Маргарита Алигер Иосифовна

Алигер Маргарита Иосифовна (7 октябри 1915, Одесса — 1 августи 1992, Москва) — шоира, тарҷумони рус.

Алигер Маргарита Иосифовна
русӣ: Маргари́та Алиге́р
Таърихи таваллуд: 17 октябр 1915(1915-10-17)
Зодгоҳ: Одесса
Таърихи даргузашт: 1 август 1992(1992-08-01) (76 сол)
Маҳалли даргузашт: Москва
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 19331992
Самт: шоир
Жанр: шеър ва шеър[d]
Забони осор: русӣ
Ҷоизаҳо:
Order of the Patriotic War 2nd class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Мукофоти сталинӣ
Order of Cyril and Methodius

Эҷодиёт

вироиш

Алигер Маргарита Иосифовна хатм кардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1937). Шеърҳои нахустинаш соли 1933 ба табъ расиданд. Маҷмӯаи аввалинаш «Соли таваллуд» (1938). Алигер дар тӯли ҳаёти эҷодиаш ҳамқадами замон буд. Дар шеърҳои солҳои 30 садаи XX эҷодкардааш ба мавзӯи ҳаёти ҷавонони пешқадаму бунёдкори ҳаёти нав, баъдан ба мавзӯи ҶБВ (1941—1945) муроҷиат карда, корнамоиҳои халқи шӯравиро дар ҷанг ва ақибгоҳ тасвир намудааст.

Дар достони «Зоя» (1942; Мукофоти давлатии СССР, 1943) симои қаҳрамондухтари 18-сола — Зоя Космедемянскаяи москвагиро, ки фашистон ба дор кашида буданд, моҳирона, пуртаъсир ва барҷаста офаридааст. Достони «Ғалабаи ту» (1945) низ асари қаҳрамонист. Алигер чун тарҷумони осори беш аз 40 шоири дунё — аз шоирони ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва хориҷӣ шуҳрат дорад. Алигер аз эҷодиёти шоирони тоҷик баъзе шеърҳои Ҳилолӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Шукӯҳӣ ва дигаронро ба русӣ гардондааст. Асарҳои тарҷумакардаи Алигер дар маҷмӯаи «Ҷаҳони бекарон» («Огромный мир») фароҳам омадаанд.

Сарчашма

вироиш