Комроншоҳ Устопириён

Комроншоҳ Устопириён (Устопириён Комроншоҳ Устопир; зод. 7 январ 1993, Ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Суғд) — куштигир, ҷудукор ва самбокори тоҷик.

Комроншоҳ Устопириён
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Устопириён Комроншоҳ Устопир
Кишвар
Тахассус ҷуду, самбо
Бошгоҳ Judo club Ustopiriyon
Зодрӯз 7 январ 1993(1993-01-07) (31 сол)
Зодгоҳ
Мураббӣ Усто Устопириён, Фариддун Устопириён, Ваҳид Сарлак
Қад 182 см
Вазн до 90 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Комроншоҳ Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзи 22 ноябр дар Санкт-Петербурги Русия шурӯъ шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 Комроншоҳи Устопириён ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуштии намуди Ҷудокори (дзюдо) баромад кардааст.

11 июни соли 2021 Ҷудокори (дзюдо) маъруфи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни — 90 кг баромад мекунад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид.[1].