Меҳр (эзид)
Парастиши Меҳр (офтоб) - митропарастӣ, ақоиди динии қадимаи қабилаҳои ҳиндуориёиҳо, дини расмии шоҳаншаҳони ҳахоманишӣ ва ашконӣ буд.
Дар замонҳои қадими тотаърихӣ асотирӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Меҳр (Митро) мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Меҳр (Митро) Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри III қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Ҳануз дар асри V то мелод дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рим парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои Британия расида буд.
Митроро дар Эрони қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри I то мелод ва асри II мелодӣ) пайдо мешавад. Дар Арманистони қадим ин калима ба шакли Меҳр – Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар шаҳри Гарни (асри I мелодӣ) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар шаҳри Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран, Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад. Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монавӣ Митро ном дорад. Дар Бобулистон ва Бохтари қадим низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст.[1]
То замони зуҳури Зардушт ниёкони мо бар он бовар буданд, ки Хуршед (Меҳр, Офтоб) худои бузург аст. Парастиши офтоб дини расмии шоҳаншаҳони Ҳахоманишӣ ва ашконӣ буд. Лозим ба ёдоварист, ки парастиши Хуршед (офтоб), ба шаклҳои гуногун хоси бовариҳои диннии якчанд қавму қабоили рӯйи замин мебошад. Аз ҷумла яке аз қабилаҳои майя, ки дар Амрикои Лотинӣ маскан доранд, то ҳанӯз хуршедпарастиро ихтиёр доранд. Дар аксарияти бовариҳои диннии ҷаҳон эҳтирому ниёиш ба офтоб вуҷуд дорад. Чуноне ки дар яштҳои дини зартуштӣ омадааст, Меҳрро низ ситоиш мекардаанд. Дар “Қуръон”-и маҷид низ сурhаи вижае, унвонии “Ашшамс”, ба ситоиши офтоб бахшида шудааст.
Маросими таваллуди Исои Масеҳ ва умуман боварии насронӣ ба меҳрпарастӣ пайвастагии равшане дорад. Рӯзи таваллуди Исои Масеҳ 25 декабр тасбит шудааст, ки дар асл ҷашни зуҳури Меҳр (Митро) мебошад. Масеҳиён ин рӯзро ҳамчун рӯзи мелоди Исо, дар асри IV қарор додаанд. Исои Масеҳ, пас аз ба дор кашиданаш, дар осмони чаҳорум ҷой мегирад, ки дар донишҳои ситорашиносӣ, “хонаи офтоб” дониста шудааст.[2]
Меҳрпарастӣ дар байни мардумони ҳиндуэронӣ густариш ёфта, сипас ба фарҳанги халқҳои Шарқи Наздику қисман Аврупо, махсусан ба Рум интиқол гаштааст ва то садаи IV мелодӣ мақому пайравони худро доштааст. Дар замонҳои хеле қадим, ки қавмҳои ориёӣ дини митроизм ё меҳрпарастӣ доштаанд, Митра ҳамчун худои осмони пурнур парастиш мешуд ва яздони бузургу муқтадир ба шумор мерафт. Меҳр эзаде аст ҳиндуэронӣ, ки номи ӯ дар ҳиндӣ маънои «дӯст»-ро дорад ва дар Авесто ба маънои «паймон» ва дар форсӣ ба маъноӣ дӯстӣ ва хуршед аст. Меҳр дар Авесто дар шакли “Митра“ – эзади фурӯғу рӯшноӣ ва паймоншиносиву садоқат дучор мешавад. Пас аз зуҳури Зартушт ва пайдоиши кеши маздоясноӣ ё худ зартуштӣ мавқеи Меҳр ба тадриҷ таназзул меёбад. Яъне ӯ аз мақоми худованди офаридгору пурқудрат ба эзади иҷрогар табдил меёбад. Бисёр сифатҳову афрӯзаҳои Меҳр ба худои ягонаи офаридгори зартуштӣ – Аҳура Маздо нисбат дода мешавад. Аммо тасвири ӯ дар Авесто аз тавсифу ситоиши дигар эзадон бештар ба назар мерасад. Хешкорӣ ва ё вазифаи ӯ назорат кардани паймоншиносӣ ва садоқат ба қавлу аҳд мебошад. Ҳар касе аз мардумон агар ба аҳдашон вафо накунанд ва паймон шикананд, онҳоро “меҳрдуруҷ” ва ё “меҳрфиреб” меномиданд. Меҳрдуруҷон ба хашми эзад Меҳр гирифтор мегаштанд. Агар хонахудо ё деҳхудо ё шаҳрбон ё шаҳриёр меҳрдуруҷ бошад, Меҳри хашмгини озурда, хонаву деҳу шаҳру кишвару бузургони хонавода ва сарони рустову сарварони шаҳру шаҳриёрони кишварро табоҳ кунад. Ба бадгӯёну дурӯғгӯён ва аҳдшиканҳо Меҳр ҷазои бад дода, ба мардуми росткору парҳезгор подоши нек ва пирӯзӣ мебахшид.
Митраизм ё меҳрпарастӣ дар даврони шоҳаншоҳии Ашкониён ҳамчун ойини комили ахлоқӣ аз ҳудуди Эрону Осиёи Миёна фаротар рафта, дар Шарқи наздик ва Аврупо низ паҳн шуда буд. Чунончи, император Константин қабл аз қабули масеҳият пайрави ойини Меҳр буд. Аз баски Меҳр худои аҳду паймон ва садоқат ҳисоб мешуд, аз ҷиҳати ахлоқӣ ба табиати сипоҳиён мувофиқ буд. Аз ин рӯ сарбозони римиро ба номи Меҳр савганди паймону вафодорӣ медоданд, то ки ба давлату ватани худ содиқ монад. Дар императории Рум Меҳрро ҳамчун нигаҳбон ва ёрирасони лашкар медонистанд. Аз ойини меҳрпарастӣ то ба имрӯз баъзе ҷашнҳову маросимҳо, бовару эътиқодот ва одатҳои суннатие дар фарҳанги кунунии мардумони эронитабор дар шаклҳои гуногун боқӣ мондаанд, ки бузургтаринашон ҷашни Меҳргон, Шаби Ялдо, Шаби чилла, Сада ва амсоли инҳо мебошанд.
Адабиёт
вироиш- Раҳимов Д. Меҳрпарастӣ // Донишномаи фарҳанги мардум. – Душанбе, 2015.
- Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон. – Душанбе, 2011;
- Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. – Душанбе, 1986.