Сафар Шосаидзода
Сафар Ҳасанович Шосаидзода (Шосаидов) (тав. 28 августи соли 1957, ноҳияи Мастчоҳ , вилояти Суғд) – олим, китобхонашинос, фарҳангшинос, номзади илмҳои педагогӣ (1990), дотсент (2008).
Сафар Ҳасанович Шосаидов | |
| |
Таърихи таваллуд | 28 август 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Мастчоҳ , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | китобхонашиносӣ |
Ҷойҳои кор | Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, Донишкадаи давлати санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика (1990) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2008) |
Алма-матер | Донишкадаи давлати санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода |
Ҷоизаҳо | медали «Хидмати шоиста» (2011), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»(2024). |
Зиндагинома
вироишСафар Шосаидзода соли 1981 Донишкадаи давлати санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.
- Солҳои 1981-1982 – омӯзгори Донишкадаи давлати санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
- Солҳои 1984-1986 – омӯзгори Донишкадаи давлати санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
- Солҳои 1986-1989 – аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав.
- Солҳои 1989-1993 – омӯзгори калон, и.в. дотсенти кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи давлати санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
- Солҳои 1993-2004 – омӯзгори Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ.
- Солҳои 2004-2006 – мудири кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода.
- Солҳои 2006-2014 – сардори раёсати фарҳанг, сипас (баъд аз ивази номи раёсат) раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2014-2016 – мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2016-2018 – директори Пажӯҳишгоҳи забоншиносӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон.
- Солҳои 2018-2022 – ёвари ректори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода, дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи донишкадаи мазкур.
- Аз 1 январи соли 2023 ба ҳайси мушовири директори МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСафар Шосаидзода зимни таҳияи «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютерикунонии китобхонаҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халќӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии халќи тоҷик барои солҳои 2013-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» корҳои муҳими марбут ба таҳияи матни асосӣ ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи онҳоро анҷом додааст.
Ӯ узви ҳайати таҳририяи китоби бисёрҷилдаи Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ. 1-7 (А-М) / ҳайати таҳририя Шосаидов С. ва диг. ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015-2022 мебошад.
Сафар Шосаидзода муаллифи беш аз 200 китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст, аз ҷумла:
- Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Хрестоматия/ мураттибон С.Шосаидов, Қ.Бӯриев.- Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010.- 199 с.
- Художественно – эстетическое образование в Республике Таджикистан: Вопросы и перспективы развития творческих способностей в ХХ1 веке; Аналитический доклад на рус. и англ. яз. Подготовлен в рамках пилотного проекта ЮНЕСКО и МФГС / Рабочая группа С. Шосаидов, Х. Низомов и др.- Душанбе, 2010. - 60 с.
- Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ: назария, услубҳо, амалия: Маҷмӯаи мақолаҳои С. Шосаидов / муҳаррирон Б. Холов, Г. Маҳмудов. - Душанбе: Ирфон, 2013. - 237 с.
- Нақши истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар рушду нумӯи фарҳанг // Паёмномаи фарҳанг : Нашрияи илмию таҳлилӣ.- Душанбе: Истеъдод, 2011 . - № 2 (16 ). - С. 3-16.
- Инноватикаи китобдорӣ/муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2019. – 248 с.
- Проблемы формирования вдумчивого чтения в цифровую эпоху // Сборник материалов международной конференции «Сохранение наследия для стабильного будущего», посвященная 510-летию армянского книгопечатания / Сост.: А.Г. Чулян.- Ереван: ГИРК, 2022.- С. 334-336.
- Файзализода Ҷ., Шосаидзода С. Ташаккули инсони комил – ғояи асосии ахлоқӣ-тарбиявӣ дар афкори педагогии мутафаккирони тоҷики асрҳои Xl-Xlll // Паёми Китобхонаи миллӣ.- 2023.- № 2 (2).- С. 127-137.
- Масъалаҳои сифати таҳсилот дар осори илмии академик Файзулло Шарифзода // Паёми Донишгоҳи забонҳо.- 2023.- №3 (51).- С. 212-221 (ҳаммуаллиф Гулназарзода Ҷ.Б.).
- Сиёсати фарҳангӣ ва масъалаҳои худшиносии миллӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ // Паёми Китобхонаи миллӣ.- 2023.- №3 (3).- С. 85-101.
- Библиотечная политика в период независимости: итоги и приоритетные направления развития // Материалы Xl Всероссийской научно-практической конференции (с международным участием) «Библиотеки в культурно-образовательном пространстве: вчера, сегодня, завтра», г. Тюмень, 26 мая 2023 г.- 240 с.- С. 82-86 (соавтор З. Шариф).
Ҷоизаҳо
вироиш- медали «Хидмати шоиста» (2011)
- «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007),
- «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013),
- «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»(2024).
Дар бораи Сафар Шосаидзода
вироиш- Тошев Ш. Шосаидов Сафар Ҳасанович // Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ: Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ / Зери назари Ш. Тошев. – Душанбе: Эҷод, 2004. (оид ба Шосаидов С. ниг.: С. 83-84).
- Управление музеем – ХХI век. Презентационные и учебные материалы проекта ЮНЕСКО/МФГС для государств участников СНГ по музейному менеджменту на основе публикации ЮНЕСКО/ ИКОМ.- М., 2010.- 124 с. – (о Шосаидове С. см.: С.. 15, 34, 54).
- Новый формат библиотек Евразии. Новые информационные системы и технологии: Материалы международной конференции, г. Алматы, 15-17 ноябрь 2011 г.- Алматы, 2012.- 288 с. – (о Шосаидове С. см.: С. 81,243).
Сафар Шосаидов: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ/ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; мураттибон Ш. Комилзода, Б. Холов; муҳаррир Қ.Бӯриев;.- Душанбе: Истеъдод, 2012.- 80 с.
- Ученый с призванием библиограф: Сборник / Сост.: Б.В. Гаффаров; Ред. Н.В. Н.В. Михайличенко, А.Я. Амлоев.- Душанбе РТСУ, 2016.- 166 с. – (О Шосаидове см.: С 17).
- Чароғе дар қалби шогирдон // Омӯзгор.- 2017.- 31 август.- №35.- С. 16.
- Чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари тоҷик: Маҷмўаи очерку мақолаҳо/ Зери назари умумии Ш.А. Солеҳов, С.М. Азимзода.- Душанбе: Сомон граф, 2018.- ( оид ба Шосаидов С. ниг.: С. 106-110).
- Сборник материалов международной конференции «Сохранение наследия для стабильного будущего», посвященной 510-летию армянского книгопечатания.- Ереван:ГИРК, 2022.- (о Шосаидзоде С. см.: С. 166).
- Зафари Шариф. Умри худро бо китоб пайваст // Омӯзгор.- 2023.- 24 август (№ 34).