Карла Петерсон

Ҳунарпешаи аргентинӣ

Карла Петерсон (исп. Carla Peterson; тав. 6 апрел 1974, Кордоба, Аргентина) — ҳунарпешаи машҳури театр, синамо ва телевизиони аргентинӣ. Ҳунари ӯро мунаққидон ва тамошобинон хуб баҳо доранд. Карла нақшҳои қаҳрамонҳои худро ҳам дар ҳаҷв, ҳам дар фоҷиа бо баҳои баланд иҷро менамояд.

Карла Петерсон
исп. Carla Peterson
Ном ба ҳангоми таваллуд: Carla Constanza Peterson
Таърихи таваллуд: 6 апрел 1974(1974-04-06) (50 сол)
Зодгоҳ: Кордоба, Аргентина
Шаҳрвандӣ:  Аргентина
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1992-то ҳол
Ҷоизаҳо: мукофот ба номи Мартина Фиерро барои беҳтарин ҳунарпешаи мазҳакавӣ
IMDb: ID 0677056
carlapeterson.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Карла Констанса Петерсон 6 апрели соли 1974 дар Кордобаи Аргентина таваллуд шудааст ва ду соли аввали умри худро дар он ҷо ба сар бурдааст. Карла Петерсон духтари командири Нерӯҳои Ҳавоии Аргентина ва ҳуқуқшинос аст, ки решаҳои шведӣ тавассути падараш ва итолиёӣ тавассути модараш дорад. Карла Петерсон фарзанди калонтарин миёни се хоҳару бародар аст.

Фаъолият вироиш

Карла Мигел Герберовро муаллими худ медонад. Ӯ дар ташаккули ҳунарпешаи театри классикӣ нақши муассир бозидааст ва дар чанд намоишнома (Афсонаи зимистона, Ҳама чиз хубе, ба охир мерасад, Шекспир, Қалъаи Кафка) кор кардааст[1]. Соли 2004 Карла дар як ҷашнвора дар Олмон бо аввалин намоиши Шекспир ба забони испанӣ ширкат кард. Дар синни 18-солагӣ, Карла чанд моҳ ба Ню-Йорк ва сипас ба Лос-Анҷелес кӯчид ва дар он ҷо таҳти роҳбарии Кэтӣ Теран ва Адолфо Колке дарси рақс (ҷаз, тап) гирифт. Карла инчунин бо Нора Фейман сурудхониро (контралто) омӯхт. Нахустин баромади телевизионии Карла соли 1992 дар "Dance Party"-и шабакаи 9 буд. Пас аз иштирок дар силсилафилми "Montaña Rusa", вай фаъолона ба лоиҳаҳои дигар даъват карда шуд. Вай бо нақши Констанс Инсуа дар силсилафилми телевизионии "Sos mi vida" машҳур гашт. Силсилафилм рейтинги хеле хуб дошт. Аммо дар ҳақиқат шӯҳрати ҷаҳонӣ ба ӯ нақши Лоларо дар силсилафилми "Лалола" овард - достони занпарасте, ки яке аз ҳавасҳои доимии радшудааш ба зан табдил ёфт[2].

Соли 2005 Карла дар теленовелаи 119-қисмаи шабакаи Telemundo "Дар ҷустуҷӯи падар" бо Литсӣ ва Маурисио Очманн нақши Чанталро бозид, ки силсилафидм дар Тоҷикистон низ шӯҳрат дошт. Якчанд маротиба ҳунарпеша барои ҷоизаи Martin Fierro пешбарӣ карда шуд (барои беҳтарин актрисаи мазҳака дар якҷоягӣ бо Моника Айос - 2006). Карла аввалин ҷоизаҳои худро дар соли 2007 барои нақши Лола ҳамчун беҳтарин ҳунарпешаи мазҳакавӣ ба даст оварда, ҷоизаҳои миллии "Clarín" ва "Martin Fierro"-ро гирифт.

Соли 2008, Карла дар силсилафилми "Los exitosos Pells" нақш бозид, ки ба ӯ ҷоизаи дуюми "Martin Fierro" дода шуд. Инчунин соли 2008, Карла дар нахустин филмаш "Тиреза" нақш бозид. Ҳунарпеша дар филми тамвирии "Рататуи" (Колетт) овоз додааст. Петерсон дар якчанд реклама нақш бозидааст - аз ҷумла Sedal.

Аз соли 2011, Карла дар якчанд силсилафилм "Un año para recordar", "Tiempos compulsivos", "En terapia", ки дар телевизиони Аргентина бо муваффақиятҳои гуногун пахш шудаанд, нақш бозидааст. Якчанд филмҳои бадеӣ низ ба намоиш гузошта шуданд, ки яке аз онҳо "2+2" дар прокати Русия аз 12 июни соли 2013 ба фурӯш гузошта шуд.

Карла дар театр бозӣ карданро идома дод, ки дар намоишномаҳо бо иштироки дӯсташ Гризелда Сисилианӣ дар намоишномаи "Дили беақл", бо Адриан Суар дар "Ҷанги садбаргҳо", Хуан Минухин дар «Venus en la piel» ҳунарнамоӣ намудааст.

Ҷоизаи сеюми Martin Fierro ба ӯ соли 2015 силсилафилми "Занҳои зебо" оварда буд, ки барандаи ҷоизаи охирин гардид.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Пас аз ошиқии дусола бо актёр Майк Амигорена, Карла бо собиқ вазири иқтисоди Аргентина Мартин Лусто издивоҷ кард[3]. Онҳо соли 2012 издивоҷ карданд ва 26 январи соли 2013 писарашон Гаспард ба дунё омад.

Филмнома вироиш

Телевизион вироиш

Сол Номгӯй Нақш Шабака
1993 Princesa Catalina Mendoza Canal 9
1994-1995 Montaña rusa María Canal 13
1995 La nena Sol Canal 9
1996 Por siempre mujercitas Lola Canal 9
1997 Naranja y media Valeria Telefe
1998 La nocturna Martina Aguirre Canal 13
1999-2000 Verano del '98 Perla Gómez Telefe
2001 EnAmorArte Lucía Prieto Telefe
2002-2003 Son amores Brigitte Monti Canal 13
2004 La niñera Anna Wainer Telefe
2004 Los pensionados Sandra Canal 13
2005 Amarte así Chantal Villagarcía Telemundo
2005 Mujeres asesinas Analía Canal 13
2006-2007 Sos mi vida Constanza Insúa Canal 13
2007-2008 Lalola Dolores "Lola" Padilla América TV
2008-2009 Los exitosos Pells Sol Casenave Telefe
2011 Un año para recordar Ana María Santos Telefe
2011 Los únicos Doris Hoffman Canal 13
2012-2013 Tiempos compulsivos Inés Alonso Canal 13
2013 En terapia Juliana Rosso TV Pública
2014-2015 Guapas María Emilia "Mey" García del Río Canal 13
2015 Dispuesto a todo Canal 13
2016 Educando a Nina Paz Echegaray Telefe
2018 100 días para enamorarse Laura Contempomi Telefe
2018 Edha Tatiana Aragón Netflix
2019 Reacción en cadena Diana Canal 13
2020 Casi feliz Eva Netflix
2021 100 días para enamorarnos Martina Guerty Telemundo
2021 Terapia alternativa Selva Star+

Театр вироиш

Сол Номгӯй Коргардон Театр
2000-2001 Chicas católicas Alicia Zanca
2001-2002 Todo está bien si termina bien Miguel Guerberof Teatro Anfitrión
2002 Para todos los gustos Miguel Guerberof El ombligo de la luna
2004-2005 El castillo de Kafka Miguel Guerberof Teatro del Abasto
2005 ¿Quien es Janet? Claudia Fontán Teatro variedades concert
2006-2007 Comedia Miguel Guerberof Teatro Beckett
2007-2008 Ceremonia enamorada Carla Peterson Teatro Beckett
2009-2010 Corazón idiota Carlos Casella, Daniel Cúparo and Ana Frenkel Paseo La Plaza
2011 La guerra de los Rose Marcos Carnevale Teatro Maipo
2015 Venus en piel Javier Daulte Paseo La Plaza

Филм вироиш

Сол Номгӯй Нақш Коргардон
2007 Ratatouille Colette Tato Brad Bird
2009 La ventana Claudia Carlos Sorín
2010 Plumíferos Clarita Daniel De Felippo
2010 El mural Blanca Luz Brum Héctor Olivera
2011 Medianeras Marcela Gustavo Taretto
2012 2+2 Betina Diego Kaplan
2014 Las insoladas Flor Gustavo Taretto
2016 Una noche de amor Paola Hernán Guerschuny
2016 Inseparables Verónica Marcos Carnevale
2017 Mamá se fue de viaje Vera Ariel Winograd
2018 Recreo Andrea Hernán Guerschuny and Jazmín Stuart
2018 Animal Susana Decoud Armando Bó

Видеоклипҳо вироиш

Сол Мутриб Суруд
1999 Babasónicos Desfachatados
2019 Jimena Barón Se acabó

Ҷоиза ва мукофотҳо вироиш

Сол Ҷоиза Гурӯҳ Кор Натиҷа
2002 Martín Fierro Awards Ҳунарпешаи дуюмдараҷа Son amores Номзад
2002 Clarín Awards Ҳунарпешаи оғозӣ Son amores Баранда
2006 Martín Fierro Awards Ҳунарпешаи дуюмдараҷа дар мазҳака Sos mi vida Номзад
2007 Martín Fierro Awards Ҳунарпешаи протагонисти мазҳака Lalola Баранда
2007 Clarín Awards Ҳунарпешаи мазҳака Lalola Баранда
2008 Martín Fierro Awards Ҳунарпешаи протагонисти мазҳака Los exitosos Pells Баранда
2008 Clarín Awards Ҳунарпешаи мазҳака Lalola Баранда
2009 Martín Fierro Awards Ҳунарпешаи протагонисти мазҳака Los exitosos Pells Номзад
2009 Clarín Awards Ҳунарпешаи мазҳака Los exitosos Pells Номзад
2010 Hugo Awards Ҳунарпешаи оғозӣ Corazón idiota Номзад
2011 Konex Foundation Ҳунарпешаи телевизиони даҳсола Diploma of Merit Баранда
2012 Tato Awards Беҳтарин ҳунарпешаи минисериал Tiempos compulsivos Номзад
2012 Sur Awards Беҳтарин ҳунарпеши асосӣ 2+2 Номзад
2013 Tato Awards Беҳтарин ҳунарпешаи асосӣ дар драма En terapia Номзад
2015 Martín Fierro Awards Ҳунарпешаи протагонисти таҳайюлии рузона Guapas Баранда
2015 ACE Awards Ҳунарпешаи асоси дар мазҳакаи драмавӣ Venus en piel Номзад
2019 Martín Fierro Awards Ҳунарпешаи протагонисти таҳайюлии рузона 100 días para enamorarse Баранда

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш