Афросиёб — хароба, яке аз бузургтарин шаҳрҳои Суғди бостонӣ, ки то асри XIII дар самти шимоли Самарқанд ҷойгир буда, 280 га масоҳат дошт. Аз нимаи дуюми ҳазорсолаи I п.м. то ибтидои асри XIII чун маркази ҳаёти маъмурии Суғд машҳур буд.

Ёдмон
Афросиёб (шаҳр)
Кишвар
Макон Самарқанд
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар хароба боқимондаҳои биноҳои маъмурию манзилӣ ва бозёфтҳои ашёи давраи Ҳахоманишиён, суғду эллинӣ, кушонӣ, ҳайтолиён ва туркҳо ҳафр шудаанд. Дар шарқ ва шимолу шарқ бо дарёи Сиёб, дар ғарб бо шохоби Отчопар пайваст аст. Дар қисми шимоли Афросиёб куҳандизи чоркунҷа воқеъ гаштааст, ки дар асрҳои VII—VII то милод пайдо шудааст. Девори шарқии куҳандиз зина дорад. Шаҳр бо чор ҳалқаи девор иҳота ёфтааст. Ҳалқаи якум қисми шим. шаҳрро, ки 36 га масоҳат дошт, иҳота кардааст. Ҳалқаи дуюм аз 65 га иборат буда, дар самти ҷанубии он девори сеюм бино ёфтааст, ки масоҳати начандон калонеро ишғол менамуд. Ҳалқаи чоруми девор тамоми Афросиёбро печондааст; он девори қадимтарини шаҳр буда, дар асрҳои VII-и то милод сохта шудааст. Номи хароба тақрибан дар асри VII пайдо гардид. Дар хусуси пайдоиши он ақидаи ягона вуҷуд надорад. Гурӯҳи муҳаққиқон онро бо номи қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ алоқаманд менамоянд. Соли 1967 санаде ёфт шуд, ки номи он Парасиоб будааст, яъне паҳлуи шаҳри Болои дарёи Сиёб. Дар адабиёти тоинқилобии рус Афросиёб бори аввал дар ҳисоботи К. Ф. Бутенев ва Ф. Богословский (1841), инчунин дар асари Н. В. Хаников (1843) дучор мешавад. Ҳафриёти нахустини Афросиёбро с. 1874 майор Барзенков анҷом дод. Соли 1885 бостоншинос Н. И. Веселовский ба омӯзиши илмии Афросиёб ибтидо гузошт. Таҳқиқоти якҷои В. В. Бартолд ва В. Л. Вяткин соли 1904 бо натиҷаи хуб анҷом ёфт. Соли 1912 В. Л. Вяткин ва соли 1919 М. Е. Массон дар Афросиёб қасри Сомониёнро, ки гаҷкорӣ карда шудааст, тадқиқ намуданд. Ин кор то солҳои 1925—1930 аз тарафи В. Л. Вяткин давом дода шуд. Солҳои 1945—1948 ҳафриёти Афросиёбро А. И. Тереножкин анҷом дод. Ӯ стратиграфияи қабатҳои бостонии Афросиёбро мураттаб сохт. Соли 1958 як гурӯҳ бостоншиносони АИ ҶШС Ӯзбекистон зери роҳбарии В. А. Шишкин ба омӯзиши Афросиёб шурӯъ намуданд. Соли 1966 Афросиёб мамнӯъгоҳ эълон гардид ва зери назорати ташкилотҳои байналмилалӣ қарор гирифт. Ҳоло омӯзиши бостоншиносии Афросиёбро ҳайати экспедитсияи Институти бостоншиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фаронса давом медиҳанд, ки дар он олимони ӯзбек Я. Ғ. Ғуломов, Ш. Тошхӯҷаев, М. Исомиддинов ва олимони бостоншиноси фаронсавӣ Пол Бернар ва Франс Гренс саҳмгузоранд. Дар қисми шим. Афросиёб осори девори асрҳои VI-V-и п.м. пайдо шуд, ки таҳкурсии он похсагӣ буда, аз хиштҳои хоми росткунҷа бино ёфтааст. Аз самти шарқии Афросиёб наҳр ва аз самти Шим. он сардоба ҳувайдо шуд. Осори шаҳри атиқа дар мавзеъҳои гуногуни Афросиёб мушоҳида гардидааст ва онро ба Мароқанди муаллифони юнонӣ, ки дар тасвири лаҳзаи муборизаи шиддатноки суғдиён бо Искандари Мақдунӣ (329 п.м.) борҳо ёдоварӣ намудаанд, айният медиҳанд. Куҳандизи атиқа ба «Шаҳри болоӣ» рост меояд. Аз самти шимоли Афросиёб истеҳкоми замони атиқа низ ошкор гардид, ки аз хиштҳои чоркунҷа бино ёфта, бурҷ ва тиркашҳо дорад. Дар Афросиёб вайронаи хонаҳои истиқоматӣ ёфт шуданд, ки дар дохилашон зарфҳои нафиси кулолӣ — соғарҳои поядор, ҷому гулдон, коса ва хумҳои азимҷусса ба даст омаданд. Тамоми маснуоти кулолӣ ба зарфҳои усули эллинӣ шабоҳат доранд. Дар Афросиёб инчунин асбоби ороиши занона, ангуштаринмуҳр ва пайконҳои биринҷӣ бисёр дучор шудаанд. Махсусан бозёфти тангаи мисини Антиохи I, Сотер, ки дар асри XIII п.м. волии Мовароуннаҳр буд, ҷолибу қобили зикр аст. Дар давраи давлатдории Кушониёну Суғдиён (асри I п.м. — асрҳои аввали милодӣ) Афросиёб дар айни авҷи тараққӣ буд. Осори биноҳои бошукӯҳи истиқоматӣ, устохонаҳои сершумори ҳунармандӣ мансуби ҳамин давраанд. Дар наздикии мазори Хӯҷа Дониёр маҳаллаи кулолон ва оҳангарон воқеъ гардида буд. Дар дохили яке аз биноҳои истиқоматӣ оташкадае, ки муддати мадиде амал кардааст, ёфт шуд. Бисёр ҳайкалчаҳои гилини илоҳаҳо пайдо шуданд, ки симои этникии аҳолии ҳамон давраро инъикос менамояд. Аз бозёфтҳо пайконҳои оҳанин, ғӯлаҳои сангин, зарфҳои сафолии сурхчатоб, лавозими мукотибот, ки аз устухонанд, порчаи зарфи хатдор (ба забони суғдӣ), ангуштаринмуҳр (дар он ҷанги тан ба тани сарбозон тасвир ёфтааст) ва амсоли инҳоро метавон ном бурд. Соли 1466 тангаҳои нуқрагин, ки ҳанӯз нимаи аввали ҳазорсолаи то мелод дар муомилот буданд, аз Афросиёб пайдо гардиданд. «Ҷӯйи Арзиз» (ҷӯйбори сурбӣ ё қалъагӣ), ки аз рӯдхонаи Дарғом оғоз мешавад, ҳамчунин ба ҳамин давраи тараққии Афросиёбтааллуқ дорад. Афросиёб бо мамолики Шарқу Ғарб равобити тиҷоратӣ дошт ва бозёфти маснуоти шишагини ғарбию санадҳои аз Хутан ёфтшудаи суғдӣ далели ин андешаанд. Дар давраи инқирози сохти ғуломдорӣ ва ибтидои ташаккули муносибатҳои феодалӣ масоҳати шаҳр андаке хурд шуд. Масалан, девори асрҳои IV—VI танҳо як қисми шаҳрро фаро гирифта буд.

Дар асрҳои VI—VII Самарқанд пойтахти Суғд ёдовар шуда, Суғдро ҳокимони маҳаллӣ — ихшидҳо идора менамудаанд. Аз охирҳои асри VI он ба ҳайати Хоқонии туркҳо дохил гардид. Дар ин давра Афросиёб бо ду ҳалқаи девор ва наҳр иҳота ёфта, дар чор девори он дарвозаҳои Бухоро, Чин, Кеш ва Навбаҳор воқеъ гашта буданд. Дар қисми марказии Афросиёб маҳалли ашрофнишин ҳафр шудааст, ки симои шаҳри асрҳои VI—VII ва сабки меъмории онро пурра инъикос менамояд. Қасри ихшидҳои суғдӣ намунаи беҳтарини санъати меъмории қадим мебошад, ки толорҳои ороста ва долонҳои он бо нақшу нигори зебо оро дода шуда буданд. Манзараи ташрифоти тантанавӣ, қабули сафирон аз тарафи ихшид Ваҳуман, лаҳзаи шикор ва инъикоси офатҳои табиӣ аз намунаҳои беҳтарини расмҳои рӯйи девори қаср буда, аз маҳорати баланди санъати сабки суғдии наққошӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дар самти шарқии Афросиёб устохонаҳои оҳан­гарон ва кулолон бо хумдонҳо кушода шудааст.

Соли 712 шаҳрро сипоҳиёни араб ишғол намуданд. Афросиёб асри VIII арсаи муборизаи пуршиддати зидди истилогарон буд. Аз асри IX Афросиёб ба ҳайати давлати Сомониён дохил шуд. Афросиёбҳои IX—X давраи тараққии Афросиёб ба ҳисоб меравад. Шаҳр бо девор иҳота ёфта, чун пешина дарвозаҳои Бухоро, Шарқӣ, Оҳанин ва Навбаҳор дошт. Дар куҳандизи қисми шим. шаҳр қаср ва зиндон воқеъ гардидааст. Ду дарвозаи он рӯ ба Шимол ва Ғарб воқеъ шудаанд. Сокинони Афросиёб аз оби ҷӯйбори арзизии қадимӣ, ки даруни новаҳо насб ва аз болои ҷариҳо вориди раставу бозорҳои шаҳр мегардид, истифода мебурданд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо дар асри X шаҳр хеле ободу хуррам ва серодам буд, хиёбонҳои шаҳр бо муҷассамаҳои кандакорӣ оро ёфта, ҳавзҳои сершумори он дар гармо ҳаловат мебахшиданд. Масҷиди ҷомеъ, қасри ҳокимони сомонӣ, ибодатхонаҳо, кӯшкҳо ва корвонсаройҳо ёфт шудаанд. Атрофи Афросиёб, махсусан қисми ҷан. ва ғарбии он чун маҳалли тиҷоратию ҳунармандӣ қарор гирифта, якҷо бо риботҳо, боғот ва киштзорҳои атроф бо девори муҳофизатие иҳота гашта буд. Дар самти ҷан. ғарбии маҳаллаи Асфизор толорҳо ёфт шуданд, ки гаҷкорӣ карда шудаанд. Ҳоло дар самти шим. қаср харобаи масҷиди ҷомеъ пайдо шуд, ки зери он маъбади тоисломӣ ҷойгир буд. Масҷиди давраи Сомониён шакли чоркунҷа дошта, қаду бараш 80 м ва меҳроби он гаҷкорӣ буд. Дар аҳди Қарахониён масҷид бакуллӣ аз нав сохта шуд. Дар он осори сӯхтор мушоҳида шуда, сипару зиреҳ ва ҳар гуна силоҳ ёфт шудааст. Ҳангоми ҳамлаи лашкари Чингизхон масҷид такъягоҳи охирини шаҳриён буд. Дар маркази Афросиёб маҳаллаи ҳунармандон, ки масоҳ. он ба 4000 м2 мерасад, ошкор гардид. Дар он бештар аз 15 корхонаи кулолон, ки зарфҳои сирдор истеҳсол менамуданд, дастгоҳҳои гуногун, хумдонҳои мудаввари дутаба­қа воқеъ гардида буданд. Дар қисмҳои гуногуни Афросиёб биноҳои истиқоматӣ, роҳу пайраҳаҳои сангфарш, лӯлаи обгузар, обрезу ҳаммомҳо пайдо шуданд. Аз охири асри X ба муносибати ба қисмати Ҷануб, ба рибот кӯчидани ҳаёти тиҷоратию ҳунармандӣ, қисми марказии Афросиёб як муддат беодам монд. Дар асрҳои XI—XII барои аз сари нав ба маркази маъмурӣ ва иқтисодӣ табдил додани Афросиёб баъзе кӯшишҳо сурат гирифтанд. Марти 1220 Самарқандро лашкари Чингизхон муҳосира намуд. Лашкари муғул аввал ҷӯйи Арзизро вайрон карда, аҳолии шаҳрро бе об гузоштанд ва пасон шаҳрро ишғол намуда, девори муҳофизатӣ ва дарвозаҳояшро ба хок яксон карда, шаҳрро оташ заданд. Аҳолии зиндамонда шаҳрро тарк карданд ва он ба харобазор табдил ёфт. Минбаъд ин мавзеъро «Ҳисори Кӯҳна» ё «Қалъаи Ҳисор» мегуфтанд. Аз ибтидои асри XVII ба баъд ин харобаро «Қалъаи Афросиёб» ё танҳо «Афросиёб» меномиданд. Корҳои ҳафриётӣ ҳанӯз ҳам идома доранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Вяткин В. Л. Афрасиаб — городище былого Самарканда. Ташкент, 1927;
  • Якубовский А. Ю. Из истории археологического изучения Самарканда. ТОВЭ. Т. 2. Л., 1940;
  • Тереножкин А. И. Согд и Чач. КСИИМК. В. 33. М.-Л., 1950;
  • Массон М. Е. К периодизации древней истории Самарканда. ВДИ. 1950, № 4;
  • История Самарканда. Т.1. Ташкент, 1970; Афрасиаб. В. 1-4. Ташкент, 1969-75;
  • Из истории искусства великого города. Ташкент, 1973;
  • История Самарканда. Т. 1. Ташкент, 1973. Ю. Ёқубов, Ю. Буряков.

Сарчашма вироиш