Шариф Комилзода(Тошев) — китобшинос, номзади илмҳои педагогӣ (1989), дотсент (1993), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё.

Шариф Комилзода
Шариф Комилзода (Тошев)
Таърихи таваллуд 1 апрел 1958(1958-04-01) (66 сол)
Зодгоҳ деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ
Ҷойҳои кор ДДСТ ба номи М.Турсунзода
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комилзода Шариф
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Шариф Комилзода, Ато Ҳамдам, Гулназар Келди дар Эрон, 2006

Зиндагинома

вироиш
  • Соли 1979 — Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст
  • Солҳои 1981—1985 — Омӯзгор, омӯзгори калони кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода
  • Солҳои 1985—1988 — Аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав
  • Солҳои 1988—1998 — Омӯзгори калон, Мудири кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода
  • Солҳои 1998—1999 — Сардори шуъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 1999—2001 — Раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2003—2011 — Сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ

Аз 6 октябри соли 2011 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Аз соли 2015 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Комилзода дар рушду такомули илми китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии тоҷик, чиҳати азнавсозию ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор намудани фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ, такмили мазмуну мундариҷаи фанҳои таълимӣ, таҳияю интишори барномаву дарсномаҳои тахассусӣ, ҷорӣ намудани фанҳои нави таълимӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ саҳми муносиб гузоштааст. Шариф Комилзода муаллифи беш аз 400 асару мақолаҳои илмист, аз ҷумла

  • «Библиографикунонии адабиёти бачагона» (1984),
  • «Мирсаид Миршакар — шоири бачагон» (1986),
  • «Бобоҷон Ғафуров ва масоили таҳияи библиографии сарчашмаҳои таърихӣ» (1998),
  • «Корнамоии ҷовидона» (2000),
  • «Нақши китобхонаҳои бачагона дар тарғиби фарҳанги сулҳ» (2001),
  • «Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи эҷоди фазои иттилоотӣ» (2004),
  • «Нақши китобхонаҳо дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ» (2007),
  • «Инъикоси осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар библиографияи тоҷик» (2008),
  • «Нашрҳои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» (2009),
  • «Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ» (2010),
  • «Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон» (2011),
  • Балҷувон осоишгоҳи байналмилалӣ: Феҳристи адабиёт /Мураттибон Ш.Комилзода, Б.Аҳмадов. — Душанбе: Истеъдод, 2012. — 80 с.
  • Наврӯз: Китобнома / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Ш.Комилзода; Муҳаррири масъул Н.Салимов. — Душанбе, 2012. — 330 с.
  • «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ-иттилоотии хонандагон», «Наврӯз: Китобнома» (2012),
  • Иҷлосияи сарнавиштсоз: Феҳристи адабиёт / Мураттибон: Ш.Комилзода, М.Акобирова; Зери назари Н.Салимов. — Душанбе: Бухоро, 2012. — 206 с.
  • Зиндагӣ дар шеър: Мақола, мусоҳиба ва нигоштаҳо доир ба эҷодиёти Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ / Мураттиб Ш.Комилзода; Муҳаррир С.Зарафшонфар. — Душанбе: Адиб, 2012. — 248 с.
  • Сафар Шосаидов: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттибон: Ш.Комилзода, Б.Холов; Муҳаррир Қ.Бӯриев. — Душанбе: Истеъдод, 2012. — 80 с.
  • Осорномаи академик Хуршеда Отохонова (Китоб)|Осорномаи академик Хуршеда Отахонова / Мураттибон: Ш.Комилзода, Ш.Шуҷоъ; Зери назари Н.Салимов; Муҳаррир М.Кенҷа. — Душанбе: Бухоро, 2012. — 199 с.
  • Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа: Маводи конфронси умумиҷумҳуриявӣ, 18-19 апрели соли 2013, Душанбе / Мураттибон Ш.Комилзода, Б.Боев; Зери назари Ш.Комилзода. — Душанбе, 2013. — 110 с.
  • Об — манбаи ҳаёт: Феҳристи адабиёт / Мураттибон: Ш.Комилзода, М.Акобирова; Зери назари Н.Салимов. — Душанбе: ЭР-граф, 2013. — 576 с. — Матн ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ..
  • Наврӯзнома: Феҳристи адабиёт / Мураттиб Ш.Комилзода; Муҳаррир Қ.Бӯриев. — Душанбе: Бухоро, 2013. — 174 с.
  • Авғонов Қурбон: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Ш.Комилзода; Муҳаррир Қ.Бӯриев. — Душанбе: Истеъдод, 2013. — 128 с.
  • Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Роҳнамо / Муҳаррир Н.Салимов. — Душанбе: Офсет, 2013. — 36 с. — Матн ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
  • «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ»,"Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Роҳнамо" (2013).
  • Об — манбаи ҳаёт: Феҳристи адабиёт / Мураттибон: Ш.Комилзода, М.Акобирова; Зери назари Н.Салимов. — Душанбе: ЭР-граф, 2013. — 576 с. — Матн ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
  • Китобдор: Маҷаллаи фарҳангӣ-маърифатӣ / Сардабир Ш.Комилзода. — 2013. — № 1-3 (10). — 44 с.
  • Ваҳдати миллӣ: Китобнома / Мураттиб Ш.Комилзода; Зери назари М.Асрорӣ. — Душанбе: Бухоро, 2014. — 342 с.
  • Кароматулло Олимов: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттибон: Ш.Комилзода, Н.Содиқова; Зери назари А.Шамолов. — Душанбе: Дониш, 2014. — 138 с.
  • Сафар Шосаидов Инноватикаи китобдорӣ/муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2019. – 248 с.
  • Комилзода Шариф. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Дирӯз ва имрӯз. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ. — Душанбе: Ирфон, 2015. — 224 с.[1]

Комилзода дар таҳияи матни лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006—2015» саҳм гузоштааст.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • медали «Хидмати шоиста»
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
  • «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
  • «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Дар бораи Шариф Комилзода

вироиш
  1. Комилзода Шариф. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Дирӯз ва имрӯз.(тоҷ.). www.twirpx.com. 2 апрели 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)