КВД «Моҳии Тоҷикистон»
КВД «Моҳии Тоҷикистон» – корхонаи воҳиди давлатӣ, ки дар рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Аз 24.06. 2004, №001-1062 «А» то ин ҷониб ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Корхона асосан фаъолияти худро ба парвариши навъҳои гуногуни моҳӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии соҳа равона кардааст. [1]
Навъ | Корхонаи воҳиди давлатӣ |
---|---|
Таъсисёбӣ | 1981 |
Номҳои пештара | Иттиҳодияи Истеҳсоли Ҷумҳуриявии «Моҳипарвар» |
Макон | Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Маҳсулот | Парвариши моҳӣ |
Сайт | moa.tj/organizations/102… |
Таърих
вироишКВД «Моҳии Тоҷикистон» аз солҳои 70-ум то 1981 –уми асри гузашта ҳамчун Раёсати хоҷагии моҳипарварӣ (Управление рыбного хозяйства) фаъолият мекард. Баъдан бо қарори Госагропроми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №623 аз 03.10.1988-то апрели соли 1992 ҳамчун Иттиҳодияи Истеҳсолии «Моҳипарвар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Произвоственное Объядинение «Таджикрыба» при Правительстве РТ) фаъолият дошт. Бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.04. 1992, №001-1062 то соли 2007 ҳамчун Иттиҳодияи Истеҳсоли Ҷумҳуриявии «Моҳипарвар» (РПО) «Моҳипарвар» ба қайд гирифта шуда, аз 24.06. 2004, №001-1062 «А» то ин ҷониб ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. [1]
Рушд ва дастовардҳо
вироишДар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №123, аз 3 марти соли 2001 «Дар бораи тадбирҳои барқарорсозии соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оиди ҷудо намудани заминҳои корами обӣ барои хӯрокаи моҳӣ ба хоҷагиҳои моҳипарварии ҶСК «Парвариши моҳии хушзот»-и шаҳри Панҷикент-100 га, ҶСК «Парвариши моҳии хушзот»-и ноҳияи А.Ҷомӣ-400 га, ҶСК «Гули Сурх»-и ноҳияи Дӯстӣ-100 га , Хоҷагии давлатии моҳипарварии «Чубек»- ҷудо карда шудааст. [1]
Истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ, инчунин мониторинг, назорати сифат ва бехатарии ҳамлу нақли он мувофиқи меъёрҳои технологӣ ва шартҳои техникии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. [2]
Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» барои сифати маҳсулоти тозаи экологӣ аз ҷониби Комиссияи байналмилалии интихобӣ дар Мадрид (Испания) солҳои 2002, 2003 ду маротиба ба гирифтани мукофоти баланд «Ситораи платинӣ» мушарраф гардид. Корхона барои технологияи истеҳсолот дар соли 2003 бо мукофоти байналмилалии «Тоқи тиллои Аврупо» қадр карда шуд. «Моҳии Тоҷикистон», инчунин барои мутобиқшавии бомуваффақият ба шароити тез тағийёбандаи иқтисоди бозорӣ ба мукофоти «Пешсафи соҳа» Crystal Earthmaker шарафманд гардидааст. [1]
Рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети мамлакат даромади калон меорад. Мувофиқи маълумоти олимону мутахассисон, моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридоранд. Тибқи иттилои масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта гулмоҳии амударёии Тоҷикистон бо сипосномаи ширкати байналмилалии «Slow Food» қадрдонӣ шуд.[3]
Ҳадафҳо
вироиш- Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ ва баланд бардоштани талабот ба он дар бозор.
- Ҷорӣ намудани технологияи нав дар соҳаи моҳипарварӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон.
- Таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва ғайра. [4]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. КВД «Моҳии Тоҷикистон». moa.tj (30.07.2023).
- ↑ Қонуни ҶТ «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ». https://majmilli.tj/ (16.04.2007).
- ↑ Рухсораи НУР,. Моҳипарварӣ. Дар Тоҷикистон парвариши ин маҳсулоти парҳезӣ рӯ ба афзоиш аст. АМИТ «Ховар» (21.01.2020).
- ↑ Рустамбек Аҳмадзода. КВД “Моҳии Тоҷикистон”. https://medium.com/@Rustambek_Ahmadzoda/ (21.11.2024).