Карим Абдулов
Карим Абдулов (26 феврали 1939, деҳаи Сурхкат, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — 5 декабри 2010, Хуҷанд) — иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), профессор (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).
Карим Абдулов | |
Таърихи таваллуд | 26 феврал 1939 |
Зодгоҳ | ноҳияи Масчоҳ |
Таърихи даргузашт | 5 декабр 2010 (71 сол) |
Зиндагинома
вироишКарим Абдулов 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Кӯҳистони Масчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст. То соли 1967 сарварии комсомолону ҷавонони ҳамин даргоҳи бузурги донишро бар уҳда доштааст. Соли 1970 ба кори ҳизбӣ сафарбар шудааст. Солҳои 1988—1990 дотсент, докторант ва профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1991—1992 мудири Котиботи Президенти ҷумҳурӣ, баъдан, солҳои тӯлонӣ, мушовири раиси Ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти «Дониш» будааст.
Эҷодиёт
вироишДар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва пешбурди корҳои илмӣ, дар соҳаи очерку публитсистика ҳам хомафарсойӣ кардааст, ки рисолаҳои «Роҳи беҳбуд» (роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз дувоздаҳ ҷилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоиқи миллат», «Дарёниҳод», «Аловуддин Бобоев», «Бахти таърихӣ», «Асъори миллӣ» ва ғ. аз он ҷумлаанд. Дар Олмон, Булғория, Сурия, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Шри-Ланка сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ доштааст. Ду маротиба маносики бузурги мазҳабиро ба ҷой овардааст. Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ рисолаи «Ҳаҷнома»-ро таълиф намудааст.[1] Аз таассуроти сафари Эрон китоби марғуби публитсистие ба қалам овардааст.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи ордени «Нишони фахрӣ» ва се медал, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Fафуров, Аловуддин Баҳовуддинов ва Абулқосим Лоҳутӣ, узви вобастаи Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд».[2]
Некдошт
вироишКарим Абдулов шаҳрванди «Фахрӣ»-и шаҳри Чкалов буда, мактаби таҳсилоти миёнаи рақами № 10-и шаҳр ба хотири хидматҳои шоистааш ба номи Карим Абдулов гузошта шудааст. Инчунин кӯчае, ки дар он Карим Абдулов зиндагӣ намудааст, ба номи ӯ номгузорӣ шудааст.[3]
Осор
вироиш- Лоиқи миллат, Х., 1999;
- Бахти таърихӣ, Д., 2001;
- Сиёсатномаи садаи XXI, Х., 2001 – 2002;
- Даврони сарнавиштсоз, Д., 2004. Дар ин дунё (иборат аз 18 ҷилд, 17 ҷилд нашр шуда), Х., 1994 – 2008;
- Аркони миллат, Д., 2007; Роҳи беҳбуд, Х., 2009.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Даргузашти Карим Абдулов — кумунисте, ки ду бор ҳаҷ кард
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.21 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Маҳфили ёдбуди Карим Абдулов(пайванди дастнорас)