШС Ӯзбекистон шуд.
  • Дар соли 1992, баъди фурупӯшии СССР, Илёс бо оилаи худ аз Ватанашон монда рафтанд ба Штатҳои Мутаҳидаи Амрико (ШМА), дар райони Квинс, шаҳри Ню Йорк, ба куҷо ки бисёр оилаҳои яҳудии бухороӣ аз Осиёи Миёна омаданд баъди соли 1991.
  • Дар ШМА, Илёс Маллаев фурсатҳою имкониятҳо дошт барои нашр кардани кори худ. Дар соли 1994 китоби якумаш: "Ширу Шакар" нашр шуд дар Ню Йорк ва китоби дуюмаш: "Садои Дил/Қалб Садоси/Девон" ҳам нашр шуд. Ҳар ду китобҳо дар забонони тоҷикию яҳудию, ҳамчунин дар лафзи модарии худ, забони яҳудиёни бухороӣ чоп шуда буданд.
  • Илёс Маллаев ба бисёр забонони халқии оламро менависту медонист монанди забонони: русӣ, яхудию ӯзбекӣ, порсию армонӣ, озарбайҷонию забони модариро, яҳудии бухороӣ.
  • Рӯзи 2 майи соли 2008 Илёс Малаев дар шаҳри Ню Йорк паси парда шуд. Дар гӯристони яҳудии "Маунт Кармел" рӯзи 4 май ба хок супурда шуд.

Илёс Маллаев шавҳари Артисткаи Халқии ҶШС Ӯзбекистон Любов Шамаева буд. Онҳо се фарзанд доштанду калон карданд: Раҷ, Наргиз, ва Виолетта.