Кочӣ — навъи атола.

Кочӣ
Дохили ошхонаҳои миллӣ
Ошхонаи тоҷикӣ
Таркибот
Асосӣ орд, равған, об ё шир, намак
Маъмул маска, дӯғ
Таомҳои монанд
атола

Кочиро аз орди гандум, нахӯду лӯбиё мепазанд. Аввал ордро дар равған бирён карда, баъд об ва баъзан шир ҳамроҳ карда меҷӯшонанд, пас дар табақҳои калон мекашанд. Ба рӯи кочӣ барои хушхурӣ мувофиқи табъ равғани доғи маска ва дар баъзе маҳалҳо дӯғ мерезанд. Дар Дарвозу Рашт ва Бадахшон кочиро аз орди гандум ва дар ноҳияҳои водии Зарафшон фақат аз орди гандуми тирамоҳӣ мепазанд.

Адабиёт

вироиш