Лутфия Абдулхолиқзода

Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқолим , вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лутфия Абдулхолиқзода
Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ
Таърихи таваллуд: 5 декабр 1971(1971-12-05) (53 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Данғара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ 5 декабри соли 1971 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллат- тоҷик. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои русӣ. Номзади илмҳои педагогӣ. Забонҳои русӣ, ӯзбекиро медонад.

  • Солҳои 1988-1993 - Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1993-2002 - Муаллими забони русӣ дар коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2002-2009 - Муаллими калони кафедраи забонҳо ва раиси Шўрои кураторони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009-2010 - Муовин, мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
  • Солҳои 2010-2012 - Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2012-2015 - Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
  • Солҳои 2015-2019 - Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  • Аз январи соли 2019 то с. 2020 - Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш