Иттилооти дастрас
Иттилооти дастрас – дар ҳар кишвар ҳаҷми ин гуна иттилоотро қонунгузориҳои миллӣ муайян мекунад.
Чун қоида ба чунин иттилоот дохил мешавад:
- иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла иттилооти ошкори судӣ;
- иттилооти ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи ҳуқуқ, озодӣ, уҳдадориҳои шаҳрвандон ва тартиби пахши онҳо;
- иттилоот дар бораи ҳолатҳои фавқулода, санитарию эпидемологӣ ва ғайра, ки бехатарии инсонро таъмин мекунанд;
- иттилоот дар бораи муассисаҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ;
- иттилоот дар бораи фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ.
Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ новобаста ба шакли фаъолият, ҳамчунин шахсони мансабдор вазифадоранд, ки дар бораи фаъолиятшон ба ВАО иттилоот пешниҳод намоянд. Ин ҷо иттилооти махфӣ (сирри тиҷорат, банкдорӣ ва ғайра) истисност; - иттилооти дигари хусусияти сиррӣ надошта бояд бе маҳдуд ба журналистон пешниҳод карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки ба истиснои ҳолатҳои дар қонун пешниҳодшуда, аз додани иттилоот даст кашидан қонунвайронкунист. Ба иттилооти ба ҳамагон дастрас ҳамчунин иттилооти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ дохил мешавад. Аз чунин ҳодисаҳо, мисли анонси намоишнома ва ё консерт, кушодашавии комёбиҳои бадеӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ, идҳо, сайругашти халқӣ, шанбегиҳо ва ғайра муассисаҳое иттилоот медиҳанд, ки дар ташкили онҳо ташаббускоранд.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 113–114. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |