Карим Мӯсорӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011)

Карим Мӯсо
Карим Мӯсо
Таърихи таваллуд: 15 апрел 1952(1952-04-15) (72 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент
Навъи фаъолият: нависанда,журналист

Зиндагинома

вироиш

Карим Мӯсо 15 апрели соли 1952 дар деҳаи Нигноти ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушода, пас аз хатми мактаби миёнаи №13 зодгоҳаш (1969) дар Кони маъдани Ҷиҷикрӯд кор ва баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975) дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ифои вазифа кардааст. Минбаъда дар рӯзномаҳои «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), «Газетаи муаллимон» («Омӯзгор») машғули фаъолияти рӯзноманигорӣ будааст. Солҳои 1982-1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Аз соли 1985 то январи 2010 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзида, мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир ифои вазифа намудааст. Ҳоло сармуҳарририи ҳафтавори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷаҳони паём»-ро бар уҳда дорад. Нигоштаҳояш дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ аз соли 1972 ба табъ мерасанд. Дар соҳаи очерку публитсистика таҷрибаи ғанӣ дорад. Симои адибон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва аҳли заҳматро ибратбахшу хотирнишин меофарад. Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Бори нахуст, соли 1999, як идда асарҳояш дар маҷмӯаи дастҷамъии «Чароғи маърифати Нигнот» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи очеркҳояш «Мардафкан» соли 2004, қиссаи ҳуҷҷатияш «Зевар» соли 2006 интишор ёфтаанд. Маҷмӯаи қиссаву очеркҳояш «Айём-ку бигзашт» соли 2010 ба чоп расидааст. Қиссаи мустанади таърихияш «Ҷабри таърих», ки аз рӯзгори нависандаи зиндаёд Ҷумъа Одина ҳикоят мекунад, соли 2013 ба табъ расидааст. Як силсила қиссаю очеркҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Ғазали офтоб» (2005), «Гуфтугӯ бо худ» (2007), «То ҳаст оламе…» (2012), «Бузургбонуи матбуоти тоҷикӣ» (2012) ва «Орифе аз зодгоҳи орифон» (2013) чоп шудаанд. Дар бораи Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ,Раҳмат Назрӣ ва дигар адибони тоҷик мақолаҳо навиштааст, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳо чоп шудаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ордени «Шараф»;
  • Нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»;
  • Нишони фахрии «Аълочии Телевизион ва Радиои Тоҷикистон».[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва зими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.147 ISBN 978-99947-2-379-9