Комил Бекзода
Комил Бекзода — шарқшинос, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1988), асосгузори маҳфили илмӣ-фалсафии «Ҷаҳони андеша» (1993)[1].
Беков Комилҷон | |
Таърихи таваллуд | 9 январ 1945 (79 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Узбай, ноҳияи Ванҷ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа, арабшиносӣ ва исломшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Роҳбари илмӣ | узви вобастаи АИ ҶТ Ғаффор Ашӯров |
Зиндагинома
вироишКомил Бекзода 9 январи соли 1945 дар яке аз деҳаҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи омӯзгор ва рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1962—1967 дар шуъбаи арабии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1967—1973 дар риштаи аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба омӯзиши фалсафа пардохтааст. Аз соли 2014 то ин ҷониб ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишКомил Бекзода давоми солҳои 1973—1988 дар бахши таърихи фалсафаи шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими илмиӣ фаъолият намудааст. Соли 1988 таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Ғаффор Ашӯров дар мавзӯи «Муҳаммад Шаҳристонӣ — муаррихи фалсафа ва дин (асри XII)» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои фалсафа гардидааст.
Сафарҳои хориҷа
вироиш— Дар давоми солҳои 1965—1966, дар Донишгоҳи давлатии Миср дар шаҳри Қоҳира таҳсили илм намудааст, ки ҳадаф аз ин сафар омӯзиши забони арабӣ буд.
— Дар тӯли солиёни 1969—1970 дар шаҳри Ҳудайдаи Ҷумҳурии Ямани Араб (Ямани Шимолӣ) ба сифати тарҷумони забонҳои русӣ — арабӣ кор кардааст. Қисмати асосии кор ба кишоварзӣ дахл дошт.
— Дар муддати солиёни 1976—1979 дар шаҳрҳои Одоно ва Мукаллои Ҷумҳурии халқӣ-демократии Яман (Ямани Ҷанубӣ) чун тарҷумони забонҳои русӣ — арабӣ фаъолият намудааст.
— Солҳои 1996 ва 2003 ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар намудааст.
Осори илмӣ-тадқиқотӣ
вироиш- Мухаммад Шахристони — историк философии. — Душанбе: «Дониш», 1987. — 200 с.
- Паёмбарони фарҳанги мо. Ҷилди аввал. — Душанбе: Нодир, 2000. — 124 с.
- Гурез аз Хайём. — Душанбе: Нодир, 2000. — 136 с.
- Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. — Душанбе: «Дониш», 2012. — 464 с.
- Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ. — Душанбе: «Дониш», 2012. — 652 с. ISBN 978-99975-44-64-3
- Шуубия: диссиденты средневекового ислама. — Душанбе: «Дониш», 2017. — 400 с. ISBN 978-99975-55-32-8
Эзоҳ
вироиш- ↑ нусхаи бойгонӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2015.
Сарчашма
вироиш- Ҷаҳонбинии оянда ва бархурди андешаҳо. / Мураттибон: Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ. — Душанбе: Дониш, 2015. — 701 с. ISBN 978-99947-821-3-0
- Файласуфи зиндагӣ / Мураттибон: Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун. — Душанбе: Дониш, 2015. — 84 с.