Мактаби мусиқӣ — таълимгоҳ, муассисаи махсуси ибтидоию миёнаи тарбиявӣ, ки дар он асосҳои назарию амалии созу овозро меомӯзанд. Ба қавли А. Раҷабов: «Аз давраҳои қадим барои ниёгони халқи тоҷик омӯзиши созу овоз (мусиқӣ) яке аз қисмҳои муҳими тарбияи садоии санъати нафиса ба шумор мерафт. Омӯзиши мусиқӣ хусусан дар аҳди Сосониён (а.-ҳои II-VI) хеле равнақ ёфта буд. Яке аз калонтарин мактаби мусиқӣ дар музофоти Тайсафун таҳти роҳбарии Борбад амал мекард, ки дар он аввалин дастурҳои назарию амалӣ дар ин давра мураттабу тадвин мешуданд («Траникнамак», «Китоби таронаҳо»)… Дар аҳди Сомониён мактаби калону машҳури мусиқие дар Бухоро таъсис ёфт, ки ба он устоди номвари мусиқӣ Абулаббоси Бахтиёр сарварӣ мекард… А.-ҳои XII-XIV омӯзиши мусиқӣ дубора барқарор шуд. Асрҳои XIV-XVII дар ш.-ҳои Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Исфаҳон, Шероз, Деҳлӣ ва диг. калонтарин М. м. таъсис ёфтанд, ки ба онҳо Амир Хусрав, Абдулқодири Гӯянда, Носируддини Қаввол, Маҳмуди Ҳусайнӣ ва диг. сарварӣ мекарданд.

Навъҳои нави мактаби мусиқӣ пас аз Инқилоби Октябр чун таълимгоҳи махсус таъсис ёфтанд, ки он давоми анъанаи пешиниён буд. С. 1922 мактаби мусиқии Шарқӣ (ҳоло омӯзишгоҳи мусиқӣ ва бадеии ба номи Домулло Ҳалим Ибодов) кушода шуд. Дастпарварони аввалини он Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Мухтор Ашрафӣ, М. Бурҳонов ва диг. буданд. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ аввалин техникуми мусиқӣ-театрӣ ба номи А. Лоҳутӣ дар шаҳри Ленинобод (ҳоз. Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз шаҳри Хуҷанд) таъсис ёфт, ки дар он омӯзгорон таълимро бо нота (дар созҳои халқӣ) низ ба шогирдон меомӯзонданд. С. 1937 дар шаҳри Сталинобод (ҳоз. Душанбе) мактаби мусиқии №1 ба номи П. Чайковский ва соли 1945 омӯзгоҳи мусиқӣ (ҳоз. Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, шаҳри Душанбе) таъсис дода шуд, ки дар онҳо асосан таълим бо нота мегузашт, яъне услуби нотанависӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 1929 ҷорӣ шуда буд. Айни ҳол (2015) дар тобеияти Вазорати фарҳанг 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи фарҳанг ва санъат, 2 мактаб-интернати махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъат ва 86 мактаби бачагонаи мусиқӣ (санъат) амал мекунанд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 222 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)

Пайвандҳо

вироиш