Канали Кӯктоши Поён

Канали Кӯктоши Поён — системаи обёриест дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон. Тӯли қисми магистралии канал 13,7 км, бараш ба ҳисоби миёна 7 м, чукуриаш 1,5 м, иктидори обгузарониаш 15м3/сон. Канал соли 1925 сохта шудааст. Канал баъд аз ба охир расидани сохтмон аз дарёи Кофарниҳон об мегирифтагӣ шуд. Канали Кӯктоши Поён 5,1 ҳаз. га замини колхозҳои «Ленинград», «Москва» ва совхози «Ҳосилот»-ро бо об таъмин мекунад. Канал 5 станцияи насоси дорад, ки ба воситаи онҳо об ба баландии 187 м бароварда шуда, 25 ҳаз. га заминҳои Лоҳур ҳам обьёрӣ мегарданд.

Нигаред низ

вироиш