Исо Абдурашидов
Исо Абдурашидов (15 марти 1947, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб — 15 декабри 2018) — актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).
| |
Таърихи таваллуд: | 15 март 1947 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб |
Таърихи даргузашт | 15 декабр 2018 (71 сол) |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр ва синамо |
IMDb: | ID 0008319 |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 — 89) ва директори (1989—2008) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ. Аз соли 2008 ҳунарпешаи ҳамин театр ва ҳамзамон муаллими калони ДДСТ ба номи М. Турсунзода.
Эҷодиёт
вироишТеатр
вироишИсо Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 рол офаридааст. Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур («Рӯдакӣ»-и Ғ. Абдулло), Қиёмиддин мударрис («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шпигелберг («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер), Эдмунд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир), майор Собиров («Нахҳои печида»-и М. Холов), Муборакхон («Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло), домулло («Чорсӯ»-и Н. Табаров), Сталин («Драмаи миллат» ва «Ориёиро ёбед»-и СОЛИ Аюбӣ), гунг («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), Рустам («Зуҳури навини Суҳроб»-и Ф. Умаров), Исмоили Сомонӣ (намоиши оммавии театрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба муносибати 5-солагии истиқлоли Тоҷикистон) ва ғайра намунае аз ролҳои офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.
Синамо
вироишИсо Абдурашидов дар кинои тоҷик низ ролҳои ҷолиб офаридааст:
- Азизбек («Воқеа дар аэропорт», реж. Ю. Юсупов),
- лейтенанти калон («Қапқон барои шағолҳо», режиссёр Маҳмудов),
- Саид оҳангар («Дарди ишқ»-и режиссёр АСРИ Тӯраев),
- Абдураҳмонов («Маънии ҳаёт», «Ӯзбекфилм») ва ғайра.
Ба шаҳри Москва (1997), ҶИЭ (1999), шаҳри Бишкек (2004, 2005), Осетияи Шимолӣ (2001) сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Узви Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон.
Даргузашт
вироишИсо Абдурашидов шоми 15 декабр 2018 бар асари беморӣ дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ "Сталини тоҷик". Ҳунарпешаи шинохта Исо Абдурашидов даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 16 Декабри 2018 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Абдурашидов Исо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.