Иоҳан Волфганг фон Гёте
Гёте (Goethe) Иоҳан Волфганг (28.08.1749, Франкфурти лаби Майн − 23.03.1832, Веймар) — шоир, нависанда, намоишноманавис, наққош, муҳаққиқ, инсоншинос, файласуф ва сиёсатмадори олмонӣ.
Иоҳан Волфганг фон Гёте | |
---|---|
олмонӣ: Johann Wolfgang von Goethe | |
![]() | |
Ном ҳангоми таваллуд | олмонӣ: Johann Wolfgang von Goethe |
Таърихи таваллуд | 28 август 1749[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 22 март 1832[1][3][3][…] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | шоири вакил, theatre manager, botanist, сиёсатмадор, рассом, файласуф, илоҳиётшинос, ҳуқуқшинос, art critic, мунаққиди мусиқӣ, китобдор, шоир, сафарноманавис, физикдон, адиб, румоннавис, намоишноманавис, зиндагиноманавис, дипломат, ходими давлатӣ, аллома, aphorist, ҳаррӯзноманавис, mineralogist, ҷонваршинос, art theorist, вакил, оҳангсоз, либреттонавис, нависанда |
Падар | Johann Caspar Goethe[d] |
Модар | Katharina Elisabeth Goethe[d] |
Ҳамсар | Christiane Vulpius[d] |
Фарзанд | August von Goethe[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо |
![]() |
![]() | |
![]() |
Мазҳари «асри тилоӣ»-и ҳикмату адаби олмонӣ, яке аз мардони бузурги фарҳангии асри XVIII ва XIX Аврупо (дар қатори У.Шекспир дар Англия, В. Ҳюго дар Фаронса ва Данте дар Итолиё ҳамчун чаҳор рукни адабиёти Аврупо шинохта мешавад) ва яке аз афроди барҷастаи адабиёти ҷаҳон.
ЗиндагиномаВироиш
Дар хонадони шаҳрии сарватманду бомаърифат ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар назди устодони хусусӣ ба поён расонд; аз онҳо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, итолиёӣ, англисӣ, ибрӣ, забони яҳудиёни Аврупои Шарқӣ (баъдтар, фаронсавиро ҳангоми ишғоли шаҳри Франкфурт аз ҷониби фаронсавиён дар Ҷанги ҳафтсола) аз худ кард, мусиқию нақшакаширо омӯхт. Маълумоти ҳуқушиносиро дар шаҳрҳои Лейпсиг ва Страсбург ба даст оварда, ба дараҷаи доктори ҳуқуқ расид. Ӯ ба илмҳои табиӣ низ мароқ дошт. Нахустин маҷмӯаи ашъораш соли 1769 ба табъ расид. Аз замони шиносоияш бо И.Г. Ҳердердар соли 1770 – 1775 эҷодиёти Гёте бо ҷараёни адабии «Тӯфону туғён»иртибот мегирад ва аз пешгомони ин ҳаракати адабӣ буд. Гёте бо тавсияи Ҳердер ба осори Шекспир, ҳамосаҳои олмонии куҳан ва таронаҳои мардумӣ ошно шуд ва тавонист, ки имкониятҳои ғании лирикаи манзаравиро ба намоиш гузорад («Суруди оворае дар тӯфон», 1771; «Раҳгузар», 1772). Дар драмаҳои таърихии «Гётес фон Берлихинген» (ки соли 1773 бо илҳом аз Шекспир навишта шудааст), «Эгмонт» (1778) бо истифода аз шӯру шавқи озодидӯстӣ қолибҳои догматикии класситсизмро барҳам зад. Романи аввалини ӯ «Нокомиҳои Вертери ҷавон» (1774, ки тақрибан шарҳи ҳоли ӯст) дар сар то сари Аврупо маъруфият пайдо кард. Кидар он Гёте бо мувозинаи ратсионализми маорифпарварӣ ҷаҳони отифӣ (эҳсосотӣ)-и инсонробо нуктапардозӣ бозтоб кард.
ПайвандҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Jean Wolfgang Goethe de (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/2129 — 1808.