Мухтор (Ашрафович) Ашрафӣ (ӯзбекӣ: Ashrafiy Muxtor Ashrafovich; 25 майи 1912, Бухоро — 15 декабри 1975, Тошканд) — композитор ва дирижёри тоҷик, яке аз саромадони операи Шарқ, профессор (1953), Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон (1940), Ҳунарпешаи халқии СССР (1951), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Тоҷикистон (1970). Ҷоизадори ҷоизаи Сталин (1943, 1951), узви ифтихории Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (баъди вафот), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза (1970), дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлал Неру (1972) ва ба номи Ҷамол Абдул Носир (1973)

Мухтор Ашрафӣ
ӯзбекӣ: Mukhtor Ashrafiy
Мухтор Ашрафӣ
Мухтор Ашрафӣ
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 11 июн 1912(1912-06-11)
Зодгоҳ Бухоро, Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт 15 декабр 1975(1975-12-15) (63 сол)
Маҳалли даргузашт Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Солҳои фаъолият 1930-1975
Кишвар
Пеша(ҳо) мусиқидон, оҳангсоз (композитор) ва дирижер, омӯзгор
Соз дутор
Сабк опера
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Мухтор Ашрафӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст (падари санъатшиноси маъруф Муқаддама Ашрафӣ). Хатмкардаи Институти омӯзиши мусиқӣ ва хореографияи шаҳри Самарқанд (1930), Консерваторияи Москва (1936, синфи композитсияи С. И. Василенко) ва 1948 факултети дирижёрии Консерваторияи Ленинград (1948, ба таври экстернат). Солҳои 1930—1943 дирижёр ва роҳбари бадеии Театри калони опера ва балети Ӯзбекистон ба номи Навоӣ (Тошканд), 1944—1952 омӯзгор ва 1953—1975 профессор (ҳамзамон аз соли 1971 ректор)и Консерваторияи давлатии Тошканд буд.

Эҷодиёт вироиш

Мухтор Ашрафӣ бо ҳамкории С. Н. Василенко нахустин операи ӯзбекии «Бӯрон»-ро навишт. М.Ашрафӣ таҳсилоти санъати мусиқии хешро дар Мактаби мусиқии Шарқи Бухоро назди дуторнавози маъруф Тоҳирҷон Давлатзода оғоз намудааст. Дар он солҳо дар ин муассисаи таълимӣ навозандагони маъруфи тоҷик Бобо Ҷалол Носиров, Бобо Ғиёс Абдуғанӣ, Домулло Ҳалим Ибодов, Абдуқодир Исмоилов ва дигарон фаъолият доштанд. Пас аз хатми мактаб соли 1928 ба Институти мусиқӣ ва хореография (шаҳри Самарқанд) дохил мешавад. Дар ин ҷо таҳти роҳбарии Н. Н. Миронов таълим мегирад. Дар Институт М.Ашрафӣ аввалин асарҳои мусиқии худро эҷод намуда, санъати дирижёрӣ ва оркестрро меомӯзад. Нахустин асари М. Ашрафӣ марши «Садраш» барои оркестри симфонӣ (1930) буд. Соли 1930 баъди итмоми Институти мусиқӣ ва хореография М.Ашрафӣ ҳамчун аспиранти институти мазкур мемонад. Бояд зикр намуд, ки дар институт композиторон-навозандагони машҳури тоҷик, аз ҷумла М.Бурҳонов, Д.Зокиров, Ш.Рамазонов, М.Аминзода, Расул Қодирӣ ва бисёр дигарон таҳсил намудаанд. Соли 1930 М.Ашрафӣ дар олимпиадаи умумииттифоқии театр ва санъати халқҳои ИҶШС, моҳи феврали соли 1931 дар Слёти якуми умумитоҷикии сарояндагон, навозандагон ва раққосон дар шаҳри Сталинобод иштирок мекунад. Аъзои комиссияи бадеии якумин слёти умумитоҷикӣ адибон А.Лоҳутӣ ва Н.Бектош, мусиқишинос Н.Миронов, Алӣ Ардобус, композитор Л. Книппер, балетмейстер И.Моисеев буданд. Дар слёт навозандагон, сарояндагон ва раққосони маъруфи тоҷик Пӯлот Аҳмадзода, Исмат Саидзода, донишманди санъати Шашмақом Домулло Ҳалим Ибодов, сарояндагон Шариф Ҷӯраев, Иброҳим Хӯҷаев, Қумрӣ Раҳимзода ва бисёр дигарон буданд. Пас аз анҷоми Слёт М.Ашрафӣ бо гурӯҳи навозандагони Тоҷикистон дар сафари ҳунарии шаҳри Ленинград иштирок мекунад. Соли 1934 М.Ашрафӣ ба студияи операвии назди Консерваторияи давлатии Москва (синфи Б.Шехтер ва С.Василенко) дохил мешавад. Соли 1948 М.Ашрафӣ ба таври экстернат шуъбаи дирижёрии операвӣ-симфонии Консерваторияи давлатии Ленинградро хатм мекунад. М.Ашрафӣ асосгузор ва роҳбари бадеии Театри опера ва балети шаҳри Самарқанд буд. Вай тибқи қарори бюрои КМ Ӯзбекистон барои ташкил намудани театр махсус ба шаҳри Самарқанд фиристода шуда буд. Соли 1971 М.Ашрафӣ ректори Консерваторияи давлатии Тошканд таъйин гардида, ҳамчун сардирижёри Театри калони давлатии академии ҶШС Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ корро идома медиҳад. Мухтор Ашрафӣ дар тайёрнамоӣ ва тарбияи кадрҳои мусиқии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, баргузории озмунҳои мусиқинавозон, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ оид ба проблемаҳои гуногуни рушди фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон нақши бузург бозидааст. Ҳанӯз солҳои 30-юм аввалин шуда, операи «Тӯлқун»-ро аз рӯи либреттои А.Фитрат менависад, вале опера нотамом боқӣ монд. Соли 1938 М.Ашрафӣ якҷоя бо С.Василенко нахустин операи ӯзбекии «Бӯрон»-ро (либреттои К.Яшин) менависад ва соли 1941 нахустнамоиши операи дигари ӯ бо ҳамроҳии С.Василенко навишта шуд. Опера ба сохтмончиёни Канали Калони Фарғона (либреттои К.Яшин ва М.Раҳмон) бахшида шуда буд. Соли 1951 М.Ашрафӣ корро оид ба операи «Баҳром ва Дилором» аз рӯи асари Навоӣ оғоз мекунад, ки он соли 1958 бори нахуст намоиш дода шуд. Соли 1961 М.Ашрафӣ оид ба операи «Дили шоир» аз рӯи либреттои И.Султонов кор мекунад, ки он соли 1962 дар саҳнаи Театри ба номи А.Навоӣ бомуваффақият намоиш дода мешавад. М.Ашрафӣ аввалин балети худ «Тумори ишқ» (1969)-ро ба ёдбуди Ҷавоҳирлал Неру мебахшад. Ҳанӯз соли 1955 бо даъвати Ҷавоҳирлал Неру М.Ашрафӣ бо ҳамроҳии ҳайати ходимони фарҳангу ҳунар ба Ҳиндустон сафар мекунад. Дар натиҷаи ин сафар китоби «Рӯзномаи ҳиндӣ» эҷод мегардад. Асари дигари ӯ ба Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст. Соли 1972 дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ нахустнамоиши балети «Темур Малик» (варианти дуюми он зери унвони «Ишқ ва шамшер» соли 1974) баргузор гардид. Дар эҷодиёти М.Ашрафӣ мавқеи калонро мусиқии симфонӣ ишғол менамояд. Вай муаллифи ду симфония, ҳафт сюитаи симфонӣ, маршҳо барои оркестри симфонӣ мебошад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ композитор симфонияи якуми худ «Қаҳрамонона»-ро менависад, ки он дар Даҳаи мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1942) иҷро мегардад. Моҳи январи соли 1943 барои симфонияи якум ба Ҷоизаи давлатии СССР мушарраф гардид. Соли 1943 ӯ симфонияи дуюм «Аҳсант ба ғолибон»-ро ба анҷом мерасонад. Дар байни асарҳои ӯ достони симфонии «Темур Малик» ба ёдбуди устод С.Айнӣ бахшида шудааст. Композитор ба жанри вокалӣ-симфонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Аз байни аввалин асарҳои ба ин жанр бахшидааш достони вокалӣ-симфонии «Се паҳлавон» (1936) аз рӯи асари Шота Руставели «Паҳлавони пӯсти палангпӯш» дар ҳаммуаллифӣ бо Н.Миронов, достон барои хор ва оркестри симфонӣ «Сарлашкари бузург» дар ҳаммуаллифӣ бо А.Козловский, кантатаи «Суруди бахт», ки барои офаридани он М.Ашрафӣ бо Ҷоизаи давлатии СССР мушарраф гардида буд, мебошанд. Соли 1975 композитор ба адабиёти классикӣ рӯ меорад ва ораторияи эпикии «Гуфтор дар васфи Рустам»-ро аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эҷод мекунад. Самти дурахшони эҷодиёти мусиқии композитор эҷоди суруд аст. Суруду романсҳои машҳури композитор, бахусус сурудҳои «Эй санами Шарқ» (шеъри А.Лоҳутӣ), «Хуш омадед» (шеъри Ғ.Ғулом), «Ҷон мебарад» (шеъри М.Ансорӣ), «Дилам хоҳад баҳори зиндагиро» (шеъри М.Турсунзода), «Саҳар булбул ҳикоят…» (шеъри Х.Шералӣ), «Ғами ту дорам» (шеъри Ҳофизи Шерозӣ), «Суруди арӯсӣ» (шеъри Мирзо Турсунзода) ва дигарон мақоми арзандаи хешро дар репертуари сарояндагони Осиёи Миёна пайдо кардаанд. Композитор ба такмили сурудҳои машҳури халқии тоҷикӣ диққати муҳим додааст. Ҳанӯз дар ибтидои фаъолияти хеш М.Ашрафӣ сурудҳои машҳури зерин, ба монанди «Гулъизорам» барои триои вокалӣ бо фортепиано ва ҳамроҳии оркестри симфонӣ, «Қӯшчинор» барои овоз бо фортепиано ва ҳамроҳии оркестри симфонӣ, «Ироқи Бухоро» барои овоз бо фортепиано ва ҳамроҳии оркестри симфонӣ, «Мо сар ниҳодем» барои овоз бо оркестри созҳои халқӣ ва дигаронро такмил додааст. Мухтор Ашрафӣ муаллифи мусиқии бисёр намоишномаҳои мусиқӣ-драмавии театрӣ буда, дар кино низ бомуваффақият кор кардааст.

Мусиқӣ барои филмҳо вироиш

Вай ба филмҳои гуногун мусиқӣ офаридааст: «Насриддин дар Бухоро» дар ҳамкорӣ бо композитор Б.Архипов (коргардон Я.Протазанов, 1944), «Хоҳарон Раҳмоноваҳо» (коргардон Комил Ёрматов, 1954), «Наташа-хонум» (коргардон Латиф Файзиев, 1965), «Асрори Кониюта» (коргардон Х.Файзиев, 1966) ва «Семурғ» (коргардон Х.Файзиев, 1971), ба филми дусериягии «Тулӯъ дар Ганга» (коргардон Латиф Файзиев, муаллифи сенария Мирзо Турсунзода, 1975). М.Ашрафӣ дар ташаккули самтҳои гуногуни санъати кино дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозидааст, ки шаҳодати равшани он якумин филм-операи «Дилором» (коргардон А.Ҳамроев, 1967), нахустин филм-балети «Ривояти (қиссаи) Қалъаи Кӯҳна» (коргардон Л.Файзиев, 1970) мебошанд.

Ӯ дар толорҳои Театри калони академияи давлатии СССР, Театри опера ва балети ба номи С. М. Кирови Ленинград, Театри академии опера ва балети Белоруссия, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва дар давлатҳои Миср, Ҳиндустон, Сейлон ҳунарнамоӣ кардааст. Асарҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои Россия, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Туркия, Миср, Юнон, Лубнон иҷро карда шудаанд.

Осор вироиш

Мухтор Ашрафӣ муаллифи китоби «Рӯзномаҳои Ҳиндустон», якчанд очерк ва зиёда аз 60 мақолаи проблемавӣ оид ба санъату мусиқӣ аст.

Асарҳои саҳнавӣ вироиш

  • 1934 — «Тулқӯн», операи нотамом, либреттои А. Фитрат.
  • 1939 — «Бӯран», опера (дар ҳаммуаллифӣ бо С. Василенко), либреттои К. Яшин.
  • 1941 — «Канали бузург», опера (дар ҳаммуаллифӣ бо С.Василенко), либреттои К. Яшин ва М. Раҳмонов, таҳрири 2 (1947), таҳрири 3 (1953).
  • 1947 — «Водии бахт», опера (дар ҳаммуаллифӣ бо С. Василенко), либреттои М. Рахмонов.
  • 1962 — «Дили шоир», опера, либреттои И. Султонов.
  • 1969 — «Тӯмори ишқ», балет, либреттои М. Ашрафӣ ва Г. Геловани, ба хотираи Ҷавоҳирлал Неру.
  • 1974 — «Ишқ ва шамшер» (Темур Малик), балет. Либреттои М. Ашрафӣ и Г. Геловани.

Асарҳои вокалӣ-симфонӣ вироиш

  • 1936 — «Се паҳлавон». Достони вокалӣ-симфонӣ аз рӯи асари Шота Руставели. Дар ҳаммуаллифӣ бо Н.Миронов.
  • 1942 — «Лашкаркаши кабир». Достон барои хор ва оркестри симфонӣ, дар ҳаммуаллифӣ бо А. Козловский,, шеъри Ғ. Ғулом.
  • 1975 — «Достони Рустам», ораторияи эпикӣ аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, шеърҳои А. Фирдавсӣ ва Л. Шералӣ.Асарҳои симфонӣ:
  • 1930 — «Садраш», марш барои оркестри симфонӣ, дар ҳаммуаллифӣ бо Т. Содиқов ва Ш. Рамазонов.
  • 1942 — Симфонияи № 1 «Қаҳрамонӣ».
  • 1944 — Симфонияи № 2 «Шаъну шараф ба ғолибон».
  • 1952 — Сюитаи рақсии тоҷикӣ.
  •  — Сюитаҳои симфонӣ № 1 (1937), № 2 (1942), № 3 (1949), № 4 (1952),№ 5 (1954), № 6 (1962), № 7 (1962)
  • 1963 — «Темур Малик», достон-рапсодияи симфонӣ, бахшида ба хотираи устод Садриддин Айнӣ.

Асарҳои созӣ-камеравӣ вироиш

  • 1934 — «Суруд бе матн», барои фортепиано.
  • 1938 — Албоми пйесаҳо, барои скрипка ва фортепиано.
  • 1975 — «Андешаҳо», пйеса барои виолончел ва фортепиано ва диг.[1]

Мукофот ва ҷойизаҳо вироиш

  • Дорандаи Ҷоизаи Сталин (1943, 1951),
  • Мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза (1970),
  • ҷойизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (1972)
  • ҷойизаи байналмилалии ба номи Ҷамол Абдулносир (1973).
  • ду ордени Ленин (1951, 1972),
  • ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1940, 1958),
  • ордени «Нишони Фахрӣ» (1937),
  • ордени Ситораи Гарибалди (Италия, 1954),
  • ордени Анвар Содот (ҶМА, 1973),
  • ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикстон сарфароз гардидааст.

Пайвандҳо вироиш

Адабиёт вироиш

  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.

Эзоҳ вироиш

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, — С. 23-26