Мазор (пирях)
Мазор [Mazār] — номи пирях дар қаторкӯҳи Дарвози ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар саргаҳи дарёи Обимазор (шохоби Хингоб), дар нишебии шимоли ғарбии қаторкӯҳ воқеъ гашта, тӯлаш 16,8 км, масоҳаташ 23 км аст. Нуқтаи пасттарини пирях 3200 м аз сатҳи баҳр, баландтаринаш 5400 м мебошад. Баландии ҳудуди барф 4350 м аст. Мафҳуми мазор аз арабӣ гирифта шуда, маънояш қабр, гӯр аст ва ҷойи мӯътабареро гӯянд, ки ба ақидаи аҳли дин муқаддас ва ҷойи мӯъҷизаовар шинохта шудааст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 141. — 470 с. (тоҷ.)