Ҳамид Мансуров
Ҳамид Мансуров (20 декабри 1925, Самарқанд — 25 августи 2013, Душанбе) — терапевт-гастроэнтеролог. Саргастроэнтрологи Вазорати нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон. Узви вобастаи (1961), узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1978), доктори илми тиб (1958), профессор (1961), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1976), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Ҷоизаи ба номи E.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2003).
Ҳамид Ҳусейнович Мансуров | |
Таърихи таваллуд | 25 декабр 1925 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 25 август 2013 (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи тиббии Самарқанд |
Роҳбари илмӣ | академикҳо Тареев Евгений Михайлович ва Мясников Александр Леонидович |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишҲамид Мансуров техникуми тиббии шаҳри Самарқанд (1942), Институти тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1947). Аспирантураи Институти терапияи АИТ СССР (1947—1950). Дар мавзӯи «Таъсири гормонҳои боҳовар ба холестернемияи гирифтори атеросклероз ва ба хурӯҷи атесклерози таҷрибавии холестеринӣ» (1950) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ассистент, дотсент, и.в. мудири кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино(1951—1954), докторанти Институти терапияи АИТ СССР (1954—1958), ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Тавсифи муқоисавии фаъолияти олии асаб ҳангоми баъзе бемориҳои узвҳои дохилӣ» (1958). Мудири кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1958—1975), ҳамзамон директори Институти тадқиқоти илмии тибби кишварӣ, ки минбаъд ба Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шудааст (1962—2000). Раиси комиссияи проблемавӣ оид ба омӯзиши захираҳои гиёҳҳои табобатии Тоҷикистон (1981—1991), узви Шӯрои илмии АИ СССР оид ба физиологияи инсон ва ҳайвонот (1987), ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1990—1995), асосгузор ва сармуҳаррири маҷаллаи махсуси «Проблемы гастроэнтрологии» (1990). Аз с. 2000 то вафоташ — профессори фахрии Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Академик Ҳамид Мансуров 25 августи соли 2013 дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.[2]
Оила
вироишТӯли умраш ду маротиба хонадор шудааст. Аз ҳамсари аввалаш соҳиби се фарзанд — Ҷамшед, Фарида, Ардашер ва аз никоҳи дуюм ду писар бо номҳои Далер ва Варшан мебошад.
Мероси илмӣ
вироишМуаллифи беш аз 900 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 18 монография дар соҳаҳои гастроэнтрология (гепатология, кардиология, гематология, нефрология, пулманология). Роҳбари илмии 80 рисолаи номзадӣ ва 18 рисолаи докторӣ мебошад.
Ҷоизаҳо
вироиш• ордени Ленин (1961),
• «Револютсияи Октябр» (1986),
• Исмоили Сомонӣ дараҷаи III (2005),
• медали Вазорати тандурустии Хитой ва медалу ифтихорномаҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.[3][4]
Сафар ва унвонҳои байналмилалӣ
вироишҶонишини Раиси Ҷамъияти илмии умумииттифоқии гастроэнтрологҳо (ҳоло — Ассотсиатсияи байниминтақавии гастроэнтрологҳо (аз соли 1969), муовини раиси Ҷамъияти илмии умумиитифоқии терапевтҳо, раиси комиссияи назди Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон оид ба омӯзиши захираҳои дорувории ҶТ (аз соли 1973), узви фахрии Ассотсиатсияи гастроэнтрологҳои Венгрия (1974) ва Булғория (1977), котиби генералии Ташкилоти умумиҷаҳонӣ оид ба ҳолати қаблии саратони меъда (1976), узви вобастаи Ассотсиатсияи гастроэнтрологҳои Полша (1976), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Ахборот»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, "Центрально — азиатский медицинский журнал, «Терапевтический архив», «Клиническая медицина», ЭСТ, Энсиклопедияи Калони Тиббӣ (нашри сеюм, бахши гастроэнтрология), котиби генералии Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба омӯзиши ҳолати меъда дар арафаи бемории саратон. Дар конгрессу симпозиумҳои байналхалқии гастроэнтрологҳо, ки дар Полша (1964), Япония (1966), Англия (1967), Чехословакия (1968), РДГ (1969), Дания (1970), Венгрия (1971; 1976), Фаронса (1972) баргузор шуда буд, иштирок кардааст. Барои силсилаи лексияҳо оид ба гепатология дар Акададемияи тибби Хитой сазовори дипломи «Барои фаъолияти академӣ» ва медали Вазорати тандурустии Хитой гаштааст.[2][5]
Сарчашма
вироиш- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 2.0 2.1 На 88-м году жизни скончался академик медицины Хамид Мансуров. 16 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 апрели 2015.
- ↑ Мансуров Хамид(пайванди дастнорас)
- ↑ Ҳамид Мансуров
- ↑ Вклад в мировую медицину. 16 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 сентябри 2015.
Пайвандҳо
вироиш- Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.
Сарчашма
вироиш- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 74-75. — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- Энсиклопелияи советии ҶШС Тоҷикистон. Ҷилди 4. — Душанбе, 1989.