Кайхусрав
(Тағйири масир аз Кай Хусрав)
Кайхусрав (форсӣ: کیخسرو) — шоҳест аз сулолаи Каёниён.
Падар | Сиёвуш |
---|---|
Модар | Фарангис |
![]() |
Мувофиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҷойи бобои худ Кайковус ҳангоми зинда будани вай ба тахти подшоҳӣ соҳиб гардид. Дар Авесто («Яштҳо») ҳамчун шоҳу паҳлавони номдоре дар даҳ маврид аз зиндагиву аъмоли ӯ ёд карда мешавад. Мувофиқи ривоятҳои зардуштия Кайхусрав намиранда ва ҷовид буд. Гӯё аз ҳамин сабаб Кайхусрав бо марги худ аз байн нарафт. Бо чанде аз паҳлавонони Эрон ба кӯҳе равона гардид ва дар он ҷо ба ғоре даромада, беному нишон нопадид шуд. Паҳлавононе, ки бо ӯ ҳамроҳ буданд, рӯзи дуюм пас аз ин воқеа зери барф монданд. Дар бораи Кайхусрав мисли дигар намояндагони Каёниён қиссаву ривоят ва асотир бисёранд[1]
ЭзоҳВироиш
- ↑ Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 296—282
АдабиётВироиш
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе, 1963;
- Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. — М., 1956;
- Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. — М., 1961;
- Кузьмина Е. Е. В стране Афрасиаба и Кавата. — М., 1977;
- Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004;
- Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. — Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
- Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». — Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.