Канъон Имирзалиуғлу

ҳунарпешаи турк

Канъон Имирзалиуғлу (тур. Kenan İmirzalioğlu); тав. 18 июни 1974, Бала, Анқара, Туркия) — ҳунарпешаи телевизион ва синамои турк[1][2][3].

Канъон Имирзалиуғлу
тур. Kenan İmirzalioğlu
Kenan Imirzalioglu.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: Канъон Имирзалиуғлу
Таърихи таваллуд: 18 июн 1974(1974-06-18) (47 сол)
Зодгоҳ: Бала, Анқара, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша, мудел
Корнома: 1998-то ҳол
Самт: телевизион
синамо
IMDb: ID 1090070
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Канъон 18 июни соли 1974 дар деҳаи Учем (Бала, Анқара) таваллуд шудааст. Ӯ кӯдаки хурдии оилаи деҳқонон Йилдиз ва Мустафо Имирзалиуғлу мебошад. Канъон як бародар (Дарвеш) ва як хоҳар (Ёсуман) дорад. Ҳусни зебои Канъони хурдсол ҳамагонро ба ҳайрат оварда буд. ӯ то синни 12-солагӣ дар деҳа зиндагӣ кардааст.

Маълумоти ибтидоиро дар деҳаи зодгоҳаш Учем гирифта, Канъон дар синни 12-солагӣ ба пойтахти Туркия — Анқара рафт ва таҳсилро идома дода, ба мактаби миёна дохил шуд. Пас аз хатми таҳсилоти миёна, Канъон барои таҳсилоти олӣ ба Истамбул рафтааст. Ӯ ба Донишгоҳи техникии Йилдиз[4] дохил шудааст, инчунин Канъон дар соҳаи риёзӣ дараҷаи бакалаврро соҳиб гардидааст.

Фаъолияти ҳунарӣВироиш

Фаъолияти муделӣВироиш

Кеон дар озмуни «Беҳтарин мудели Туркия 1997» ширкат варзид ва дар он ҷо аз миёни 4000 номзад дар 20 — гонаи беҳтарин дохил гардид. Ӯ ба финали барнома баромад ва ғолиби ин рақобат шуд. Худи ҳамон сол ӯ дар озмуни «Беҳтарин модели ҷаҳон 1997» ширкат варзид ва дар он ҷо низ ғолиб омад ва ба Туркия аввалин мукофоти олии ин озмунро овард[5].

Эҷодиёт дар синамоВироиш

Ба туфайли ғалабаҳои ӯ дар озмунҳои муделӣ, ӯ аз ҷониби продюсер ва филмноманавис Усмон Синав мушоҳида шуд ва нақши асосиро дар силсилафилми телевизионии «Deli Yürek» ба ӯ пешниҳод намуд, ки ба туфайли он Канъон тасмим гирифт ҳунарпеша шавад. Маъруфиятро пас аз чандин соли кори пурсамар ба даст овард. Соли 2005 ӯ дар силсилафилми «Рӯзгори талх», бо Селин Дамиратар нақши асосиро бозидааст, ки дар Show TV ба намоиш гузошта шудааст. Ӯ дар филмҳои «Ejder Kapanı», «Kabadayı» ва «Deli Yürek: Bumerang Cehennemi» низ нақш бозидааст. Соли 2009, ӯ бо силсилафилми машҳури «Эзел» ба телевизион баргашт, ки шуҳрати ӯро аз марзи Туркия баровард. Ҳамҷуфти ӯродар ин силсилафилм Ҷонсу Дере бозидааст, ки дар шабакаҳои Show TV ва ATV пахш шудааст.

Соли 2018 дар силсилафилми таърихии «Mehmed: Bir Cihan Fatihi» нақши асосиро бозидааст, ки дар Kanal D ба намоиш гузошта шудааст.

Соли 2020 ӯ дар силсилафилми хурди интернетии Алеф нақши Камолро бо ҳунарпеша Аҳмад Мумтоз Тайлон бозидааст, ки дар шабакаҳои BluTV ва FX пахш шудааст.

Ҳаёти шахсӣВироиш

Канъон бо ҳунарпеша Зайнаб Бешерлер ҳафт сол робита дошт, аммо ҷуфт ҳангоми банаворгирии Канъон дар силсилафилми телевизионии Эзел барҳам хӯрд. Аз моҳи феврали соли 2015, ӯ бо Санам Кобал вохӯрдааст. Моҳи феврали соли 2016, ҷуфти номзадияшонро эълом намуданд. Тӯйи 14 майи соли 2016 баргузор гардид[6].

Фарзанди нахустини ҳамсарон, духтаре бо номи Лалин, моҳи октябри соли 2020 таваллуд шудааст[7].

ФилмномаВироиш

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
1998-2002 Deli Yürek Юсуф Мируғлу Сериал
2001 Hayat Bağları Худаш Сериал
2001 Deli Yürek: Bumerang Cehennemi Юсуф Мируғлу Филм
2003-2005 Alacakaranlık Фарид Чағлаян Сериал
2004 Yazı Tura Ҷавҳар Филм
2005-2007 Рӯзгори талх Меҳмет Косоволӣ Сериал
2006 Son Osmanlı Yandım Ali Алӣ Филм
2007 Kabadayı Даврон Филм
2009 Ejder Kapanı Ақраб Ҷалол Филм
2009-2011 Эзел Эзел Байраткар Сериал
2012 Uzun Hikâye Алӣ Филм
2012-2015 Кородойӣ Моҳир Қара Сериал
2017 Cingöz Recai Реҷай Филм
2018 Mehmed Bir Cihan Fatihi Меҳмед II Сериал

БарномаВироиш

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2019- Kim Milyoner Olmak İster? Барнома-озмун

ИнтернетӣВироиш

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2020 Алеф Камол Сериал

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш

ИқтибосҳоВироиш