Иттилооти иҷтимоӣ – маҷмӯи донишҳо, маълумот ва хабарҳое, ки дар ҷамъият ба шакл дароварда мешаванд, таҷдид мегарданд ва гардиш мекунанд. Иттилооти иҷтимоӣ дар шаклҳои осори мустанад (солномаҳо, китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо, наворҳои магнитӣ), осори бадеӣ (асарҳои адабиёт ва санъат) ва шифоҳӣ татбиқ мегардад. [1]

Нигаред

вироиш
  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 115. ISBN-978-999-47-43-37-7