Сафарнома (форсӣ: سفرنامه‌‎) — қолаби китобест, ки дар он шахс дидаҳо, шунидаҳо, таҷрибиёт, рухдодҳо ва эҳсосоташро дар бораи он сарзаминҳои сафаркардааш барои огоҳ кардани дигарон менависад.

Таърих

вироиш

Сафарнома аз қадим баробари нақлу ривоятҳо вуҷуд дошт ва дар зимни онҳо эҷод мешуд. Сафарномаи давраҳои атиқа, асри миёна ва Эҳё арзиши илмӣ, маърифатӣ ва бадеӣ дорад (асари «Таърих»-и Ҳеродот, «Ҷуғрофиё»-и Страбон, «Германия»-и Тасит, «Китоб»-и Марко Поло, асарҳои Чжан Сяи, Ибни Маҷид ва ғайра). Дар асрҳои 17—18 Сафарнома ба шакли ҳуҷҷатҳо, қайдҳо, тасвири саёҳатҳои баҳру бар ва экспедисияҳо инкишоф ёфт. Дар асри 19 оид ба саёҳатҳои воқеӣ ҳам қайдҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳам очеркҳои сафарии нависандагон ба миён омаданд. Дар ташаккули очеркҳои сафар «Сафари ҳузнангез»-и Л. Стерн, «Сафари Италия»-и И. В. Гёте, «Номаи сайёҳи рус»-и Н. М. Карамзин ва «Саёҳат аз Петербург то Москва»-и А. Н. Радищев нақши намоён гузоштаанд. Ин жанрро романтикҳо (Ф. Р. Шатобриап, Г. Гейне, П. Мериме ва дигар) инкишоф доданд. Дар асри 19, алалхусус дар асри 20 очерки сафар шаклҳои гуногун пайдо кард (Александр Сергеевич Пушкин «Сафа- ри Арзрум», Антон Павлович Чехов «Ҷазираи Сахалин», Марк Твен «Соддаҳо дар хориҷа», Ю. Смуул «Яхнома» ва ғайра) ва ба яке аз жанрҳои асосии публисистика табдил ёфт. Дар асрҳои 15— 18 таваҷҷӯҳи адабиёт ба Сафарномаи воқеӣ бештар шуд. Сайёҳату кашфиётҳо асоси сюжети осори Ф. Рабле ва У. Шекспир буданд. Романи фалсафию иҷтимоии асрҳои 16—17 дар шакли қайду хотираҳои сафар эҷод гардид (Т. Мор, Ф. Бекон ва дигар). Дар асри 18 романи маорифпарварии Сафарнома шакл гирифт (Д. Дефо «Робинзон Крузо», «Саёҳат»-ҳои Ҷ. Свифт, Т. Смоллет ва ғайра). Дар асри 19 романтикҳо (Ҷ. Байрон «Зиёрати Чайлд Гаролд» ва ғайра), неоромантикҳо Р. Стивенсон ва дигар) Сафарномаи бадеӣ офариданд. Бештарини Сафарномаҳои асри 20 асоси ҳуҷҷатӣ доранд (повестҳои С. Свейг ва ғайра). Шаклу услуби Сафарномаҳои бадеӣ дар фантастикаи илмӣ ва адабиёти саргузашти бештар татбиқ мешавад.

Сафарномаҳои форсӣ

вироиш

Сафарнома дар адабиёти форс-тоҷик низ таърихи қадим дорад. Сафарномаҳои форсӣ-тоҷикӣ, чи дар назму чи дар наср, бо равияю услубҳои гуногун ба тарзи қайд ё рӯзномаи сафар («Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Савонеҳу-л-масолик ва фаросиху-л-мамолик»-и Возеҳ, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким), зиёратнома («Қандияи хурд»-и Абулфазл Муҳаммади Самарқандӣ, «Исмҳои бузургони Бухорои Шариф»-и Мир Абутоҳирхоҷа ва ғайра), ҳаҷнома (маснавии «Тӯҳфату-л-Ироқайн»-и Хоқонии Шервонӣ, Футӯҳу-л-ҳарамайн"-и Муҳйии Лорӣ, манзумаи «Ҳаҷнома»-и Сӯфӣ Аллоҳёр ва ғайра), рисолаҳои ҷуғрофиёӣ ва таърихӣ («Нузҳату-л-қулуб»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Хулосату-л-ҳаёт»-и Аҳмади Насруллоҳ, «Ёддоштҳо»-и Мирзо Бобои Ҳисорӣ, «Таърих»-и Абдулкарими Кобулӣ ва ғайра) таълиф ёфтаанд. Дар асри 19 вобаста ба авзои сиёсию иҷтимоии замон дар адабиёти тоҷик навъи нави Сафарнома пайдо шуд (баъзе бобҳои «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш). Ин равия дар Сафарномаҳои Возеҳ ва Мирзо Сироҷи Ҳаким давом ёфт. Як силсила Сафарномаҳо ба тасвири муфассали мавзеъҳо оиданд («Харобаҳои Мадоин»-и Хоқонӣ).

Адабиёти шӯравии тоҷик

вироиш

Дар адабиёти советии тоҷик Сафарнома дар шаклҳои достон («Сафари Фарангистон»-и Лоҳутӣ, "Қиссаи Ҳиндустон-и Мирзо Турсунзода), очерк (Ҷалол Икромӣ «Аз Сталинобод то ба Киев», Ғ. Мирзо «Сафари диёри дӯстон», А. Қаҳҳоров «Роҳҳо ва мулоқотҳо», Фазлиддин Муҳаммадиев «Нориниёнем мо»), повести публисистӣ («Дар он дунё»-и Фазлиддин Муҳаммадиев) эҷод шудааст. Сафарнома барои фаро гирифтани маълумотҳои ҷуғрофӣ, этнографӣ ва таҳлили ҷаҳони ботинии инсон имконияти калон медиҳад..

Адабиёт

вироиш
  • Сафарнома / А. Алимардонов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).