Лоиқ Раҷабов

размкори муҳорибаҳои омехта (MMA)

Лоиқ Раҷабов (зод. 17 сентябри 1990, Данғара, Тоҷикистон) — размкори муҳорибаҳои омехта (MMA), дар вазни сабук. Ӯ дар мусобиқаҳои монанди EFC, PFL, GMC ширкат кардааст. Аз соли 2012 ба таври ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Айни замон размкори ташкилоти UFC мебошад.

Лоиқ Раҷабов
Маълумоти умумӣ
Лақаб "Jaguar Paw"
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Санаи тав. 17 сентябр 1990(1990-09-17) (33 сол)
Истиқомат Душанбе, Тоҷикистон
Қад 175.26 см
Категорияи вазнӣ 70 кг
Маснад 2012 — то ҳол
Тим Team Akbar
Усул MMA
Омор дар муҳорибаҳои омехта
Ҷангҳо 22
Ғалаба 17
 • нокаут 7
 • таслим 5
 • хол 5
Мағлуб 4
 • нокаут 0
 • таслим 0
 • хол 4
Мусовӣ 1
Маълумоти ғайра
Сайт Instagram
Twitter Twitter
Омори муҳорибаҳо дар сомонаи Sherdog

Зиндагинома вироиш

Лоиқ Раҷабов 17-уми сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби деҳаи Булёни болои Данғара ба синфи аввал рафта, синфи 11-ро дар мактаби №77-и шаҳри Душанбе ба итмом расондааст. Маълумот — олӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар риштаи муҳандиси роҳи оҳан хатм намудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Роҳ ба UFC вироиш

Бинобар даст кашидани Камуела Кирк як ҳафта қабл аз мусобиқа, Лоиқ Раҷабов ҳамчун ивазкунанда пешниҳод шуд. Лоиқ ин дархостро пазируфт, ҳарчанд размкорон ҳарифони худро 2-3 моҳ пеш интихоб мекунанд.

Рақиби ӯ размкори мағлубнопазири аргентинӣ Эстебан Рибовичи 26-сола буд. Набарди онҳо дар доираи мусобиқаи UFC 285 субҳи 5-уми март дар толори "T-Mobile" дар Лас Вегаси Амрико баргузор гардид. Рақобат 3 раунд идома кард ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ ба Лоиқ дода шуд. Лоиқ Раҷабов дар набарди аввал бо 11 партоби муваффақ (takedown) дар таърихи UFC миёни сабуквазнҳо рекорд гузошт.

Дастовардҳои варзишӣ вироиш

Муҳорибаҳои омехта вироиш

Омори MMA вироиш

Натиҷа Рекорд Ҳариф Усул Мусобиқа Сана Раунд Замон Макон Эзоҳ
Бохт 17-5-1   Матеуш Ребетски TKO (мушт) UFC ON ABC 5 Июн 24, 2023 2 2:36
Ғалаба 17-4-1   Эстебан Рибович Қарор (якдилона) UFC 285 Март 4, 2023 3 5:00
Ғалаба 16-4-1   Зак Зейн Гилйотина (бӯғӣ кардан) EFC 44 Январ 28, 2022 1 3:23
Бохт 15-4-1   Рауш Манфио Қарор (якдилона) PFL: финали мавсими 2021 Октябр 27, 2021 5 5:00
Ғалаба 15-3-1   Алекс Мартинез Қарор (якдилона) PFL 7: марҳилаи ҳазфии мавсими 2021 Август 13, 2021 3 5:00
Ғалаба 14-3-1   Аҳмад Алиев TKO (мушт) PFL 4: мавсими 2021 Июн 10, 2021 1 0:27
Бохт 13-3-1   Алекс Мартинез Қарор (ҷудогона) PFL 1: мавсими 2021 Апрел 23, 2021 3 5:00
Бохт 13-2-1   Натан Шулте Қарор (якдилона) PFL: финали мавсими 2019 Декабр 31, 2019 3 5:00
Ғалаба 13-1-1   Крис Вейд Қарор (якдилона) PFL 8: мавсими 2019 Октябр 17, 2019 3 5:00
Мусовӣ 12-1-1   Ислам Мамедов Мусовӣ (раъйи аксари доварон) PFL 8: марҳилаи дуввуми ҳазфии мавсими 2019 Октябр 17, 2019 2 5:00
Ғалаба 12-1   Илёс Ҷирун Қарор (ҷудогона) PFL 5: мавсими 2019 Июн 25, 2019 3 5:00
Бохт 11-1   Рашид Магомедов Қарор (якдилона) PFL 2: мавсими 2019 Май 23, 2019 3 5:00
Ғалаба 11-0   Садо Учар Анаконда (бӯғӣ кардан) MMA Live 2 2017 European Amateur MMA Championships Декабр 9, 2017 3 2:25
Ғалаба 10-0   Дамир Михайлович Қарор (ҷудогона) GMC German MMA Championship 12 Сентябр 23, 2017 3 5:00
Ғалаба 9-0   Ивиса Ҷейкопик TKO (мушт) Pro-League Fighting Karlsruhe Fight Night Live Май 25, 2017 1 1:41
Ғалаба 8-0   Ислам Хапилаев TKO (таваққуф бо қарори пизишк) GMC 10 German MMA Championship 10 Январ 7, 2017 2 1:58
Ғалаба 7-0   Бурак Қизилирмак Шимол-ҷануб (бӯғӣ кардан) Sprawl & Brawl Sprawl & Brawl FC 4 Ноябр 12, 2016 2 3:29
Ғалаба 6-0   Игор Монтес TKO (мушт) GFC Road to M-1 Germany Final Август 14, 2016 1 1:07
Ғалаба 5-0   Али Ҳассан TKO (мушт) Sprawl & Brawl Sprawl & Brawl FC 3 Апрел 23, 2016 1 2:45
Ғалаба 4-0   Фирӯз Қобилов TKO (мушт) TFC Tajikistan Fighting Championship Май 25, 2015 1 0:59
Ғалаба 3-0   Расул Мансуров Аз самти пушт (бӯғӣ кардан) Tajikistan MMA Federation Battle of Champions 3 Март 28, 2015 1 0:53
Ғалаба 2-0   Христас Муратиди Шимол-ҷануб (бӯғӣ кардан) Alash Pride - Great Battle 2 Декабр 19, 2013 2 1:02
Ғалаба 1-0   Юсуф Маҳмудов TKO (мушт) Tajikistan MMA Federation Battle of Champions 2 Октябр 5, 2012 3 0:47 Қадами нахусти сатҳи ҳирфаӣ дар ММА[2].

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Sherdog.com. WMMAA - 2015 World MMA Championships - Finals. Sherdog. 5 апрели 2021 санҷида шуд.
  2. Sherdog.com. Loik(англ.). Sherdog.