Инъом Асроров
Инъом Асроров (3 марти 1938, ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 3 марти 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (1985), профессор (1987). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999).
Таърихи таваллуд | 3 март 1938 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 3 март 2009 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1959). Солҳои 1959—1962 таҳсил дар аспирантура. Солҳои 1962—1993 ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири сектор ва мудири шуъбаи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (баъд тар Институти иқтисодиёти АИ ҶТ), 1993—2000 мудири шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибат ҳои байналмилалӣ, 2000—2009 муовини директор оид ба илми Институти иқтисодиёти АИ ҶТ буд.
Фаъолияти илмӣ
вироишӮ доир ба самтҳои ба талаботи иқтисодиёти бозори муосир ҷавобгӯ, масъала ҳои баҳодиҳии иқтисодии истифодаи за хи раҳои истеҳсо лии кишоварзӣ, моҳияти ҳисоби хоҷа гӣ ва хусусиятҳои вай дар корхонаҳои агросаноатӣ, базаи моддӣ-техникӣ ва роҳҳои иқтисодии амалӣ намудани барномаи таъмини озуқаворӣ, муносибатҳои бозорӣ дар комплекси агросаноатӣ, масъалаҳои муҳимми барқа рор намудан ва тараққӣ додани соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва мавзӯи муҳимми иқти со диёти бозорӣ дар Тоҷикистон таҳқиқот анҷом додааст.
Асроров дар таҳия ва коркарди «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» бевосита ширкат дошт. Муаллифи беш аз 200 мақола, 14 рисола, 14 дастуру воситаи таълим мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 18 нафар рисолаҳои номзадӣ, 3 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя кардаанд. Асроров дар баробари таҳқиқоти илмӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шуда, дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз фанни иқтисодиёт дарс медод.
Осор
вироиш- Пудрати иҷоравӣ дар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ. — Душанбе, 1990;
- Земля: собственность или аренда. — Душанбе, 1990;
- Рыночные отношения в АПК. — Кӯлоб, 1994;
- Дастур барои таҳияи стратегияи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақаи мушкилотдошта. — Душанбе, 2004;
- Интегратсияи иқтисодиёти Тоҷикистон: проблема ва роҳҳои ҳалли он. — Душанбе, 2006[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.23