Левакант
Леваканд (то январи 2018 Сарбанд, ва аз он пештар Калининобод) — яке аз шаҳрҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. Аҳолии Леваканд дар соли 2016 аз 16 100 нафар иборат буд[2]. Массоҳаташ 5 км кв. ташкил мекард.
Шаҳр | |
---|---|
![]() | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Левакант |
Координатаҳо | 37°52′ с. ш. 68°55′ в. д.HGЯO |
Масоҳат | 5 км² |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 18700[1] нафар (2022) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикҳо |
Ҳайати динӣ | мусулмонон |
Номи қавмӣ | левакантиҳо |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 |
Нишонаи почта | 735 147 |
Коди мошин | 03 TJ |
АҳолӣВироиш
Сол | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
17,3 | 17,7 | 17,7 | 18,7 |
ТаърихВироиш
Ба сохтумони шаҳри Калининобод 21 марти соли 1955 сар карданд. Дар ин мавзеъ ягон ҷойи соябону хонаи одамон набуд бо ҳамин мақсад аввал ба сохтани Обанбори шаҳр машғул шуданд. Сохтмони Обанборро соли 1961 ба итмом расонданд. Дар баробари ин аз соли 1957-1958 ба сохтани махаллаҳо сар карданд. Аввалин хонаҳое, ки сохташуда буданд ин кучаи Калинин мебошад, ки он шакли "барак"ро ташкил намуда аз шаш хона ва ду хуҷра иборат буд. Баъдан беморхона, кӯдакистон, мактаб, хонаи маданият, ҳукумат, хонаҳои ошиёнадор ва ғайраҳоро ба сохта шуданд. Соли 1958 шаҳри Калининобод номи худро соҳиб гаштааст. Кӯчаҳои шаҳрро дар он солҳо ба номи Калинин, Крупская ва диг ном мебурданд. Ва ҳоло ҳам номи кучаҳои шаҳр бо номи Калинин, Ленин, Рудакӣ, Сомонӣ, Фирдавсӣ, Навобод ва диг. Дар ибтидои солҳои 70-ум дар Калининобод аввалин корхонаи азими саноатӣ — заводи азотбарории Вахш (русӣ Вахшский азотно-туковый завод) сохта ба истифода супорида шуд. То шаҳри Калининлюод ва корхонаи номбурда дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта хати роҳи оҳани Қурғонтеппа — Тирмиз пайваст карда шуда буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ завод аз фаъолият бозмонд ва гарчанде баъд аз ҷанг ба корхонаи муштарак бо сармояи хориҷӣ азнав барқарор шуда бошад ҳам фаъолияташ ба сабаби буҳрони иқтисодӣ қатъ карда шудааст. Аҳолии шаҳр, бо сабаби ба майдони мухолифати низомӣ табдил ёфтани кӯчаҳои шаҳр (1992-1996) манзилҳояшонро тарк намудаанд. Шаҳри Калинобод аз 2 феврали соли 1996 номи Сарбандро соҳиб шуд. Сарбанд ба номи саргаҳи об ниҳода шудааст, чунки шаҳр дар саргаҳи об аст.
ҲукуматВироиш
Сарвари шаҳри Леваканд Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Мувофиқи Конститутсия мақомоти маҳаллии намояндагӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро Раис роҳбарӣ мекунад. Вакилони Маҷлиси маҳаллӣ аз тарафи интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Маҷлисҳои вакилони халқ дар ҳадди салоҳияти худ фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд Маҷлиси вакилони халқ фаъолияти худро дар иҷлосияҳо, ба воситаи кори доимии комиссияҳои доимӣ ва дигар комиссияҳо, инчунин бо роҳи ваколати худро татбиқ намудани вакилон амалӣ
АксҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 15 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.