Мария Анжелита Ресса (англ. Maria Angelita Ressaзод. 2 октябр 1963, Манила[2] ) — рӯзноманигор ва нависандаи филиппинӣ-амрикоӣ, ҳаммуассис ва мудири кулли веб-сайти хабарии интернетии «Rappler» аст. Аввалин барандаи ҷоизаи Нобел аз Филиппин [3].

Мария Ресса
англ. Maria Angelita Ressa
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-es-419" does not exist.
Таърихи таваллуд 2 октябр 1963(1963-10-02) (61 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша рӯзноманигор, муҳаррир, устоди донишгоҳ
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ mariaressa.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Солҳои аввал

вироиш

Мария Ресса 2 октябри соли 1963 дар Манила таваллуд шудааст. Падараш вақте ки ӯ ҳамагӣ яксола буд, даргузашт. Модараш бо як амрикоӣ издивоҷ кард ва Мария Анжелита аз соли 1973 то 1986 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ карда, Донишгоҳи Принстонро хатм кардааст [4].

Фаъолияти меҳнатӣ

вироиш

Мария Анжелита дар соли 1986, пас аз «инқилоби зард» ба ватанаш баргашт ва дар телевизион кор кард. Аз соли 1987 то 1995 сардори дафтари CNN дар Манила ва аз 1995 то 2005 мудири дафтари CNN дар Ҷакарта буд. Аз соли 2005 инҷониб вай роҳбари хадамоти хабарии шабакаи телевизионии ABS-CBN-и Филиппин буд[4] ва дар соли 2011 сайти хабарии интернетии «Rappler»-ро таъсис намуд ва раҳбари он буд.[5][6][7]

Муноқиша бо мақомоти Филиппин

вироиш

Дар соли 2020, вай барои туҳмат дар интернет [8][9] тибқи қонуни Филиппин (закона о борьбе с киберпреступностью[en]) маҳкум шуд.[10][11] Таъқиби Мария Ресса аз ҷониби созмонҳоиҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон ҳамчун ҳамла ба озодии матбуот маҳкум шудааст [12][13][14].

13 феврали соли 2019 Ресса бо иттиҳоми он боздошт шуд, ки дар соли 2012 «Rappler» хабари бардурӯғ нашр кардааст, ки соҳибкор Вилфредо Кенг мошинашро ба раиси Додгоҳи олии кишвар Ренато Корона тӯъфа кардааст. Рӯзи дигар вайро бо гарав озод карданд. 15 июни соли 2020 додгоҳи Манила ӯро дар туҳмат гунаҳкор донист. Азбаски Ресса мунаққиди доимии президенти Филиппин Родриго Дутерте буд, боздошт ва маҳкумияти ӯро бисёриҳо аз мухолифон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як амали дорои ангезаи сиёсӣ арзёбӣ карданд [9][15][16][17].

Комёбиҳо ва мукофотҳо

вироиш

Вай ба феҳристи маҷаллаи Тайм «Шахси сол 2018» ҳамчун, яке аз рӯзноманигороне, ки барои ақидаҳо ва ҷустуҷӯи ҳақиқат таъқиб мешуданд, шомил карда шуд.[18][19].

Ресса яке аз 25 шахсияти барҷастаи Комиссияи иттилоот ва демократия мебошад, ки аз ҷониби созмони «Хабарнигорони бидуни марз» таъсис ёфтааст [20].

Дар соли 2021 Ресса барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел (якҷоя бо Дмитрий Муратов, сардабири нашрияи «Новая газета»-и Русия) гардид. Ҷоиза барои "муборизаи далерона" барои дифоъ аз озодии баён дар Филиппин ва Русия мутаносибан дода шудааст.[21]

  1. https://www.manilatimes.net/2022/03/02/opinion/columns/comelec-spokesman-responsible-for-scandalous-illegal-deal-with-rappler/1834811
  2. 2.0 2.1 Maria Ressa – Facts
  3. Arsenault. 'Democracy as we know it is dead': Filipino journalists fight fake news, CBC News (April 27, 2017).
  4. 4.0 4.1 'Journalists are under attack globally': Maria Ressa(англ.). South China Morning Post (May 26, 2019). 17 июни 2020 санҷида шуд.
  5. The People Behind Rappler. Rappler (June 17, 2012). 12 май 2014 санҷида шуд.
  6. Colin Chan. Interview with Maria Ressa, CEO of Rappler.com. TheNewMedia.com (April 2, 2012). 12 май 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2015.
  7. Arsenault, Adrienne 'Democracy as we know it is dead': Filipino journalists fight fake news. CBC News (27 April 2017).
  8. Regencia. Maria Ressa found guilty in blow to Philippines' press freedom(англ.), aljazeera.com (15 June 2020). Бойгонӣ шудааст 12 ноябри 2020  сол. Проверено 14 феврали 2021.
  9. 9.0 9.1 Ratcliffe. Maria Ressa: Rappler editor found guilty of cyber libel charges in Philippines (en-GB), The Guardian (June 15, 2020). Проверено 15 июни 2020.
  10. Philippines: Maria Ressa's cyber libel verdict 'a method of silencing dissent' (en-GB), Deutsche Welle (www.dw.com) (15 июни 2020). Бойгонӣ шудааст 16 июни 2020  сол. Проверено 14 феврали 2021.
  11. Philippine cybercrime law takes effect amid protests, BBC News (October 3, 2012).
  12. Philippines: CFWIJ condemns cyber libel conviction of Maria Ressa (en-US). The Coalition For Women In Journalism (15 июни 2020). 29 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 июни 2020.
  13. US Senators Durbin, Markey, Leahy slam Ressa libel verdict(англ.). Philippine Daily Inquirer (17 June 2020). 29 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 июни 2020.
  14. Cabato. Conviction of Maria Ressa, hard-hitting Philippine American journalist, sparks condemnation, The Washington Post (June 15, 2020).
  15. Leung. Philippines Journalist Maria Ressa Released on Bail After Arrest for 'Cyber Libel'. Time (February 14, 2019). 15 феврали 2019 санҷида шуд.
  16. Gonzales. Robredo: Ressa's cyber libel conviction a threat to Filipinos' freedom(англ.). Philippine Daily Inquirer (15 June 2020). 29 июни 2020 санҷида шуд.
  17. Dancel. Court finds prominent Philippine journalist and Duterte critic Maria Ressa guilty of cyber-libel(англ.). The Straits Times (15 June 2020). 29 июни 2020 санҷида шуд.
  18. Metro News Today: Rappler's Maria Ressa among TIME's Person of the Year 2018, League Online News. Бойгонӣ шудааст 15 Декабри 2018  сол. Проверено 12 Декабри 2018.
  19. Vick, Karl. TIME Person of the Year 2018: The Guardians (December 11, 2018). Проверено 11 Декабри 2018.
  20. Maria A. Ressa | Reporters without borders. RSF (September 9, 2018). 15 июни 2020 санҷида шуд.
  21. The Nobel Peace Prize 2021