Ислом Назарович Ғуломов (09.05.1939, деҳаи Дараи н. Балҷувон), доктори илми педагогӣ (2012), профессор (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

Ислом Ғуломов
Ислом Назарович Ғуломов
Таърихи таваллуд 9 май 1939(1939-05-09) (85 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Балҷувон, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Ислом Назарович Ғуломов Соли 1963 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ба охир расонда, дар Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб солиён заҳмат кашидааст, вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи математика (1964-1971), декани факултаи физика ва математика (1972-1973), мудири кафедраи алгебра ва методикаи таълими математика (1973-1976), декани факултаи математика (1976-1981), мудири кафедраи методикаи таълими математика (1983-1996), ноиби ректор оид ба илм (1997-2001), профессори кафедраи алгебра ва геометрия (2001-2008), мудири ҳамин кафедра (2009-2012)-ро адо кардааст. Аз соли 2013 профессори кафедраи математикаи олии ҳамин донишгоҳ мебошад. Перомуни шеваҳои ҳалли масоили мантиқӣ, ҳисоббарорӣ, усул-ҳои таълими математика, осори риёзии мутафаккирони пешин ва ғайра қариб сад кори илмӣ-китобу рисола, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, илмӣ-методӣ ба хидмат овардааст.

Масъалаҳои мунтахаби ҳисоббарорӣ – Д., 1970 (ҳаммуаллиф); Усулҳои ҳалли масъалаҳои мантиқӣ. – Д., 1971; Математикаро чӣ тавр бояд омӯхт. – Кӯлоб, 1974; Назария ва амалияи ҳисоббарорӣ. – Д., 1975 (ҳаммуаллиф); Практикуми ҳалли масъалаҳо аз алгебра: Дастури методӣ. – Д., 1978 (ҳаммуаллиф); Кашшофони математикаи замони Сомониён. – Д., 1998; Очерки мухтасари кашфиёти методи муҳокимаронӣ. – Д., 1989; Масъалаҳои математикии олимпиадаҳои шаҳрӣ ва методҳои ҳалли онҳо. – Кӯлоб, 1990 (ҳаммуаллиф); Саргузаштҳои математикӣ. – Кӯлоб, 1992; Машғулиятҳои факултатив аз математика. Синфи 7. – Кӯлоб, 1992; Математикаро меомӯзем. – Кӯлоб, 1993 (ҳаммуаллиф); Таърих ва методологияи математика. – Д., 1999; Математикаи гулҳо. – Д., 2001; Алгебра ва ибтидои анализ. Китобидарсӣ барои синфи 10. – Д., 2005 (ҳаммуаллиф); Тарбия ва тайёр намудани муаллимони математика дар мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистон дар шароити имрӯза. – Қурғон-теппа, 2009; Воспитание и подготовка учителей математики в высшей педагогической школе Таджикистана в современных условиях: Дисс…доктора пед. наук. – Д., 2012; Андешаҳои зиндагӣ. – Кӯлоб, 2013.[1]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 154.