Манзур Раҳимович Ҷалилов (6 майи 1991 — 7 октябри 1994) — доктори илмҳои геология ва минералогия (1974). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1991), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Манзур Ҷалилов

Зиндагинома

вироиш

Манзур Раҳимович Ҷалилов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1956), ихтисос – «геология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: стратиграфияи русубҳои депрессияи Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамсоя, систематика, экология, тақсимоти палеозоогеографии гастроподи регзор ва давраҳои рушди онҳо. Мудири шӯъбаи палеонтология ва стратиграфияи Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1978-1994), директори Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1988-1994), саркотиби илмии АИ Тоҷикистон (1989-1991), ноиби президент, раиси Шӯъбаи илмҳо оид ба замини АИ Тоҷикистон (1991-1994).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[1]

Пайвандҳои беруна

вироиш
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с