Исматулло Холиқов (зод. 21 июни 1960, ноҳияи Колхозобод) — овозхон ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2024)[1].

Исматулло Холиқов
Таърихи таваллуд 21 июн 1960(1960-06-21) (64 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2024)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1981 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро ба охир расонда, муддате дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Айнӣ ба сифати сароянда кор кардааст. Солҳои 1982—1992 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Қурғонтеппа фаъолият намуда, маҳорати сарояндагӣ ва оҳангсозиашро такмил бахшидааст. Аз соли 1993 дар дастаҳои ҳунарӣ (аз ҷумла дастаи эстрадии «Гулшан»)-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба ҳайси сароянда ва роҳбари бадеӣ хидмат ба ҷой овардааст.

Таронаҳо

вироиш

«Дидам санаме», «Холакат дона-дона», «Табассум кун», «Харидори туям», «Магзор, ки дунё бигзарад», «Сафое надорад», «Чашми пурхумор», «Биё баҳор омада», «Нигаҳбонат худо бодо», «Майда-майда», «Вахши ман», «Оташи меҳр», «Тӯёна», «Чашми туст», «Зиндагӣ», «Лолаи навбаҳор», «Гуле будӣ», «Гули ман», «Баҳори дил», «Шитоби зиндагӣ», «Ёри хушандом» аз зумраи беҳтарин таронаҳои ӯ мебошанд.

Таълифот

вироиш
  • Исматулло Холиқов, «Чашмаи меҳр»[2]. Д., 2024.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.