Мавзеъҳои табии Тоҷикистон
Мавзеъҳои табиат - кӯлҳо, мамнӯъгоҳҳои табӣи, боғҳои миллӣ, чашмаҳо, обҳои шифобахш, дарёҳо, ҷангалҳо, манзараҳои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва ғайраҳо. Мавзеъҳои табиат асосан аз тарафи давлат ва ҳукумат ҳифз карда шуда, ташкилотҳои махсуси давлатӣ, бахусус соҳаи фарҳанг барои истифодаи умум пешкаш намудани мавзеъҳои табии Тоҷикистон шароит муҳайё мекунанд.
Барои танзими раванди ҳифз ва истифодаи мероси табии дар ҷумҳурӣ мамнӯъгоҳҳои табӣи, Боғи миллии Тоҷикистон ва якчанд мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда вуҷуд доранд.
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин боғҳои миллӣ ва табиӣ ба монанди:
Боғи миллии Тоҷикистон бо фарогирии баландкӯҳҳои Тавилдара ва Ҷиргатол то баландкӯҳҳои Помир (масоҳаташ - 2,6 млн. га),
Боғи таърихӣ-табиии «Ширкент» (масоҳаташ - 3000.га),
Боғи табиии «Сари Хосор» (масоҳаташ - 3805 га)
Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» (масоҳаташ - 49700 га),
Мамнӯъгоҳи «Ромит» (масоҳаташ - 16100 га),
Мамнӯъгоҳи «Даштиҷум» (масоҳаташ - 19700 га),
Мамнӯъгоҳи «Зоркӯл» (масоҳаташ - 87700 га).
Мавзеъҳои табиӣ:
Ҳафткӯл ва ғайраҳо ба маҷмӯи мероси табиати Тоҷикистон дохил мешаванд ва дар ҳифз ва истифодаи мероси табии ҷумҳурӣ мебошанд.[1]
Адабиёт
вироиш- ↑ Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 20.